Имрӯз дар Душанбе 110-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҷлил мешавад

Ноябрь 22, 2018 10:39

ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ» намоишгоҳ оғоз гардид.

Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ташкилкунандагони намоишгоҳи мазкур вазоратҳои корҳои хориҷӣ, фарҳанг ва Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи  Федератсияи Россия мебошанд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони Ҳукумат, Парлумон ва ходимони илму фарҳанги Тоҷикистону Россия иштирок менамоянд. Инчунин паёмҳои табрикотии президентҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба иштирокдорону меҳмонон манзур гардида, китоб–феҳрасти ёдгориҳои намоишгоҳ рӯнамоӣ карда мешавад.

Ҳамзамон дар доираи ҷамъомад ба муносибати 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров Конфронси байналмилалии  илмӣ  баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Бобоҷон Ғафуров Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мавсуф  дар рушди илму маорифи Тоҷикистон нақши бориз гузоштааст.

Бобоҷон Ғафуров дар Комиссариати халқии адлияи ҷумҳурӣ, рӯзномаи «Қизил Тожикистон» кор карда, дар мақоми котиби КМ ҲК Тоҷикистон оид ба ташвиқ ва тарғиб, котиби дуюм ва аз соли 1946  то 24 майи соли 1956  дар вазифаи нахустин котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 1942 то соли 1948 ба сифати мудири бахши таърихи Институти таърих, забон ва адабиёти шуъбаи тоҷикистонии АИ СССР ва соли 1951 аъзои ҳақиқии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд. Инчунин замоне сармуҳарририи маҷаллаи «Осиё ва Африка» — ро бар уҳда дошт.

Академик Бобоҷон Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақолаҳо оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи ҷаҳон мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун дар Деҳлӣ, Берлин, Рим, Пекин, Афина, Кобул, Париж, Варшава ва ғайраҳо бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд. Аллома Бобоҷон Ғафуров муаллифи шоҳасар ва китоби рӯимизии ҳар як хурду бузурги миллати тоҷик — «Тоҷикон» мебошад.

Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия – 8 апрели соли 1992 то имрӯз зиёда аз 200 созишномаи байнидавлатӣ ва шартномаҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Санади муҳимтарини байнидавлатӣ – Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн ба ҳисоб меравад, ки 25 майи соли 1993 ба имзо расидааст. Миёни ду кишвар робитаҳои фаъоли сиёсӣ ва алоқаҳои бевосита дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудаанд. Роҳбарони ҳарду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, инчунин зимни ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ мулоқоту вохӯриҳои зиёди судманд анҷом медиҳанд, ки зимни онҳо муҳимтарин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия ба таври мушаххас баррасӣ мегарданд.

Аз моҳи марти соли 2002 Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ- иқтисодӣ амал мекунад. Ҷаласаи охир – 15-уми  комиссияи мазкур 20 апрели соли 2018 дар шаҳри Москва баргузор гардид.

Тоҷикистон ва Россия ҳамчунин дар доираи СММ, ИДМ, СААД ва СҲШ ҳамкорӣ мекунанд.

Ноябрь 22, 2018 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд
Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд
Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид