Раиси нави Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон интихоб шуд

Ноябрь 10, 2018 11:20

ДУШАНБЕ, 10.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9  ноябр дар Душанбе Анҷумани суратгирони Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори Анҷуман  мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода иштирок намуд. ­Пеш аз оғози Анҷуман суратҳои аксбардорони собиқадор Геннадий Ратушенко ва Сафарбек Фозилов аз давраи Шӯравӣ ва Истиқлолияти ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.

Дар анҷуман­ масъалаҳои интихоби раиси нави иттифоқ,  интихоби раёсат ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Нахуст раиси Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон Геннадий Ратушенко оид ба кори иттифоқ ва муваффақиятҳои он иттилоъ дод. Ӯ дар бораи намоишҳои суратҳо дар дохил ва хориҷи кишвар нақл намуд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода аз номи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирокдорони Анҷуманро табрик гуфта, иброз дошт, ки Иттифоқи суратгирон бо бинои худ таъмин гардида, аъзои иттифоқ муттаҳид шуда, минбаъд корро бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷоннок менамоянд.

Муҳиддин Пайшанбезода таваҷҷуҳи аъзои иттифоқро ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, зикр дошт, ки суратгирони ҷумҳурӣ бо силсиланамоишҳои худ дар ҳама соҳаҳо- иқтисодиёт, иҷтимоиёт, туризм ва ғайра  бо аксҳои зебову ҷолиб бояд Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Ӯ ҳамчунин ба мардони ҳунар- аксбардорони собиқадори кишвар, аз ҷумла Геннадий Ратушенко, Заур Дахте, Мақсудҷон Муҳиддинҷонов, Сафарбек Фозилов, Маҳмадюсуф Юнусов, Тӯхтамурод Рӯзиев ва дигарон барои фаъолияти пурсамар дар пешрафти кишвар изҳори миннатдорӣ намуд.

Иштирокдорони анҷуман якдилона раиси нави Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон ва аъзои раёсати онро интихоб намуданд. Раиси нави Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон Аминҷон Азимов интихоб шуд.

Дар анҷуман аъзои иттифоқ таклифҳои ҷолиби худро пешниҳод намуданд.

Ноябрь 10, 2018 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода