Дар Шуғнон мактаби нав бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 17.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30 — солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Оқмаҳмади ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 мавриди истифода қарор гирифт. Бояд зикр кард, ки дар маҷмӯъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ванқалъа 14 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд, ки 7 адади он дар замони соҳибистиқлолӣ бунёд шудаанд.
Сохтмони мактаби нави замонавӣ моҳи майи соли 2017 шурӯъ гардида, он бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ қомат афрохт. Дар корҳои сохтмонии мактаби мазкур бинокорони соҳибтаҷрибаи ҶДММ «Стар-групп» ва 25 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб гардиданд. Ин боргоҳи илму маърифат дорои 9 синфхонаи муҷҷаҳаз бо тамоми лавозимоти хониш, маҷлисгоҳ барои 60 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи омӯзгорон мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти замонавӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки муассисаи қаблӣ аз чор синфхона иборат буда, соли 1958 бунёд шудааст. Он бо гузашти замон кӯҳнаю фарсуда гардида, барои омӯзгорону хонандагон мушкилоти зиёдро пеш оварда буд. Акнун бо сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон даст дод, ки шарикони рушд дар самти бунёду навсозии иншооти соҳаи маориф дар ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузорӣ кунанд.
Бино ба маълумоти масъулин, дар маҷмӯъ дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон 56 муассисаи таълимӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 14 бинои он навсозӣ шудааст.
Зимни баромади роҳбарияти Мақмоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иброз доштанд, ки бахшида ба таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 64 иншоот бо маблағи беш аз 60 миллион сомонӣ бунёд мешаванд. Соли равон бунёди 12 иншоот ба нақша гирифта шудаааст. Аз ин теъдод айни замон 7 иншоот расман ба истифода дода шудааст.








Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад






