Эмомалӣ Раҳмон-Асосгузори давлатдории муосири тоҷик

Ноябрь 16, 2018 09:57

ДУШАНБЕ, 16.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мояи ифтихор аст, ки ҳамасола 16 ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Ногуфта намонад, ки маҳз иродаи мардум ва меҳру садоқат ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мардуми шарафманди мамлакат  аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатиро дар ҳифзу тараққии давлатдории миллӣ дарк намуда, ин рӯзро ба унвони қадрдонию сипос бо тамоми он арзишҳои баланди давлатию миллӣ ва шаҳрвандие ҷашн мегиранд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Аз ин рӯ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва сокинони озоду осудаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Таърих нишон медиҳад, ки ҳама гуна ҷомеа, чи хурду бузург ва чи тавоною заиф ниёз ба роҳбари хирадманду оқил ва доною тавоно дорад. Ҳамчунин дар оилае, ки сарвари он инсони оқилу ҳушманд аст, фарзандон инсондӯсту меҳнатқарину боодоб тарбия мешаванд. Давлате, ки бар садри худ роҳбари доною хирадманду дурандеш дорад, дар он кишвар адолати ҳақиқӣ барқарор ва пойдор мемонад.

Дар оғози ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилӣ фаро гирифта, вобаста ба қатъ гардидани робитаҳои хоҷагӣ байни корхонаҳо, аз даст додани бозорҳои анъанавии фурӯш, камбудии ҷиддии захираҳои молиявӣ,  муқовимати сиёсию ҷанги шаҳрвандӣ, набудани волоияти қонун ва муборизаи қувваҳои гуногун вазъи сиёсию иқтисодии мамлакатро мураккаб ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодиро имконнопазир намуда, ба иқтисодиёт зарари азим расонид, ки бештар аз 10 млрд. доллари  амрикоӣ баҳогузорӣ мешавад. Дар ин давра рушди  маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 67,4% коҳиш ёфта, вазъи зиндагиро мураккаб сохт.

Нақши шахсият муҳимтарин нуқта дар мавҷуд будани худи шахсият аст, ки дорои чунин сифатҳои дар боло зикршуда мебошад. Зеро таърих гувоҳ аст, ки баъзе кишварҳо дар даврони мушкилоташон ё ҷангу кашмакашиҳо бинобар надоштани роҳбари доною шуҷоъ раҳгумзада гашта, то кунун дар гирдоби ҷанганд ё тамоман ба нобудӣ расидаанд.

Аз ин нуқтаи назар, дар печидатарину ҳассостарин  лаҳзае аз таърихи давлатдории тоҷик ба майдони сиёсат ворид шудани Эмомалӣ Раҳмон барои миллати мо ҳадяи тақдир ва муваффақияти беназир аст. Зеро бо шарофати хиради давлатӣ, бебокии сиёсӣ, иродаи матин, вижагиҳои ахлоқӣ ва истеъдодҳои фардии ӯ Тоҷикистон аз хатари пора шудану ба нобудӣ расидан раҳо гашт ва дар кӯтоҳтарин муддати таърихӣ тамоми вижагиҳои давлати мустақил ва устувортарин низоми сиёсиро соҳиб гардид. Дар тӯли 27 соли истиқлолият як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навин бартараф гардида, таҳкурсии давлати соҳибихтёр гузошта шуд, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил дода шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои иқтисодии хешро дар арсаи байналмилалӣ дар асоси меъёрҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд татбиқ менамояд. Талошҳои пайгиронаи Президенти кишвар дар ин раванд пайваста ба густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд, ки ин дар давраи истиқлолияти давлатӣ эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври бесобиқа баланд бардошт.

Имрӯз Тоҷикистон на танҳо дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ, балки бо пешниҳодҳои ҷолиб ва таҷрибаи кории Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глабалӣ саҳгузор мебошад. Аз ҷумла, иқдоми дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташудаи Тоҷикистон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии об, инчунин омӯзиши сулҳу ваҳдати Тоҷикистон ва истифодаи ин таҷриба дар кишварҳои ҷангзада ва пешниҳоду ҳушдории ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба терроризм ва экстремизм, ки имрӯз ҳамчун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар гувоҳи он аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Бо мақсади фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди устувории иқтисодӣ дар кишвар бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва барномаи миёнамуҳлати рушди миллӣ барои то соли 2020 қабул гардид. Татбиқи босамари ҳуҷҷатҳои стратегӣ, барқарорсозии иқтисодиёт ва ноил шудан ба сатҳи устувории макроиқтисодӣ имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ аз 72,4 фоизи соли 2003  то ба 31 фоиз дар соли 2015 коҳиш ёбад. Дар натиҷаи ислоҳот ва дигаргунсозиҳо тамоюли рушди иқтисодӣ дар солҳои охир таъмин гардид, ки он ба муътадил шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидат намуд. Амалигардонии барномаҳои қабулгардида имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзоиш ёбад.

Имсол таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кушодашавии чархи аввали НБО «Роғун» рост омад, ки зимни он  яке аз ҳадафҳои стратегияи давлатӣ- расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ амалӣ хохад шуд. Ҳиммати волои Пешвои миллат ва иродаи мустаҳками халқи тоҷик буд, ки ин лоиҳа ба ҳақиқат табдил ёфта, Тоҷикистон ба маъвои нур мубаддал гардидааст. Бо бунёди ин неругоҳи пуриқтидор мо ба ҷаҳониён пайғоме аз нуру равшанӣ дода, ҳамватанони худро ба раҳоӣ аз асорати торикию бебарқӣ башорат медиҳем ва ҳамсоягони худро мутмаин месозем, ки ояндаи наздик мо минтақаро бо неруи сабзи арзон таъмин мекунем.

Таҷлили ин ҷашн ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, истиқлолияти комил, низоми давлатдорӣ, суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад, чунки сирашти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Пешвои миллат қалби ҳар шаҳрванди кишварамонро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо- ояндаи дурахшони давлату миллат менамояд.

Шукрулло ХАЙРЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии молия
ва иқтисоди Тоҷикистон

 

Ноябрь 16, 2018 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«НАБЗИ РОҒУН». Таҳти ин унвон китоби кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба нашр расид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»