ДУРУД БАР ШУМО! Ба Рӯзи байналмилалии салому шодбош бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 21.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи байналмилалии салому шодбош ҳар сол 21 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Мақсади асосии он ҷалб кардани таваҷҷуҳи доираи васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъулияти муоширату муносибати инсонҳо барои ҳифзи сулҳ дар олам аст. Зеро танҳо тавассути муносибатҳои неку хайрхоҳона ва муоширати самимона метавон бисёр масъалаҳоро ҳал кард.
Ин ид ҳосили андешаҳои ду бародари амрикоӣ Майкл ва Брайен Маккомак мебошад, ки ин иқдомро дар айни авҷи ҷанги сард, дар ҷавоб ба муноқишаи байни Миср ва Исроил чун нишони эътироз ба муқобили тезутундшавиии вазъи байналмиллалӣ пеш гирифтанд.
Бародарон андешиданд, ки бояд як амали одии натиҷабахшро пеш гиранд ва ба тамоми гӯшаҳои дунё номаҳои шодбошӣ фиристоданд. Онҳо ақидаҳои худро барои пойдории сулҳ ва аз байн бурдани низоъи байналмиллалӣ ба касе бор накарданд, балки номаҳои шодбошӣ ба гӯшаҳои олам фиристода, аз соҳиби суроғаҳо хоҳиш карданд, ки онҳо низ ба касони дигар номаҳои шодбошӣ фиристанд, ҳеҷ набошад ба 10 нафари дигар.
Ин ташаббус дар беш аз 180 кишвари олам дастгирӣ ёфт. Аз он замон рӯзи байналмилалии дуруд ва шодбоширо одамони синну сол ва касбу кори гуногун- ҳам пешвоҳои сиёсӣ, ҳам магнатҳои саноатӣ ва ҳам шахсиятҳои машҳури ҷаҳон таҷлил мекунанд.
Ҳар миллату халқ суннатҳои қадимиву таърихии ба ҳамдигар салом додан ва дуруду шодбошӣ гуфтан дорад. Дар мулоқот ва баҳамоиҳои байналмилалӣ низ чун анъана одамон ба ҳамдигар хубӣ, тансиҳатӣ, барори кор ва комёбӣ орзу мекунанд. Ин аст, ки иди неки имрӯза боз як имконияти хуб барои салому алайк ва дуруду шодбошиҳои дӯстона, изҳори хурсандӣ ва бардоштани табъи ҳамдигар фароҳам овардааст. Албатта, шумо ҳам ба ин иди хубу нек метавонед шарик шавед.
Бо нусрати ассалому шодии алайк
Иди байналмилалии дуруду шодбошӣ, ки метавон онро дар забони мо иди салому алайк ҳам номид, падидаи навест дар дунё, ки аз соли 1973 ҷашн гирифта мешавад. Аммо вақте сухан дар мавзӯи фарҳанги муошират ва муносибатҳои неку хайрхоҳона ва одоби салому алайк ва фиристодани паёмҳои дуруду шодбошӣ меравад, аз таҷрибаи миллати тамаддунпарвари мо, ки асрҳои аср суннатҳои наҷиби худро дар ин ҷода доштааст, метавон фаровон истифода кард.
Мо, тоҷикон мардуми салому паём ва дуруду шодбошиҳоем. Салом дар фарҳанги тоҷикии мо маъниҳои зиёде дорад. Аввало, салом – сулҳ, оштӣ, амну амон ва осудахотирист. Сипас, салом маънои таҳийят, дуруд, таҳният ва муборакбодӣ дорад. Бад-ин маънӣ Анварӣ гӯяд:
Шуд фаромӯш маро роҳи саломат зи ғамат,
Чӣ шавад гар ба саломат дили ман шод кунӣ.
Ғановати маънавии мост, ки саломи тоҷикӣ навъҳои гунгунро илқо мекунад. Саломи хушк фақат салом дода, аҳволпурсӣ накарда, гузаштан аст. Саломи чарб меҳрубонона ё мақсаднок салом кардан мебошад. Ба ин маънӣ Ҳоқонӣ гуфтааст:
Ба саломи чарб, эй ҷон, бинавоз ҷони моро,
Ба саломи хушк хуш кун дили нотавони моро.
Салом –ун-алайк сулҳу амну амон ба ту гуфтан аст, ибораест, ки дар вақти вохӯрӣ ба ҳамдигар гуфта мешавад. Метавон шарҳи вожаи саломро дар забони муқаддаси модарии мо боз хеле идома дод. Илова ба ин метавон далелҳои зиёде дар ин мавзӯъ аз осори классикони адабиётамон, суннатҳои миллии мардумамон, ки хушбахтона, имрӯз ҳам пойдоранд, овард.
Танҳо овардани қоидаҳову одоби салом аз фарҳанги мардумии мо кофист, ки ин суханҳо собит шаванд. Дар суннатҳои одоби саломи мо муайян шудааст, ки дар кадом мавридҳо бояд салом доду дар кадом мавридҳо салом додан ҷоиз нест. Ё ин ки кӣ, кай, ба кӣ, дар кадом ҳолат бояд салом дод. Хурд ба бузург, танҳо ба ҷамъ, савора ба пиёда бояд салом диҳанд.
Дар одоби саломи мо омадааст, ки аввал шарти салом кардан ин аст, ки одам бояд пок бошад. Бо тозарӯӣ ва чеҳраи кушод, бо табассум ва нигоҳи хайрхоҳона, бо овози шунаво, нарм ва бо меҳрубонӣ салом бояд кард. Доштани рӯйи хандон ва пешонии кушода аз шартҳои аввали одоби саломи тоҷикист.
Дар одоби тоҷикии мо ҳамеша, вақте ки касе дар роҳ рӯ ба рӯ мебарояд, хоҳ шинос асту хоҳ бегона, бояд ба ӯ салом дод ва саломашро алайк гирифт. Муттаассифона, ин русуми нек имрӯз дар шаҳрҳо на ҳамеша риоя мешавад, аммо дар деҳаҳо, хушбахтона, ҳанӯз пойдор аст.
Дар шарҳи салом метавон суханҳои зиёд гуфт. Аз ҷумла: салом калиди дари ҳама меҳрубониҳо, ҳама хайрхоҳиҳо, ҳама ошноиҳо; салом калиди дари ҳалли ҳама низоъҳо ва муаммоҳост. Салом ҳамон мӯъҷизаест, ки талхро ширин, ғуссаро шодӣ, гаронро сабук, ноумедиро умед мегардонад. Салом вожаест, ки бо сеҳри худ ношиносонро шинос, нохайрхоҳонро хайрхоҳ мегардонад, зеро дар ин вожа як ҷаҳон меҳр, нур, равшанӣ муҳаббат, хайрхоҳӣ, таманноҳои неки инсонӣ, даъват ба сулҳу дӯстӣ, даъват ба осоиштагиву хушбахтӣ арза мешавад. Салом метавонад аз лаб ба лаб табассум, аз дил ба дил нишот, аз рӯ ба рӯ сурхӣ барад. Як саломи маънидор ва бамаврид метавонад кишварҳову миллатҳоро ба ҳам орад.
Ин далелҳо дар Рӯзи байналмилалии салому алайк ва ё дуруду шодбошӣ барои он оварда шуданд, то исбот шавад, ки мардуми тоҷик ба ҷону дил зотан шарики ҳамешагии ин гуна ҳаракат, яъне ҳаракати байналмилалии дуруд ва шодбошӣ буданду ҳастанд.
Боиси сарфарозист, ки бисёре аз суннатҳои неки мо дар байни мардуми соҳибхираду соҳибтамаддунамон зиндаанд ва хусусан имрӯзҳо дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ба шарофати сиёсати ватандӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон эҳёи тоза меёбанд. Миллати мо, ки аз қадим барандаи суннатҳои нек ва хайрхоҳонаву башардӯстона буд, имрӯз дар сиёсати берунаи худ бо ҳамон роҳи башардӯстонаву инсонпарваронае қадам мезанад, ки бузургони гузаштаи мо раҳнамуни он буданд. Ҳамин сабаб шудааст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз ҷониби даҳҳо кишвари дунё шинохта ва пазируфта шудаасту дар СММ пайваста бо иқдомҳои неки башардӯстона ташаббускорӣ мекунад ва ҳамчун сарзамини сулҳу нишот ва кишвари хайру амонию суннатҳои неки инсонӣ имрӯз дар ҷаҳон ном баровардааст.
Дуруд ва шодбошиҳои хайрхоҳонаи мардуми ин сарзамин ҳанӯз аз замонҳои Курӯши Кабир бо қонуни башардӯстонаи ихтироънамудааш ва баъдан бо асарҳои безаволи бузургони илму адаби ин диёр ва имрӯз бо сиёсати сулҳҷӯёнаи Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон саҳми бузурги худро дар пойдории сулҳу осоиш ва раҳнамоӣ ба ягонагиву ваҳдати башарӣ гузоштаанду мегузоранд. Муборак бод ба ҳамагон- ба мардуми тоҷик ва мардуми башар иди байналмилалии дуруд ва шодбошӣ! Салому алайк, мардуми хайрхоҳу некандеши олам! Салому алайк ба ҳама сокинони сайёраи Замин!
Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»