Ортиқи Қодир: «Марги Кароматулло барои мо сабақест, ки бояд дурдонаҳои худро ҳифз кунем»
ДУШАНБЕ, 29.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо гузашти 26 сол аз марги овозхони маъруф Кароматулло Қурбонов ҳанӯз ҳам садову суруди ӯ дар дили мухлисонаш боқист. Имрӯз пиру ҷавон таронаҳои ин сарояндаи маҳбубро гӯш мекунанд ва афсӯс аз он мехӯранд, ки ӯ дар қайди ҳаёт нест. Наздикону пайвандони Кароматулло Қурбонов доимо аз ӯ ба хушӣ ёдовар мешаванд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир, ки яке аз дӯстони наздики Кароматулло Қурбонов ба шумор меравад, зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» чанд хотираи некашро аз ҳаёту фаъолияти ин сарояндаи хушовоз баён дошт. Ӯ гуфт:
-Бо Кароматулло Қурбонов дар оғози солҳои 80 – ум, ҳангоми дар ансамбли «Суғдиён» фаъолият карданаш шинос шудам. Овозхони ҷавону хушсадо аввалин таронаҳои марғубу дилнишинашро ба ҳаводорони савту наво манзур мекард. Мо дар чандин маҳфилҳо бо ҳам иштирок доштем. Бо тақозои қисмат мо бо ҳам ҳамсоя шудем ва рафтуоямон бештар гардид. Аз Кароматулло Қурбонов хотироти неке боқӣ мондаанд, ки қисмате аз онҳоро дар китоби худ бо унвони «Ёди ту оташест» рӯи саҳфа овардам.
Кароматулло Қурбонов эҷодкори ҳақиқӣ буд. Ӯ воқеан ҳам дар ҷустуҷӯ буд. Ҳатто аз овозҳое, ки дар табиат ба гӯш мерасанд: шир- шири дарёву чашмасорон ва хониши парандагон илҳом мегирифт, оҳанг меҷуст. Бештар ба сабки ҳиндиву афғонӣ муҳаббат дошт. Аҷиб он буд, ки сабки ҳиндиву афғониро бо арзишҳои мусиқии суннатии мо омезиш медод. Устодони худ овозхони ҳинд Муҳаммадрафӣ ва ситораи шарқ Аҳмад Зоҳирро ҳисоб мекард. Кӯшиш мекард, ки дар пайравии онҳо эҷод кунад, роҳу услуби онҳоро истифода намояду мактабу равияи худро бунёд кунад. Ӯ воқеан ҳам дар ҷодаи санъат комёбу муваффақ буд.
Баъзе вақтҳо ҳамроҳ ба маҳаллаҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон сафар мекардем, медидам, ки чӣ қадар мардум эҳтиромаш мекарданду дӯсташ медоштанд. Дар бисёр ҷо мардум аз эҳтироми зиёд пеши пояш пойандоз меандохтанд. Ӯ шахси наҷиб буд, зеро ҳамеша мехост ба мардум хизмат кунад. Агар ба маҳфиле даъват мешуду банди кори дигар мебуд, ҳатман кори худашро ба рӯзи дигар мегузошт ва барои ҳаводоронаш хизмат мекард. Дар роҳи ҳунар фидоӣ буд. Ҳатто соати сеи шаб ба манзили Кароматулло мерафтему ӯро дар ҳолати корӣ дармеёфтем. Дар бисёр ҳолатҳо агар оҳангеро эҷод мекард, мувофиқи он матн ҷустуҷӯ менамуд. Агар пайдо намекард, ба ягон шоир муроҷиат мекард ва якҷоя он матнро мукаммал месохтанд.
Хулоса, ки зиндагиномаи Кароматулло Қурбонов ва талошҳояш барои насли имрӯз дарс аст. Ҳар қадаре, ки мардум дӯсташ медоштанду эҳтиромаш мекарданд, ҳар қадаре ки маҳбубтар мегашт, ҳамон андоза хоксор буд.
Бисёриҳо моро бо ҳам монанд мекарданд ва ҳар вақте ки ба назди модараш мерафтем, Кароматулло «оча, бачаат омад», гуфта, ба тарафи ман ишора мекард.
Имрӯз мактаби ҳунарии Кароматулло Қурбонов побарҷост ва бисёр ҳунармандон дар равияи Кароматулло сурудхонӣ мекунанд. Аз ҷумла, писараш Муҳаммадрафӣ, духтараш Нозия рӯҳи падарро шод месозанд. Умри нотамоми падарро дар худ таҷассум месозанд. Дар ин мактаб як зумра ҳунармандон ба камол расиданд, инҳо Парвиз Пӯлодӣ, Садриддини Наҷмиддин, Суҳроби Маҳмуд, Олими Маҳмуд, Ҷамшед Низомов ва дигар ҳунармандонанд, ки бо сабки ӯ ҳунарнамоӣ мекунанд ва сурудҳояшон ба мардум хеле писанданд.
Сурудҳои Кароматулло дар ҳама ҳолат-ҳам дар вақти хурсандӣ ва ҳам ғаму дард ба шунавандагон таскин мебахшанд.
Охирин ҳунарнамоии Кароматулло дар анҷумани якуми тоҷикон, дар солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар «Кохи Борбад» доир гашта буд. Ӯ дар авҷи парвози ҳунар қарор дошт, агар зинда мебуд, ин мактаби ҳунарӣ хеле камолот меёфт. Агар ӯ зинда мебуд, ба он ормонҳое, ки дошт ва мехост аз Аҳмад Зоҳиру Муҳаммадрафӣ баландтар парвозҳо кунад, албатта, мерасид. Вале сад афсӯс, ки ин ҳунарманди тавоно, фидоии роҳи санъат, ҷавони соҳибистеъдодро мо хеле барвақт аз даст додем.
Ҷанозаи Кароматулло Қурбонов як фоҷиаи бузурге буд, ки ҳеҷ вақт аз ёдам намеравад. Марги ӯ мотами тамоми миллат буд, ҳатто миллатҳои ғайр дар рӯзи марги Кароматулло мегиристанду афсӯс мехӯрданд. Марги ӯ барои мо сабақ аст, ки дурдонаҳои худро ҳифз кунему ба қадрашон расем. Зеро онҳо таърих, фарҳанг ва санъати мо ба шумор мераванд.
Вақте Кароматулло мегӯем, Абдураҳмон- найнавози беҳтарин, ё Фарид- беҳтарин навозандаи асбобҳои нафасӣ ва ё Ҷамолиддин, ҷиянаш, ки ровии базмҳо буд пеши назар меоянд, зеро ҳамаи онҳо ҷавонмарг шуданд. Рӯҳашон шод бод. Барои он ки хотираи онҳо шод бошад, насли ҷавони ҳунармандони мо бояд ба касбу ҳунари худ содиқ бошанд, бегонапарастӣ накунанд, ба фарҳанги бегонае, ки гоҳо зиёновар аст, рӯ наоранд. Арзишҳои мусиқии миллӣ, мусиқии суннатии тоҷикро гиромӣ доранд ва аз равзанаи нангу номусу ифтихори миллӣ суруду оҳангҳо эҷод кунанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»








«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд
Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд
Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид






