НАҶОТИ ДУНЁ ДАР НЕКИСТ. Ба Рӯзи байналмилалии накӯкорӣ бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 13.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 1997 дар Япония ҳаракати ҷаҳонӣ барои некӯӣ ташкил дода шуд, ки ба андешаи муассисонаш, иртиботе ба ҷараёнҳои сиёсию динӣ надорад. Аввал ба он фақат намояндагони кишварҳои Уқёнуси Ором шомил буданд, баъдтар ин ҳаракат ҷараёни ҷуғрофиёи худро васеъ кард. 13 ноябр дар Токио нахустин конфронси ин ҳаракат ифтитоҳ ёфт ва ҳамин рӯз, 13 ноябр — Рӯзи байналмиллии некӯӣ эълон гардид.
Оё маънӣ ва ҳадафи ин рӯз чист? Дар изҳороти расмии ин ташкилот гуфта шудааст: “Мо мекӯшем оламе бисозем, ки фарогири некӣ ва ҳамдардии комили инсонҳо бошад”. Некӣ кардан душвор нест, аммо натиҷаи он подошҳои хубе ба шумо хоҳад овард. Дар маҷмӯъ некӣ дунёро наҷот медиҳад, халқҳоро муттаҳид месозад, зеро бунёди инсон аз он сиришта шудаасту накӯӣ дар табиати инсон ҳузур дорад. Аз ин рӯ дар дастрасии ҳар нафар аст.
Ин ид рамзи худро дорад, ки дили кушод аст. Дар рӯзи некӯӣ расм шудааст, ки ба раҳгузарони сари роҳ, ба онҳое, ки шиносанд ва ё бори аввал вомехӯранд, гул тақдим намоянд.
Рӯзи некӯӣ дар шаш қитъаи дунё ва 28 кишвар, аз ҷумла, Австралия, Бразилия, Канада, ИМА, Франсия, Ҳиндустон, Италия, Япония, Непал, Нидерландия, Зеландияи Нав, Нигерия, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ, Аморати Мутаҳидаи Араб, Бритониёи Кабир ҷашн гирифта шуда, ҳар сол кишварҳи нав ба он мепайванданд. Ҳаракат барои некӯӣ ҳар ду сол шӯрои худро интихоб мекунад.
Тоҷикон миллати некӯсириштанд
Аз хусуси он ки тоҷикон миллати некӯсириштанд, ҳоҷати сухан ва баҳс нест, зеро ҳанӯз аз замонҳои мозӣ, аз ҳазоронсолаҳои пеш тамоми зиндагиву рӯзгор, фалсафа, рӯҳияи инсонӣ, илму адаб, хулоса сиришти ин халқ дар асоси таълимоте, ки се хислати волои инсониро таҷассум ва пайгирӣ мекунанд: гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек сиришта шудаву садсолаҳо такмил ёфтааст. Тамоми маърифати гузаштагони мо, ҳадафҳои баланди рӯзгорашон пайгирӣ аз ҳамин ҳадаф ва ғояҳои баланд будааст.
Дар рӯзгори тоисломии мардуми ин сарзамин таълимоте бо номи ҷавонмардӣ машҳур ва роиҷ буд, ки низ бунёдан нек будан, некӯӣ кардан ва риояи бисёр сахт ва ҳатмии хислатҳои баланди ҷавонмардиро тақозо дошт. Мо дар ин мавзӯъ суханро ба дарозо намекашем, зеро хоҳишмандон метавонанд барои ошно шудан бо таълимоти ҷавонмардӣ, ҳеҷ набошад китоби Ҳусайн Воизи Кошифӣ “Футувватномаи султонӣ”- ро, ки ба ҳарфи сирилик интишор ёфтааст, дастрас кардаву бихонанд. Фақат ин қадр мегӯем, ки таълимоти ҷавонмардии мо дар асрҳои миёна бо номи “ритсарство” дар Аврупо паҳн гашта, дар ҷомеаи аврупоӣ ва ҷаҳонӣ мавқеи хеле баланд ёфтааст.
Имрӯз ҳам мо бисёр намунаҳои одоби ҷавонмардиро дар сиришт ва одоби халқамон дармеёбем, аз қабили дурӯғ нагуфтан, тӯҳмат накардан, хабаркаш набудан, дасти саховат доштан, дасти навозиш ба сари ятимон бурдан, даст гирифтан аз пирону бечорагон, пок будан, покиза гаштан, хушгуфтору меҳрубон будан ва ғайраҳо.
