Дар Пекин шоми фарҳангии «Тоҷикистон — Россия – Чин» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази фарҳангии Россия дар Пекин бо дастгирии сафорати Россия дар Чин, Сафорати Тоҷикистон дар Чин ва Ҷамъияти дӯстии халқҳои Чин бо кишварҳои хориҷӣ шоми фарҳангии «Тоҷикистон — Россия – Чин» баргузор гардид.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин хабар доданд, дар шоми фарҳангӣ роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Арманистон, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай, аъзои Ҷамъияти дӯстии халқҳои Чин, намояндагони сафоратҳои Беларус ва Озарбойҷон, кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, олимону адибон, рӯзноманигорон, профессорҳо, муаллимон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии Пекин ширкат варзиданд.
Ба барномаи шоми мазкур, ки рӯйдоди хотирмони фарҳангӣ гардид, суханронии ходимони эҷодии Тоҷикистону Россия дохил шуда буд: шоири машҳури тоҷику рус, нависанда ва драманавис Темур Зулфиқоров, ҳунарпеша ва рассоми рус бо решаҳои чинӣ Ирина Ванн, режиссёри кино ва фарҳангшинос, сардори шуъбаи «Дебют»-и «Тоҷикфилм» Шарофат Арабова, пианинонавоз, лауреати озмунҳои байналмилалӣ Светлана Кудрявсева. Эҷодиёти онҳо меҳмонони шоми фарҳангиро мафтун намуда, таъсири мусбат бахшид.
Ба толор аксҳои рассомон Жин Синши ва Ирина Ванн ҷилои дучанд бахшиданд.
Сафири Россия дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Андрей Денисов ба рушди фаъоли робитаҳои гуманитарӣ байни кишварҳо ва густариши робитаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла дар Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳ зоҳир кард. Вай гуфт, ки соли 2019 раёсати ин созмонро Россия ба уҳда мегирад.
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода зикр кард, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин ва Россия бар асоси меъёрҳои шарикии стратегӣ ва иттиҳоди стратегӣ бунёд ёфтаанд. «Чунин намунаи ҳамкорӣ метавонад сарвати маънавии мамлакатҳои моро зиёд намуда, иттиҳоди фарҳангии байни халқҳоро тақвият диҳад. Баргузории чунин чорабиниҳо барои тақвияти ҳамкории фарҳангии байни кишварҳо дар оянда кумак мекунад», — гуфт Парвиз Давлатзода.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






