Даври вилоятии Фестивал-озмуни телевизионии «Андалеб-2018» бо намоиши ҳунармандони ноҳияи Шуғнон анҷом ёфт

Ноябрь 10, 2018 10:48

ХОРУҒ, 10.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Даври вилоятии  фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018», ки ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, бо ҳунарнамоии ҳаваскорони санъати ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ҷамъбаст гардид. Ин фестивал- озмун дар бинои Қасри нави фарҳанги ноҳия, ки моҳи сентябри имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, баргузор шуд.

Яке аз ҳакамони озмун Мулкамон Мамадамонов гуфт, ки «рушди соҳаи фарҳанг таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамасола бунёду навсозӣ гардидани даҳҳо иншооти соҳаи фарҳанг аз ин  гувоҳӣ медиҳад. Озмуни «Андалеб-2018» яке аз беҳтарин роҳҳои кашфи истеъдодҳо миёни мардум аст. Инро аз таҷрибаи на чандон дури халқамон дарк кардан мумкин аст. Беҳтарин ҳунармандони кишвар, ба мисли Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов, Нигина Раупова, Нуқра Раҳматова ва дигарон қадамҳои нахустини худро дар ҷодаи санъат маҳз тавассути чунин маҳфилҳо  гузошта буданд ва баъд аз он роҳи онҳо ба саҳнаҳои бузург боз гардид. Ҳадафи баргузории ин гуна маҳфилҳо пайдо кардани наврасону ҷавонони бомаҳорат ва такмил додани истеъдоди онҳо мебошад».

Низомномаи фестивал-озмуни «Андалеб-2018» қаблан ба ҳамаи бахшҳои Раёсати фарҳанг ирсол гардида буд ва ҳаваскорони санъат таҳти роҳбарии мутахассисони касбӣ ба озмун омодагӣ диданд. Мулкамон Мамадамонов аз барномаи адабӣ-мусиқии ҳунармандони мардумии ноҳияи Шуғнон, бахусус ҳунарнамоии сеторнавоз Наврӯзмоҳ Мамаднабиева, рақси якка бо номи «Себчинӣ» дар иҷрои Дилангез Саиднаимова, суруди якка бар матни Лоиқ Шералӣ дар иҷрои Замир Раҷаббеков изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки дарёфти чунин истеъдодҳои ҷавон ҳадафи аслии озмун ба шумор меравад.

Фестивал-озмуни «Андалеб-2018» бо сюитаи рақсӣ-овозии «Шукрона», ки саршор аз меҳру муббат ба Ватану миллат ва табиати афсунгари кишвар буд, анҷом пазируфт.

 

 

Ноябрь 10, 2018 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд