«ҒАЛАТҲОИ МАШҲУР». Тӯрақул Зеҳнӣ дар мақолае зери ин унвон дар бораи истифодаи нодурусти баъзе калимаҳо андешаронӣ намуда буд

Ноябрь 2, 2018 16:09

ДУШАНБЕ, 02.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои 50-ум ва ибтидои солҳои 60-ум вазъи забони адабӣ ва забони матбуот гувоҳи он гашт, ки масъулин ба поку беолоиш нигоҳ доштани он камтар аҳамият медоданд.  Бояд зикр намуд, ки таҳлилҳои зиёди он давра нишон доданд, ки дар матбуот ва умуман дар истифодаи забони адабӣ корбурди бемавқеи вожаҳои камистеъмоли арабӣ ба назар мерасад. Шояд аз ҳамин сабаб шакли ғалати баъзе калимаҳо ва ифодаҳои маҷозӣ хусусияти умумӣ пайдо карданд.  Дар ҳамон давра як гурӯҳ донишмандони тоҷик ба ин муросо карда наметавонистанд. Онҳо тавассути воситаҳои ахбори омма дар бораи ғалатҳои машҳури умумишуда бонги изтироб зада, шакли дурусти калимаҳоро фаҳмониданӣ мешуданд. Яке аз ин гуна нафарон устод Тӯрақул Зеҳнӣ буд.

Ба навиштаи номзади илмҳои филологӣ Парвин Олимова, Тӯрақул Зеҳнӣ чун олими забоншиносу адабиётшинос, фолклоршинос, луғатдону муаллифи китобҳои дарсӣ  оид ба масъалаҳои забон мақолаҳои таҳлилии худро пайваста дар матбуоти даврӣ  интишор медод. Ин донишманди нуктасанҷ соли 1958 мақолаи «Ғалатҳои машҳур»-ро дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба чоп расонда, дар бораи истифодаи нодурусти баъзе калимаҳо андешаронӣ намуда буд. Ин андешаи ӯ дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон низ моҳияти худро гум накардааст. Ҳарчанд аз навишта шудани мақолаи мазкур 60 сол сипарӣ шудааст, хонандаи тоҷик имрӯз ҳам бо мутолиаи он аз пайи ислоҳи хатоҳо гардида, баҳри тозагии забони ноби худ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад. Инак он мақоларо айнан пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Дар забони мо ғалатҳои машҳур, ҳатто аз адабиёти классикӣ сар карда, дар забони адабии имрӯзаамон давом мекунанд. Вале дар миёни ғалатҳои машҳури адабиёти классикӣ ва ҳозира фарқ бисёр аст.

Ғалатҳои машҳури дар осори классикӣ буда на аз роҳи бехабарӣ аз сохти калима ва надонистани қоидаи забон, балки аз роҳи гирифтани шаклҳои забонзадаи халқӣ, ки бисёр умумӣ, хушоянд ва шакли собитро гирифтааст, пеш омадааст.

Аммо бисёрии ғалатҳои машҳури имрӯза хоҳ дар соҳаи калимаҳои арабии азхудшуда ва хоҳ дар соҳаи калимаҳои форсӣ-тоҷикӣ, танҳо аз надонистани шаклҳои ҳақиқии калимаҳо ба вуҷуд меоянд.

Ин ҳолат бештар дар вақти аз алифбои арабӣ кӯчонидани матнҳо ба амал омадааст. Ғалатҳоро ба се қисм ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Ғалатҳои машҳуре, ки дар забони адабии классикӣ як шакли собит ва қатъиро гирифтаанд, аз ҷумла инҳоянд: қадр-қадар, киромӣ-гиромӣ, қурта-курта, китф-кифт, ҳаҷла-ҳуҷла, хидмат-хизмат, суол-савол, зубон- забон.
  2. Ғалатҳои машҳуре, ки мувофиқи талаффузи умумии халқии тоҷик як қоидаи умумиро гирифтаанд, инҳоянд:

а) пеш аз овозҳои ҳамсадои ҳалқӣ («ҳо-и» ҳуттӣ ) ва «ҳо»-и ҳавваз), инчунин пеш аз сакта  айн  ва ҳамза  садоноки «у» ба садоноки «ӯ» ва инчунин садоноки «и» ба садоноки э-е бадал шуда талаффуз карда мешаванд: иътибор-эътибор, муътабар-мӯътабар, иҳтимол-эҳтимол, муҳмал-мӯҳмал, муъҷаз-мӯъҷаз, иълон-эълон ва ҳоказоҳо.

б) сари ҳиҷои сеюми калимаҳои шакли боби муфоала, ки дар забони арабӣ бо иштироки чанд кас дар мобайн воқеашавии ҳаракату корро ифода мекунад, дар талаффузи халқии тоҷикӣ на бо забар (а), балки бо зер (и) истеъмол мегардад. Мунозара-мунозира, муомала-муомила ва ғайра…

  1. Бисёр ғалатҳои машҳур бештар баъд аз қабули алифбои нав шоеъ шудааст. Чунки касоне ки аз қоидаи забони арабӣ ва ё калимаҳои ғайримаънуси (ноошнои) форсӣ-тоҷикӣ бехабаранд, дар вақти нақли чунин матнҳо ба алифбои нав дар имло хато мекунанд.

Дар забони адабии пешазинқилобии тоҷик таркибҳои изофӣ, тавсифӣ, шаклҳои ҷамъбандии гуногуни арабӣ чунон ҳукмрон буданд, ки аз ғайри вуқуф ба қавоиди забони арабӣ хондан ва навиштан ба забони форсӣ-тоҷикӣ басе мушкил буд. Масалан, як варианти умумии мактубнависии одӣ ба таври поён буд:

«Дуову саломи билониҳоя ва паёми муштоқона аз ҷониби каминаи дерина…ба ҷаноби мустатоби киромиюлқадри…(фалонӣ) расида мафтӯҳ ва макшуф бод, ки ин ҷониб ҳама сиҳҳат ва саломат дар гузар буда, ба дуои ҷондарозии шумо субҳу шом, балки аладдавом машғулем. Баъдаҳу махфӣ мабод, ки…»

Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки дар байни халқ ҳанӯз таъбири дуову салом  ҳамчун муродифи хат, мактуб ва нома ба кор меравад. Баъдҳо, махсусан баъд аз револютсия дар матбуот дар соҳаи сода кардан ва мустақил намудани забон мубоҳисаҳои дуру дарозе ба амал омада, оқибат истиқлолияти забони тоҷикӣ таъмин карда шудааст. Яъне имконият ҳосил шудааст, ки аз ғайри донистани қавоиди забони арабӣ ба забони тоҷикӣ нависему хонем.

Шаклҳо ва таркибҳои ҳукмфармои арабӣ ба забони тоҷикӣ қисман чунин буд: масоили муҳимма, улуми мутадовила, мутамаввилини мустасмир, муаллимини макотиби ибтидоия, дакокини туҷҷория ва ғайра…

Решаи баъзеи ин калимаҳоро ба ҳоли худ гузошта, ба шакл ва таркиби тоҷикӣ дохил карда шудааст: масъалаҳои муҳим, илмҳои расмӣ, боёни истисморкунанда, муаллимони мактабҳои ибтидоӣ, дӯконҳои тиҷоратӣ ва ғайра.

Баъзе аз ин шаклҳои сохта, ҷамъбандӣ ва таркибҳои арабишакл ба таври мустасно боқӣ мондаанд: иттифоқи касаба, осори адабӣ, ҷолиби диққат (диққатрабо), ашъор, уламо, муосир, муаззам, талаба (толибон), тадқиқоти илмӣ, ташкилоти маҳаллӣ, бадеиёт, матлубот, маснуот, истеҳсолот ва ғайра.

Як қисми шаклҳои арабӣ, ки номро мефаҳмонад, бар тоҷикӣ ба иловаи феъли фармоиши шинос ба решаи арабӣ сохта шудааст. Масалан, мунаҷҷим-ситорашинос, ё ки ахтаршинос, табииёт-табиатшиносӣ ва ғайра…

Ин гуна калимасозӣ дар забони адабии классикӣ низ дучор мешавад:

Ба Рустам чунин гуфт, к-аз мӯбадон,

Ситорашиносону ҳам бихрадон.

                                            (Фирдавсӣ)

Бисёр калимаҳоро аз сабаби надонистани шаклҳои қонунии калимаҳои арабӣ ва ё имлои калимаҳои форсӣ-тоҷикӣ, ки оммавӣ нестанд, дар алифбои арабӣ ғалат хонда, онро ба алифбои нав хато нақл кардаанд ва оҳиста-оҳиста чунин хатоҳо як шакли умумиро гирифтаанд. Барои намуна якчандтои онро ин ҷо гуфта мегузарем.

Калимаи музҳика ба арабӣ хандаовар гуфтан аст ва ҳамчун сифат дар таркибҳои тавсифии арабӣ ба кор меравад. Масалан, осори музҳика-асарҳои хандаовар гуфтан аст ва рафта-рафта дар натиҷаи бехабарӣ  аз қоидаи забони арабӣ калимаи музҳикаро дар алифбои арабӣ мазҳака хонда ва ба алифбои нав ба чунин имло нақл кардаанд: Мазҳака исми макони арабӣ буда, ҷойи хандидан гуфтан аст. Бинобар ин, асарҳои хандаовар гуфтан беҳтар аст. Монанди ҳамин калимаи тазод аслан аз ғайри шадда хонда навишта шавад ҳам, вале, мутаассифона, аз тарафи баъзе адабиётшиносон бо шадда ба таври таззод талаффуз ва навишта мешавад ва ин калима қариб ба қатори ғалатҳои машҳури собит даромадааст. Тазод муродифи антоним буда, ба ҳам зид гуфтан аст. Аз ҳамин қатор аст калимаҳои муовин, мувозӣ, зарурат, муқобалат, илмӣ, тасодуф, муҳол ва афвро ба тарзи ғалат маовин, мавозӣ, зарурият, муқобилият, илмият, тасодиф, маҳол ва авф истеъмол мекунанд.

Гоҳо дар саҳифаҳои матбуот дар миёни калимаҳои нуфус ва нуфуз, ки ба маънои таъсир аст, фарқ намегузоранд.

Дар яке аз шеърҳои ҳаваскорони соҳаи шеъргӯӣ калимаи дофеъ ба маънои мудофеъ (дифоъкунанда, ҳимоянамоянда) зикр ёфтааст:

Мо дофеи ҳуқуқем…(?)

Яъне: «Мо мудофиакунандаи ҳуқуқем» гуфтан мехоҳад. Агар ба ҷойи ин «Мо ҳомии ҳуқуқем» мегуфт, бамаънӣ ва барҷаста мебаромад, зеро дофеъ исми фоили дафъ аст. Ин хато асосан аз тарафи луғатшиносон пеш омадааст, ки бар хилофи эзоҳоти луғатҳои қадим эзоҳи нодуруст кардаанд… (Луғати тоҷикӣ-русӣ, соли 1954). Калимаи дофеъ дар луғатҳои қадима дафъкунанда, дуркунанда гуфтан аст.

Дар охири ин мабҳас чунин тавсия карда мешавад, ки барои шиносо шудан ба имлои ҳақиқии калимаҳои арабӣ мутлақо қавоиди забони арабиро хондан лозим намеояд. Барои ин танҳо бодиққат хонда баромадани осори манзума ва мансураи адибони бузурги тоҷик басанда аст.

Гоҳо дар осори адабии нависандагони пешқадами имрӯза аз ғайри зарурат калимаҳои тоҷикиро ба қолаби арабӣ дохил кардан мушоҳида намуда мешавад. Масалан, калимаи зӯрро, ба ҷойи ин ки зӯракӣ ё ки базӯр гуфта шавад, зӯран оварда шудааст. Инчунин калимаи дурӯғро ба ҷойи ин ки бардурӯғ гӯянд, ба тарзи дурӯған ба кор мебаранд.

Аз ҷумла феъли рустан (рӯидан)-ро ба имлои феъли растан (раҳидан) омехта, ҳардуро растан менависанд.

Камол Айнӣ дар асари мунтахаби Носири Хусрав феълҳои растану рустанро аз ҳамдигар фарқ карда, бо имлои ҳақиқиашон навиштааст. Ҳатто дар як байт ин ду феъл аз ҳамдигар чунин фарқ карда навишта шудааст:

Зи ранҷи ту нарастам,

                         то бирустам ман,

Чӣ чизӣ, ту ки не рустию на растӣ?

Аз ҳамин қабил аст калимаҳои наздикталаффузи  супурдан (таслим додан) ва сипардан (тай кардан), навиштан (китобат кардан) ва наваштан (тай кардан, ғундоштан ва ғайра), ситудан (таъриф кардан) ва ситадан (ситондан, гирифтан) ва монанди инҳо. Дар ин бора ба мақолаи «Калимаҳои наздикталаффуз», ки дар шумораи 11-и соли 1956 дар журнали «Шарқи Сурх» бо мисолҳо ва фактҳои лозимӣ исбот карда шудааст, муроҷиат кунед.

Инчунин калимаи фароҳам дар асл ба маънои гирд, ҷамъ меояд:

Сипоҳӣ фароҳам шуд аз ҳар диёр,

Ки андеша оҷиз шудаш аз шумор.

                                            (Ҳотифӣ)

Аммо дар матбуот ин калима ба маънои таъмин, бавуҷудоӣ, ҳосилшавӣ истеъмол меёбад: «Ин қарор ҳавасмандии моддии колхозчиёнро баланд бардошта, дар мубориза барои тараққиёти иқтисодиёти онҳо шароити хуб фароҳам овард». («Тоҷикистони Советӣ», 8 декабри соли 1958). Аз ҳамин қабил хатоҳост калимаи аниқи туркӣ ҳамчун муродифи точнои русӣ ва собити арабӣ ба кор бурда мешавад ва ҳол он ки аниқ-муайян гуфтан аст ва аз ин сабаб дар грамматика аниқловчӣ-муайянкунанда гуфтан асту халос. Инчунин калимаҳои кат ва кент ва ё канд ҷузъи дуюми исмҳои хоси монанди Фаркат, Хушкат, Пискат, Банокат, Суркат, Куркат, Тошканд, Вобканд мебошад ва ҳар ду маънои деҳа, касаба ва шаҳрро ифода мекунад ва ҳар кадом ба роҳи худ асрҳои дуру дароз дар забони халқ давом карда омадааст. Халқ дар баъзе қисматҳои забон, махсусан дар исмҳои хос ғалат намекунад. Чунки асрҳои дуру дароз аз даҳан ба даҳан аз падару бобоҳояшон ба тариқи мерос истеъмол ёфта омадааст. Ҳарчанд баъзе аз инҳо бо мурури асрҳо  қисман тағйир ёфта бошанд ҳам, баъзеашон бо таъсири қоида ва имлои арабӣ ба шакли арабӣ дароварда шудаанд ва шакли собит ва қатъиро гирифтаанд: Самарканд-Самарқанд,   Чочканд-Тошканд,   Канди  бодом -Кони Бодом ва монанди инҳо.

Баъзе рафиқон дар воҳима меафтанд, ки калимаҳои растан ба ҷойи рустан, растанӣ ба ҷойи рустанӣ, Панҷакент ба ҷойи Панҷакат ва ғайра шакли собитро гирифтааст ва дигар кардани онҳо номумкин аст. Ба фикри мо, агар ин калимаҳо аз асрҳои пеш ҳамин тавр талаффуз шуда меомаданд, тағйир додани онҳоро нодуруст шуморидан мумкин буд. Ва ҳол он ки пуртарини ин калимаҳо баъд аз гузаштан аз алифбои арабӣ ба алифбои нав тағйир ёфтааст.

Агар мо аз ҳамин рӯз сар карда, пеши ин гуна ғалатҳои имлоиро нагирем, рафта-рафта аз ҳад зиёд шуда рафтанаш мумкин:

Сари чашма шояд гирифтан ба бел,

Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.

                                          (Саъдӣ)

Баъзе калимаҳо мавҷуданд, ки онҳо дар забони форсии Эрон ба таври дигар талаффуз карда мешаванд ва дар мо ба таври дигар. Масалан; калимаи пунба дар Эрон ба шакли панба талаффуз мешавад. Ва ҳол он ки дар мо, чунон ки дар калимаи пундона, пунбак дида мешавад, ба шакли пунба хонда ва навишта шавад.

Аз ҳамин қабил аст калимаи «суман», ки ба маънои гули сафеди хушбӯ буда, ғолибо ба атргул баробар меояд, дар Эрон ба шакли саман талаффуз карда ва навишта мешавад. Муаллифи мақола чунин ақида дошт, ки мумкин аст, имлои аслии ин калима ба шакли саман бошад. Вале дар як дастнависе, ки тақрибан зиёда аз 300 сол пеш дар Самарқанд навишта шудааст, ба болои ҳарфи «С»-и калимаи саман аломати пеш гузошта шудааст, пас, қаноат ҳосил шуд, ки мо ба хато нарафта будаем, илова бар ин дар миёни тоҷикони ноҳияҳои ҷанубӣ-кӯҳӣ Сумангул (ном) низ шунида мешавад.

Яке аз ғалатҳои машҳури навин калимаи «буногӯш» аст, ки буни гӯш, нармаи гӯш гуфтан аст. Мо ин калимаро ба таври баногӯш менависем ва ҳол он ки дар тарафҳои Дарвоз ба таври бунгӯш шунида мешавад. Дигар шаклҳои кӯтоҳи калимаҳои «берун», «некӯ» на ба таври бирун, никӯ, балки ба таври бурун, накӯ ва инчунин калимаи «сарсом» ба шакли сарсон, ибораи «ва ғайруҳу» ба шакли ва ғайра, калимаи «чиро» ба шакли чаро тағйир ёфта, умумият пайдо кардааст. Аз инҳо, ба фикри мо, калимаҳои баногӯш ба шакли аслӣ навишта, калимаҳои боқимонда дар сурати тағйирёфтаи худ бурун, накӯ, сарсон, чаро ва ғайра навишта шавад.

Аз ҳамин қабил аст калимаи пӯстканда, ки дар тарафҳои Фарғона, Тошканд ва ғайра пӯсткалла талаффуз карда мешавад. Вале дар  Бухоро, Самарқанд ва ноҳияҳои ҷанубӣ ба таври пӯстканда истеъмол карда мешавад. Дар осори классикӣ низ калимаи пӯстканда ба маънои ҳозирааш навишта шудааст. Низомӣ мегӯяд:

Парирӯё, ниҳон медорӣ асрор,

Сухан дар парда мегӯӣ парисор,

Чаро чун гул занӣ дар пӯст ханда,

Сухан бояд чу шаккар пӯстканда.

Ҳоло ҳозир ин қадарро басанда мешуморем ва дар атрофи ғалатҳои машҳур фикрҳои дурусти забоншиносонро ҷалб мекунем.

 

Ноябрь 2, 2018 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» доир мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Қазоқистон доир мегарданд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон зимни сайри осорхонавӣ бо таърихи миллати тоҷик шинос гардиданд
Ҳамоҳангсози миллии Чин оид ба корҳои Созмони ҳамкории Шанхай бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатрҳои Тоҷикистон бо технологияи муосир муҷаҳҳаз мегарданд
«ТАРОНАИ ШАРҚ». Дар Фестивали ХIII байналмилалӣ мусиқии суннатии тоҷик муаррифӣ мегардад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии Русия густариш меёбад
Роҳбарони хадамоти бойгонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо таъриху тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуданд
Дар Душанбе ҷаласаи XXI ҳакамони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» баргузор шуд
Вобаста ба таҳияи лоиҳаи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор шуд
Дар Британияи Кабир нахустнамоиши Осорхонаи миллӣ баргузор мешавад
Даври сеюми Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни «Зеби дастархон» ҷамъбаст мегардад