ИТТИҲОДИ СИТОРАГОНИ ОСМОНИ ҲУНАР. Дар Фестивали байналмилалии театрӣ Аловиддин Абдуллоев сазовори ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши мардона» гардид

Ноябрь 22, 2018 13:05

ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар пойтахти Қирғизистон-шаҳри Бишкек Фестивали байналмилалии театрии «Айтматов ва театр», ки ба 90-солагии нависандаи бузург ва ходими ҷамъиятӣ Чингиз Айтматов бахшида шудааст, баргузор гардид.

Ба ҳайси узви ҳакамон дар ин фестивали калони фарҳангӣ  драманависи шинохта, мудири шуъбаи тарҷума ва робитаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато ҲАМДАМ   низ ширкат намуд. Пас аз бозгашт ӯ таассуроти худро ба мухбири АМИТ «Ховар» Ҷаҳонгир Гулмуродӣ чунин иброз дошт: «Дар ин фестивали аз лиҳози миқёс ва мазмуну мундариҷаи ғоявию бадеӣ бузург дар маҷмӯъ 18 театр аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Россия, Озарбойҷон ва Туркия ширкат варзиданд. Бояд зикр кард, ки қариб ҳамаи асарҳои Чингиз Айтматов театрикунонида шудаанд. Фестивал бори дигар собит намуд, ки эҷодиёти пурмӯҳтавои нависанда имрӯз ҳам бағоят муҳим ва ҷавобгӯи замон аст».

Дар сухани ифтитоҳӣ вазири фарҳанг, иттилоот ва туризми Қирғизистон Азамат Жаманқулов, аз ҷумла гуфт: «Барои театрҳои мо китобҳои Чингиз Айтматов барои ҳамешагӣ чун хазинаи маънавӣ боқӣ мемонанд».

Воқеан, ҳамаи намоишҳо ҷолиб, тасхиркунанда ва диданӣ буданд. Аъзои ҳакамон якдилона шоҳҷоизаро ба ҳайати эҷодии Театри давлатии миллии русии драмавии ба номи Чингиз Айтматови Қирғизистон сазовор донистанд. Тоҷикистонро дар ин Фестивал Театри вилоятии мусиқӣ-драмавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови вилояти Хатлон муаррифӣ кард. Тамошобинон ва аъзои ҳакамон спектакли ҳунарпешагони тоҷикро бо номи «Қиёмат», ки онро драматург, сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» Ҷумъа Қуддус саҳнавӣ гардонидааст, хуш пазируфтанд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловиддин Абдуллоев сазовори ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши мардона» гардид.

Фестивали байналмилалии театрии «Айтматов ва театр» иттиҳоди ҳақиқии ситорагони олами ҳунар гардид.

Ёдовар мешавем, ки оғози моҳи октябри соли равон дар шаҳри Бишкек Форуми сеюми байналмилалии Истиқкӯл ба ифтихори 90-солагии Чингиз Айтматов доир гардид. Дар форум, ки ба рӯйдоди фарҳангии миқёсан ҷаҳонӣ табдил ёфт, шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур Суруш низ иштирок ва суханронӣ намуд.

P/S. Ато Ҳамдамро ба муносибати 70-солагии зодрӯзаш  вазири фарҳанг, иттилоот ва туризми Қирғизистон Азамат Жаманқулов табрик намуд ва аз рӯи анъанаи халқии қирғизӣ ба ӯ кӯлоҳи миллӣ ва қамчин тақдим намуд.

 

Ноябрь 22, 2018 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад