«РОҒУН – АХТАРИ ТОБОНИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин ном дар Душанбе китоби нав ба чоп расид, ки дар он таърихи бунёди НБО «Роғун», аҳамият ва манфиати он барои кишвари мо ва тамоми минтақа тавзеҳ дода мешавад

Ноябрь 15, 2018 10:07

ДУШАНБЕ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Роғун –ахтари тобони Тоҷикистон»- таҳти ин унвон китоби раиси Кумитаи ҷумҳуриявии итттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Аслиддин Назарзода ба нашр расид, ки дар он мухтасари таърихи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», аҳамият ва манфиати он барои кишвари мо ва тамоми минтақа, инчунин нишондиҳандаҳои асосии техникии ин иншооти таърихӣ шарҳу тавзеҳ дода мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон ЁДГОРӢ хабар дод.

Дар рисола саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бунёди ин кохи нури мамлакат  махсусан зикр шудааст.

«Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дар маҷмӯъ рушди соҳаи энергетика ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зич вобаста аст. Баъд аз интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ, 18 ноябри соли 2006,  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикиро дар қатори вазифаҳои аввалин ва ҳадафи муҳими стратегӣ дар ҳафт соли наздик  маънидод сохта, аз ҷумла, зикр намуда буданд: «Ҷиҳати  пурра таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи неруи барқ дар Осиё ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии  молиявӣ вусъат дода шуда,  силсилаи неругоҳҳои  барқи обии хурду бузург ва хатҳои баландшиддати  интиқоли барқ ба хориҷи кишвар бунёд мегарданд…»- омадааст дар сарсухани итоби «Роғун-ахтари тобони Тоҷикистон».

Дар бобе, ки ба таърихи мухтасар ва зарурати бунёди НБО-и Роғун бахшида шудааст, дар бораи дар Харитаи захираҳои обиву энергетикии Тоҷикистон, ки дар асоси аввалин тадқиқҳои ҷуғрофии олимони Иттиҳоди Шӯравӣ  соли 1932 аз тарафи И.Караулов таҳия гардидааст, дар мавзеи Роғун имкони бунёди ин иншоот бо номи «НБО-и Сичароғ» ишора меравад.

Дар боби «Истиқлолият ва Роғун» гуфта шудааст, ки дар Конфронси дуввум оид ба фурӯши неруи барқ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки  27 октябри соли 2006 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор карданд, ки мо тасмим гирифтаем аз соли 2007 сохтмони ин неругоҳро бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ шурӯъ намоем ва вусъат бахшем.

Бобҳои «Андешаҳои мутахассисон дар бораи Роғун» ва «Феҳристи мухтасари санаҳои муҳим ва эҳёи сохтмони НБО-и Роғун» низ хеле ҷолиб буда, ба хонанда дар бораи ин иншооти таърихӣ маълумоти дақиқ дастрас месозанд.

Китоби «Роғун-ахтари тобони Тоҷикистон» бо теъдоди калон нашр шуда, барои омӯзиш дар ташкилотҳои иттифоқи касаба, корхонаву муассисаҳо ва оммаи васеи хонандагон тавсия мегардад.

Ноябрь 15, 2018 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«НАБЗИ РОҒУН». Таҳти ин унвон китоби кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба нашр расид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»