Дар ин мавзӯъ, яъне мавзӯи некиву накӯкорӣ шояд ҳеҷ халқи дигаре мисли халқи мо ин қадар расму таомулу одобу суннатҳи тарбиявии фарогир надошта бошад. Метавон даҳҳо далел аз расму оинҳои мо овард, ки ҳадафашон ҷуз накӯӣ нест. Аммо овардани як мисолро аз оинҳои наврӯзии халқамон кифоя медонем, ки ҳарфи моро комилан собит созад.
Дар қатори оинҳои зиёди наврӯзии мардуми мо оини бахшидани гуноҳон вуҷуд дорад. Дар рӯзи мубораки ҷашни Наврӯзи аҷам одамон ва ҳатто душманон гуноҳи ҳамдигарро мебахшанд ва онҳое, ки ногап буданд, ҳамгап мешаванд. Ин оин яке аз баландтарин намунаи одоби ҷавонмардӣ ва хислати наҷиби инсонист, ки чун намунаи баланди фарҳанги инсондӯстӣ ҳанӯз дар қатори оинҳои наврӯзии мо зинда аст. Ва воқеан далели ғояти баланди инсонигарӣ ва хиради беназири миллати мост.
Бад-ин сабабҳое, ки дар боло гуфтем, банда ҳатто андеша дорам, ки Рӯзи некӯӣ ё некӣ хосса дар Тоҷикистони мо бояд ҷашн гирифта шавад ва ҳатто шояд бо номи Рӯзи ҷавонмардӣ худи ҳамин рӯз ё рӯзи дигареро чун иди миллии тоҷикон ҷашн бигирем, зеро чунонки гуфтем, халқи мо беш аз дигарон ҳуқуқи маънавии соҳибӣ кардани ин ҷашнро дошта, тавассути он метавонад одоб ва ғояҳои дерини ҷавонмардии худро эҳёи тоза бахшад.
Ғояҳои некӣ ва некманишӣ дар осори классикони тоҷик
Агар гӯем, ки зербун ва бунёди адабиёти бадеии классикии моро ғояҳо, таълимот ва ҳадафҳои некиву накӯкорӣ ташкил медиҳанд, иштибоҳ нахоҳем кард. бунёди адабиёти мо бунёди некиву некигароист. Дар ҳеҷ адабиёти дигар ин қадар андарзу панднома ва раҳнамоиҳои некӣ навишта нашудаанд, ки дар адабиёти классикии мо. Аз устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Балхӣ то ба Шайх Саъдиву Хоҷа Ҳофиз дар адабиёти классикии мо шоире нест, ки бунёди эҷодиёташро ҳамин ғояҳои баланди инсонӣ, некиву хайрхоҳиву инсонпарастиву башардӯстӣ ташкил накунанд. Албатта, ҳар яке тавассути нубӯғи шоиронаи худ бо рангу нигоришҳои хосса тараннуми ғояҳои неки инсонӣ, аз ҷумла некманишӣ, адолатпарварӣ ва хайрхоҳӣ кардаанд. Чанд мисол меорем.
Аз устод Рӯдакӣ:
Накӯ гуфт муздур бо он хадеш:
Макун бад, агар бад махоҳӣ ба хеш.
Аз Ҳаким Фирдавсӣ:
Ҳама некиат бояд оғоз кард,
Чу бо некномон бувӣ ҳамнавард.
Аз Носири Хисрав:
Ҳамеша некхоҳи мардумон бош,
Ба некӣ кӯш, в-он гаҳ дар амон бош!
Аз Хоҷа Ҳофиз:
Ҳофиз ниҳоди неки ту қомат бароварад,
Ҷонҳо фидои мардуми некӯниҳод бод!
Агар мо овардани иқтибосҳоро идома диҳем, бояд анқриб тамоми осори классиконамонро мисол оварем. Ва агар онҳоро шарҳ диҳем, ҷилд-ҷилд рисолаҳое дар мавзӯи некӣ ва фалсафаи некӣ бояд иншо кунем, зеро маводи ин мавзӯъ дар осори классикони мо хеле зиёд аст.
Далели дигар ин аст, ки дар забони миллати нексиришти мо вожаи некӣ тобишҳои маъноии зиёде мегирад ва ин мавзӯъ метавонад мавзӯи пажӯҳиши алоҳида бошад. Бубинед, аз ин вожа бо андаке тағйир боз чӣ тобишҳои дигари маънавӣ ҷило медиҳанд: некандеш – одами хайрхоҳ; неканҷом — одами некоқибат; некахтар — инсони хушбахт; некдил – шахси хайрхоҳ; некмаҳзар — марди хушхӯ; некном – шахси бо корҳои нек машҳуршуда, бузургворӣ; некпай – инсони хушқадам; некрав – одами хушрафтор; некрой — шахси хайрхоҳ; некрӯ — соҳиби рӯйи зебо; некрӯз – одами саодатманд; нексигол- одами хайрхоҳ; нексират – одами неахлоқ; некфан – шахси донишманд ва бад-ин минвол метавон хеле давом дод: некфарҷом, некхоҳ, некхӯ, некӯниҳод, некӯравиш, некӯсухан, некӯсияр, некӯхат, некӯхисол ва ғайраву ғайраҳо.
Боз мегардем ба таҷлили рӯзи некӯӣ.
Некӯӣ-гарави тансиҳатист
Чунон ки равоншиносон бовар мекунонанд, хубӣ кардан ба одамон бе подош нест. Таҳқиқот муайян намудаанд, ки одамони машғул ба корҳои нек ва накӯкор камтар гирифтори бемориҳо гардида, умри дарозтар мебинанд. Ва дар барбари ин худро нисбат ба одамоне, ки бештар гирифтори қаҳру ғазаб ҳастанд, хушбахттар эҳсос мекунанд.
Ба ҷуз ин, одамони нек садамаҳои асабӣ ва эҳсосоти мағшушро осонтар пушти сар мекунанд, онҳо аз муносибатҳои беадолатонаи атроф камтар меранҷанд, бо одамони дигар зуд унс мегиранд.
Чӣ бояд кард, ки нектар бошӣ
Панҷ маслиҳати муфид
- Идора кардани қаҳри худро биомӯзед. Дар ёд дошта бошед, ки танҳо шумо метавонед дар ин лаҳза ҳадду ҳудуди эҳсосатонро муайян намоед. Барои идора кардани қаҳри худ ба шумо андеша ё таҳлили ҳолати ба вуҷудомада кумак мерасонад. Аз худ бипурсед, ки ҳоло ман чӣ эҳсос дорам ва чаро маҳз чунин эҳсос дорам. Вақте ки шумо ҳолати худро воқеан тасвир кардаву баҳо дода метавонед, худ аз худ ором мешавед ва қаҳр фурӯ менишинад.
- Дар худ эҳсоси хайрхоҳӣ ба дигаронро равнақ диҳед. Бикӯшед, эҳсосоти шахси дигарро дар ҳолатҳои гуногун дарк кунед. Тасаввур кунед, ки чӣ эҳсосеро дар ҳолати мазкур ӯ метавонад аз сар гузаронад. Кӯшиш кунед, ки худро ба ҷои ӯ гузоред.
- Ҳар бегоҳ рӯзи худро ҷамъбасти мусбат бубахшед. Се нафареро ба ёд оред, ки бо коре ё рафторе ба шумо ёрӣ расониданд. Ҳамчунин се рӯйдодеро, ки барои шумо гуворо буданду ба шумо хурсандӣ оварданд, ба ёд оред. Бовар кунед, ки дар ҳар рӯзатон чизе шабеҳи ин ҳаст. Тадриҷан шумо ба беэътибории бадиҳову мушоҳидаи хубиҳо одат мекунед.
- Бо дигарон хушгӯӣ кунед. Агар ҳамкоратон бо пероҳани нави зебо ба кор омад, аз ин хусус ба ӯ бигӯед, охир ин чандон душвор нест. Зердастонро барои кори хуби имрӯзаашон таъриф кунед, кор боз беҳтар пеш меравад. Муҳимаш хушгӯиҳои шумо самимона бошанд. Ба одамон аз хусуси хидматҳое, ки шумо ба он бовар надоред, сухан накунед, таъриф он чиро кунед, ки воқеан мақбули шумост. Аммо аз ибрози суханҳои хуб ба унвони худ низ фаромӯш накунед, ин бисёр муҳим аст. Аз хусуси тарафҳои қавии неруи худ ҳам ба худ ёдовар шавед.
- Бикӯшед дар иҳотаи одамони хуб бошед. Албатта, мо гоҳе бо нохушиҳо аз ҷониби атрофиёнамон рӯ ба рӯ меоем. Ба манфиат мебуд, агар шумо таъсир нагирифтан аз зуҳуроти манфиро биомӯзед. Беҳтараш чунин шахсонро аз доираи мубоширати худ берун намоед.
Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»