Ортиқи Қодир: «Марги Кароматулло барои мо сабақест, ки бояд дурдонаҳои худро ҳифз кунем»

Ноябрь 29, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 29.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо гузашти 26 сол аз марги овозхони маъруф Кароматулло Қурбонов ҳанӯз ҳам садову суруди  ӯ дар дили мухлисонаш боқист. Имрӯз пиру ҷавон таронаҳои ин сарояндаи маҳбубро гӯш мекунанд ва афсӯс аз он мехӯранд, ки ӯ дар қайди ҳаёт нест. Наздикону пайвандони Кароматулло Қурбонов доимо аз ӯ ба хушӣ ёдовар мешаванд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир, ки яке аз дӯстони наздики Кароматулло Қурбонов ба шумор меравад,  зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» чанд хотираи некашро аз ҳаёту фаъолияти ин сарояндаи хушовоз  баён дошт. Ӯ гуфт:

-Бо Кароматулло Қурбонов дар оғози солҳои 80 – ум, ҳангоми дар ансамбли «Суғдиён» фаъолият карданаш шинос шудам. Овозхони ҷавону хушсадо аввалин таронаҳои марғубу дилнишинашро ба ҳаводорони савту наво манзур мекард. Мо дар чандин маҳфилҳо бо ҳам иштирок доштем. Бо тақозои қисмат мо бо ҳам ҳамсоя шудем ва рафтуоямон бештар гардид. Аз Кароматулло Қурбонов хотироти неке боқӣ мондаанд, ки қисмате аз онҳоро дар китоби худ бо унвони «Ёди ту оташест» рӯи саҳфа овардам.

Кароматулло Қурбонов эҷодкори ҳақиқӣ буд. Ӯ воқеан ҳам дар ҷустуҷӯ буд. Ҳатто аз овозҳое, ки дар табиат ба гӯш мерасанд: шир- шири дарёву чашмасорон ва хониши парандагон илҳом мегирифт, оҳанг меҷуст. Бештар ба сабки ҳиндиву афғонӣ муҳаббат дошт. Аҷиб он буд, ки сабки ҳиндиву афғониро бо арзишҳои мусиқии суннатии мо омезиш медод. Устодони худ овозхони ҳинд Муҳаммадрафӣ ва ситораи шарқ Аҳмад Зоҳирро ҳисоб мекард. Кӯшиш мекард, ки дар пайравии онҳо эҷод кунад, роҳу услуби онҳоро истифода намояду мактабу равияи худро бунёд кунад. Ӯ воқеан ҳам дар ҷодаи санъат комёбу муваффақ буд.

Баъзе вақтҳо ҳамроҳ ба маҳаллаҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон сафар мекардем, медидам, ки чӣ қадар мардум эҳтиромаш мекарданду дӯсташ медоштанд. Дар бисёр ҷо мардум аз эҳтироми зиёд пеши пояш пойандоз меандохтанд. Ӯ шахси наҷиб буд, зеро ҳамеша мехост ба мардум хизмат кунад. Агар ба маҳфиле даъват мешуду банди кори дигар мебуд, ҳатман кори худашро ба рӯзи дигар мегузошт ва барои ҳаводоронаш хизмат мекард. Дар роҳи ҳунар фидоӣ буд. Ҳатто соати сеи шаб ба манзили Кароматулло мерафтему ӯро дар ҳолати корӣ дармеёфтем. Дар бисёр ҳолатҳо агар оҳангеро эҷод мекард, мувофиқи он матн ҷустуҷӯ менамуд. Агар пайдо намекард, ба ягон шоир муроҷиат мекард ва якҷоя он матнро мукаммал месохтанд.

Хулоса, ки зиндагиномаи Кароматулло Қурбонов ва талошҳояш барои насли имрӯз дарс аст. Ҳар қадаре, ки мардум дӯсташ медоштанду эҳтиромаш мекарданд, ҳар қадаре ки маҳбубтар мегашт, ҳамон андоза хоксор буд.

Бисёриҳо моро бо ҳам монанд мекарданд ва ҳар вақте ки ба назди модараш мерафтем, Кароматулло «оча, бачаат омад», гуфта, ба тарафи ман ишора мекард.

Имрӯз мактаби ҳунарии Кароматулло Қурбонов побарҷост ва бисёр ҳунармандон дар равияи Кароматулло сурудхонӣ мекунанд. Аз ҷумла, писараш Муҳаммадрафӣ, духтараш Нозия рӯҳи падарро шод месозанд. Умри нотамоми падарро дар худ таҷассум месозанд. Дар ин мактаб як зумра ҳунармандон ба камол расиданд, инҳо Парвиз Пӯлодӣ, Садриддини Наҷмиддин, Суҳроби Маҳмуд, Олими Маҳмуд, Ҷамшед Низомов ва дигар ҳунармандонанд, ки бо сабки ӯ ҳунарнамоӣ мекунанд ва сурудҳояшон ба мардум хеле писанданд.

Сурудҳои Кароматулло дар ҳама ҳолат-ҳам дар вақти хурсандӣ ва ҳам ғаму дард ба шунавандагон таскин мебахшанд.

Охирин ҳунарнамоии Кароматулло дар анҷумани якуми тоҷикон, дар солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар «Кохи Борбад» доир гашта  буд. Ӯ дар авҷи парвози ҳунар қарор дошт, агар зинда мебуд, ин мактаби ҳунарӣ хеле камолот меёфт. Агар ӯ зинда мебуд, ба он ормонҳое, ки дошт ва мехост аз Аҳмад Зоҳиру Муҳаммадрафӣ баландтар парвозҳо кунад, албатта, мерасид. Вале сад афсӯс, ки ин ҳунарманди тавоно, фидоии роҳи санъат, ҷавони соҳибистеъдодро мо хеле барвақт аз даст додем.

Ҷанозаи Кароматулло Қурбонов як фоҷиаи бузурге буд, ки ҳеҷ вақт аз ёдам намеравад. Марги ӯ мотами тамоми миллат буд, ҳатто миллатҳои ғайр дар рӯзи марги Кароматулло мегиристанду афсӯс мехӯрданд. Марги ӯ барои мо сабақ аст, ки дурдонаҳои худро ҳифз кунему ба қадрашон расем. Зеро онҳо таърих, фарҳанг ва санъати мо ба шумор мераванд.

Вақте Кароматулло мегӯем, Абдураҳмон- найнавози беҳтарин, ё Фарид- беҳтарин навозандаи асбобҳои нафасӣ ва ё Ҷамолиддин, ҷиянаш, ки ровии базмҳо буд пеши назар меоянд, зеро ҳамаи онҳо ҷавонмарг шуданд. Рӯҳашон шод бод. Барои он ки хотираи онҳо шод бошад, насли ҷавони ҳунармандони мо бояд ба касбу ҳунари худ содиқ бошанд, бегонапарастӣ накунанд, ба фарҳанги бегонае, ки гоҳо зиёновар аст, рӯ наоранд. Арзишҳои мусиқии миллӣ, мусиқии суннатии тоҷикро гиромӣ доранд ва аз равзанаи нангу номусу ифтихори миллӣ суруду оҳангҳо эҷод кунанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 29, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ Фестивал-симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
Қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam-2024» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
Дар Тоҷикистон марҳилаи нави корҳои бостоншиносӣ оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали мӯд баргузор гардид
«ДИЛНАВИШТА». Таҳти чунин унвон маҳфили эҷодии Ибодулло Машраб баргузор гардид
«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд