МИҚДОРИ УМР. Мулоҳизаҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун дар бораи Устод Бозор Собир

Ноябрь 20, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз шоири бе гумон баландистеъдод, пайваста дар ҷустуҷӯ, бинобар ин назараш ба бисёр масъалаҳои зиндагӣ пуртазоди мо Бозор Собир 80-сола мешуд. Мулоҳизаҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор ТУРСУН дар бораи Устод Бозор СОБИР бисёр ҷолиб ва, билхосса, барои насли нави эҷодкор қобили таваҷҷуҳ ва омӯзиш хоҳанд буд…

Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як миллат, агар инсоне дорад ба ҷавдати қариҳа, шояд худодод, дар пеши вай ҳатман масъул аст. Ин гуна шахсиятҳо аз ботини хеш мураккабанд, — эшон зуд-зуд ба умқи  дунёи худ фурӯ мераванд ва албатта, на ҳар одами  муқаррарӣ метавонад аз сохту сурати  он пай барад.

Бозор низ як сиришти нодир буд, балки оламе буд пурасрор. Алоқаи мо ба ҳам мудом  дӯстона буд. Метавон гуфт, ман ӯро замиран низ хуб мешиносам, аз шебу фарози роҳи эҷодиаш то ҳадди  имкон огаҳам. Бисёр шеърҳои вай ба ман мақбуланд, муносиби ҳиссу ҳуши солиманд, гоҳо мешавад, ки баъзе аз онҳоро дубораву себора мехонам. Ҳар дафъа ҷилои тоза меояд аз ашъори ӯ, ҳар дафъа асли оламу одамро гӯё равшантар тасаввур  мекунам. Дилам дигаргуна метапад; гоҳо хушнуд шавам, гоҳо ғам мегирад маро. Зеро дарди ҷон доранд ин  шеърҳо, азоби заминиву ишқи осмонӣ доранд ин  сатрҳо… Аммо мушкил аст навиштан дар ҳаққи инсоне, ки шоири тавоно медонӣ, ба табиати нотакрораш эҳтиром мегузорӣ.

Банда солҳои дароз  рӯбарӯ ба Бозор кор кардаам. Дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ», ки то алҳол нашрияи асосии Иттифоқи нависандагон аст, мо ҳар ду дар як кабинет менишастем. Вай мудири шуъбаи назм буд, ман бори шуъбаи насрро ба дӯш мекашидам. Фарқамон дар синну сол камтар аз даҳ сол… Дар он айём, дар аҳди ҷавонӣ, ин тафовут то ҳадде назаррас менамуд.

Воқиан, он вақтҳо ман Бозорро як одами хушбахт мепиндоштам; ҳатто дар хаёлам ӯро на аз ин дунё  медонистам. Дар рафтору кирдор шахсеро мемонд, ки на тобеъ аст ба  нафаре, на фармон мегузорад ба касе, на мекӯшад бидонад худаш чӣ шоире. Ва ҳаргиз зиёда ҳам намегуфт. Фақат ба чизе машғул мешуд, ки шеърнависон овардаанд. Агар сатре бехалал, ташбеҳе нишонрас ё иборае тоза ёбад, ба муаллиф ғоибона аҳсанту офарин  мефиристод, хушнуд калла  меҷунбонд, қаҳ-қаҳ мезад. Чӣ тавре дар муҳити  мо зуд-зуд рӯй медиҳад, ба вай муҳим набуд- кист муаллиф, аз куҷост… Танҳо як шартро медонист: адабиёт сараввал истеъдод мехоҳад. Аз ин рӯ тоифаеро бо найранги маҳалгароӣ чашми дидан надошт. Қариб ҳеҷ касро ба хонаи дилаш  роҳ надода, бавиқор ва озод зиндагӣ мекард. Вале накӯкорӣ ва одамиятро аз даст намедод. Аз он ки ҳамеша ба кам соз мегирифт, ман ӯро як инсони  дар зиндагӣ аз ҳар ҷиҳат таъмин ва серу пур медонистам. Чунин қаноат аз тинати пурғанои кас гувоҳӣ медиҳад; шаҳодат аз дунёи махсус ва дастнораси нафарест, ки бе ин хислатҳо шоири бузург вуҷуд надорад. Ва нахоҳад ба майдон омад.

Чӣ тавре медонем, тарсуӣ аз қисмати мардуми ночиз аст. Ман ҳоло гарм фикр мекунам, ки Бозор аз худи ибтидо дилу гурдаи бақувват дошт. Кирдораш дар мувофиқа ба виҷдонаш зуҳур мекард ва гумон мебарам то охирин лаҳзаҳои умр ӯ дар ақидаҳои хеш устувор монд. Чунки ин ақидаҳо такя меоранд ба такопӯи дарёфти  ҳақиқат, ки инсонгароӣ ҷавҳари маҳз ҳамин чиз аст. Лекин расидан ба он сахт мушкил, қариб имкон надорад. Шоирро аз ин сабаб ҳам шоир меноманд, ки фикраш дар ҷараёни идроки ҷаҳон зуд-зуд тағйир меёбад. Имрӯз як гап мегӯяд вай, фардо — гапи дигар. Байрон, Аполлинер, Уитмен, Неруда, Есенин, Межелайтис, ки Бозор намунаи ашъори  онҳоро устодона ба тоҷикӣ гардонд, низ чунин буданд. Ҳақиқат меҷустанд, раҳгум мезаданд, аз душвориҳои расидан ба инсондӯстии  ростин ҳасрат мекарданд.

Муҳимтар аз ҳама, вай дар гуфтаҳои хеш самимӣ буд. Ҳар чӣ дар дилаш бошад, ба забон меовард. Ӯро дигар карда  намешуд, ба қолабе низ  кашидан  амрест муҳол. Ва ин хуб аст. Миқдори умр на аз он  бармеояд, ки кас чанд сол ба сар мебарад, балки дар меҳварест, ки чӣ корҳоро ба анҷом мерасонад.

Во ҳасрато, ки имрӯз устоди шеъри  муосири тоҷикро дар ҷашни камолоташ бародарвор табрик гуфта наметавонем, вале  таъкид мекунам: Бозор Собир  воқеан  шаҳрванди фавқулода  хушбахти ватан буд. Вай ба шеъри мо набзи  тоза бахшид. Пас хидмати бисёр кард!

Шоири бузурги тоҷик Лоиқ Шералӣ дар ғазале барои Бозор Собир чунин нигоштааст:

Нест коре вазнин аз кори сухан,

Нест боре сангин аз бори сухан.

Аз гули хору зи хори гул маро

Кардӣ мафтуни гулу хори сухан.

Аз хасе дарёфтӣ бӯйи касе,

Аз пари коҳе-пару боли сухан.

Эй бас озори сухан ҳам дидаӣ,

То биёбӣ сирри осори сухан.

Қадри шеър афзуд чун нарху наво

Аз туфайли ту ба бозори сухан.

Мову ту дар шоирӣ ҷон медиҳем

Оқибат дар кунҷи девори сухан.

         Саттор ТУРСУН,
      Нависандаи Халқии Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд
Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид
Соли 2024 дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид
«Телевизиони Бадахшон» ба формати пахши дақиқияташ баланд- HD гузашт
Дар шаҳри Теҳрон маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона баргузор шуд
ИСТАРАВШАН – «ОСОРХОНА ДАР ФАЗОИ КУШОД». Ва ё шаҳре, ки ба узвияти Шурои ҷаҳонии ҳунармандон пазируфта шуд
БА ДӮСТДОРОНИ КИТОБ. Дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад
«ДАРВОЗАИ НАВРӮЗ АСТ ҶАШНИ САДАИ МЕҲАН». Дар шаҳри Панҷакент ҷашни Садаро бошукуҳ таҷлил намуданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Ҷашни Сада бояд дар шаб баргузор шавад
Соли 2024 7584 сайёҳи хориҷӣ осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро тамошо кардаанд
«Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва дастрас мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ Қасри фарҳанг бунёд карда мешавад