Дар пойтахти Давлати Кувайт барномаи фарҳангии ҳунармандони тоҷик баргузор гардид

Ноябрь 22, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 22.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри ба номи Абулазиз Абулризои пойтахти Давлати Кувайт барномаи фарҳангии аҳли санъат ва ҳунари тоҷик баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати расмӣ ва эҷодии Тоҷикистонро муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб роҳбарӣ намуд.

Дар барномаи фарҳангӣ раиси Шӯрои илм ва фарҳанги Давлати Кувайт Алӣ Юъҳа, муовини Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Алӣ Саид Сулаймон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва мухлисони санъату фарҳанг иштирок намуда, аз тамошои барномаи консертӣ, намоиши мусаввараҳо ва ҳунарҳои мардумии  тоҷикон дидан намуданд.

Дар ин барномаи рангини  фарҳангӣ санъат ва ҳунари тоҷикро ҳунармандони маъруф Давлатманди Хол, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Ситораи Кароматулло, Амирҷон Рӯзиев, Дамирбек Олимов ва ҳунарпешаҳои Ансамбли рақсии «Парасту» муаррифӣ намуданд.

Ёдрас мешавем, ки ҳайати мазкур баъди ба анҷом расидани сафари ҳунарӣ дар Давлати Кувайт барои иштирок дар аввалин Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар сафар намуд.

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар аз имрӯз,  22 ноябр оғоз гардида, то 28 ноябр идома меёбанд.

Ноябрь 22, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад