ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар пойтахти мамлакат зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд!
ДУШАНБЕ, 13.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар пойтахт ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. То таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.
Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид ҲАКИМЗОДА дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» Рухсораи НУР иброз дошт, тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои мазкурро дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин намуда, аз натиҷаи онҳо ҳар семоҳа маълумот манзур намоянд.
Давоми 3 сол дар пойтахт даҳҳо биноҳои на камтар аз 12-ошёна бунёд мегарданд
Дар давраи солҳои 2019- 2021, яъне то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт, аз ҷумла, дар маркази шаҳр даҳҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд мегарданд.
Аз ҷумла, давоми ду сол бунёди зиёда аз 50 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар масоҳати 42 гектар бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ барои беш аз 25 ҳазор нафар аҳолӣ дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур симои пойтахтро ба куллӣ дигаргун месозад.
Тавре муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов иброз дошт, Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, аз 50 бинои дар ин мавзеъ сохташаванда 19 бинои баландошёнаи он дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешаванд.
«Биноҳои истиқоматии сохташаванда на камтар аз 12-ошёна буда, дар назди онҳо бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, мактабу боғчаҳои бачагона, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корез ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ҳамин кӯча бинои нави маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохта мешавад. Тибқи дурнамо, сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар назар аст»,- афзуд Ш. Аловуддинов.
Дар ин мавзеи сохтмонӣ ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва сабзазоркунии муҳити атроф низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Ш. Аловуддинов ҳамчунин иттилоъ дод, ки айни замон дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт сохтмони чор бинои 16-ошёна, ки аз лиҳози тарҳи меъморӣ дар шаҳр беназиранд, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда моҳи августи соли 2017 оғоз гардида, хонаҳои истиқоматии ин чор бино дар маҷмӯъ беш аз 60 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳанд, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан садҳо нафар сокинони пойтахт соҳиби манзили зист хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки 9 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо лоиҳаҳои иншооти нави дар кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо бунёдшаванда шинос гардида, ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои меъморӣ сохтани он ба масъулини сохторҳои дахлдори шаҳр ва ширкатҳои сохтмонию лоиҳакашӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Тибқи иттилои Ш. Аловуддинов, дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар маҳаллаи «Ҳаёти нав» — и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёди даҳҳо биноҳои баландошёнаи маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, аз ҷумла Маркази хизматрасонии «Душанбесити» дар назар дошта шудааст.
Дар ин мавзеъ биноҳои аз ҳама баландтарин дар пойтахт бунёд хоҳанд гашт.
Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе – яке аз иншооти калонтарин
Бояд зикр кард, ки ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони қариб 9 гектар бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе сохта мешаванд. Минтақаи мазкур дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷойгир аст. Дар ин мавзеъ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории судманд бо ширкатҳои ватанию соҳибкорони инфиродӣ асосан корхонаи коркарди пахтаву истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, коргоҳи
дӯхти либосҳои мардона, занона, кӯдакона, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти ордӣ, коркарди меваи хушк ва афшура аз мева, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодӣ, корхонаи истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, корхонаи коркарди сангҳои рангаву худҷило, корхонаи истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳоро бунёд менамоянд.
Тавре масъулин иттилоъ доданд, бо инобати талаботи аҳолӣ ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии мамлакат дар ин корхонаҳо молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол карда шуда, дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Калонтарин корхонаи дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бунёдшаванда – корхонаи коркарди пахта то ҳадди ниҳоӣ ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин мебошад, ки бо харҷи 50 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 2000 нафар соҳиби кор мешаванд. Дар маҷмӯъ, барои бунёду муҷаҳҳазгардонии 9 корхонаи нави саноатӣ сарфи қариб 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар корхонаҳои Минтақаи саноатии «Душанбе» технологияи муосири истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Германия, Италия, Белгия, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия васлу насб карда мешаванд.
Масъулони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат», «Шаҳзода», «Грин Голд», «Норд Азия Металл», «Асрори Санг», «Ноқили Талко» ва «Технологияи барқӣ ва бехатарӣ» иброз доштанд, ки марҳила ба марҳила то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои навро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.
Талаботи бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагони пойтахт пурра қонеъ мегардад
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 22 мактаби замонавӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода дода мешаванд, ки ин талаботи ноҳияҳои пойтахтро барои бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагон пурра қонеъ мегардонад.
Ёдовар мешавем, ки 9 ноябри соли равон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимии муосир шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаби нав санги асос гузоштанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2560 нафар дар ду баст дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Сино, мактаб бо 2560 ҷой дар ҳудуди тараққиёти шаҳри Душанбе, мактаб бо 2560 ҷой дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи 65 — уми ноҳияи Фирдавсӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе, Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 бо 2400 ҷой дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 бо 2400 ҷой дар ду баст дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд карда мешаванд.
Дар ин рӯз дар маҷмӯъ аз ҷониби Пешвои миллат барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаб бо 17 ҳазору 80 ҷойи нишаст санги асос гузошта шуд.
Айни ҳол дар шаҳри Душанбе бунёди боз панҷ мактаби муосири дигар идома дорад.
Дар пойтахт боз як эстакадаи сесатҳа бунёд карда мешавад
Алҳол дар доираи амалишавии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Барқароркунии роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе», дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе бунёди боз як эстакадаи сесатҳа тибқи нақша ҷараён дорад. Эстакадаи мазкур аз роҳи давродавр ва пул иборат буда, дар буриши ҳалқавии хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷой мегирад. Ҳамчунин дар қисмати шимоливу ҷанубии буриши кӯчаи Абуалӣ ибни Сино гузаргоҳҳои зеризаминӣ сохта мешаванд.
Тибқи қарордод, иншоот моҳҳои апрел – майи соли 2020 бояд мавриди истифода қарор гирад.
Тибқи иттилои менеҷери лоиҳаи мазкур Аброр Музаффаров, инчунин сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов ва таҷдиди роҳу гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи Қарияи Боло то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе дар назар аст.
Айни замон корҳо дар самти навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла, лӯлаҳои оби нӯшиданӣ ба итмом расида, гузарондани хати барқ қариб 90 дарсад иҷро шудааст.
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо биноҳои истиқоматӣ, маъмурию хизматрасонӣ, аз ҷумла дармонгоҳҳо, марказҳои фарҳангию фароғатӣ, боғу гулгашҳо бунёд мегарданд ва симои тойтахти тоҷикон-шаҳри Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир меёбад. Мардуми шарафманди тоҷик бояд ҳамеша ин гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хотир дошта бошанд: «Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дошта бошад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқии маънавии комил дорад, ки бо номи ватан ва пойтахти он- шаҳри Душанбе ифтихор кунад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад».