ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом зиёда аз 300 иншоот ба истифода дода мешаванд

Ноябрь 9, 2018 09:03

ДУШАНБЕ, 09.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом то имрӯз як зумра иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуданд, ки нуқтаи савдои хӯроквории «Канд-бургер», ошхонаи замонавии «Мустафо» ва мағозаи фурӯши гулҳои «Наргис» аз ҷумлаи иншооти мазкур мебошанд.

Зимнан, бунёдкориву созандагӣ дар  шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт манша мегирад. Зеро Сарвари давлат ҳамеша бо боварӣ ба иродаи қавии халқи тоҷик мардумро ба корҳои ободонӣ ҳидоят мекунанд.

Аз ҷумла, 12 майи соли равон Пешвои миллат зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат чунин иброз доштанд: «Давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳали аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад».

Ба иттилои манбаъ, дар деҳаи Сомониёни шаҳр як дорухона ва ду майдончаи футболи хурд бо маблағи зиёда аз дусад ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ба истифода дода шуданд.

«Дар маркази шаҳр як маҷмааи хизматрасонии иборат аз ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва нуқтаи шустушӯи мошинҳо ба хизмати мардум манзур гардид»,-илова намуд манбаъ.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Конибодом бунёди зиёда аз 300 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз  беш аз 50-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

 

Ноябрь 9, 2018 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад