Суханронии Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ба кор андохтани агрегати якуми НБО “Роғун”

Ноябрь 16, 2018 19:20

ДУШАНБЕ, 16.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер иштирок ва суханронӣ намуд. Матни пурраи суханронӣ дар зер оварда мешавад:

“Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,

Муҳтарам ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ҳамкорон, хонумон ва ҷанобони арҷманд,

Лаҳзаҳое вуҷуд доранд, ки дар он биниш ва азму ирода заминаро барои татбиқи лоиҳаҳои таҳаввулофарин фароҳам меоваранд. Имрӯз мо шоҳиди чунин лаҳза ҳастем. Бо роҳандозии аввалин чархаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун кишвар ба иҷрои ваъдаи ба мардуми шаҳру деҳоти дурдаст, ба соҳибкорони маҳаллӣ, мактабу шифохонаҳо додаро оғоз менамояд, яъне (i) нерӯи барқи арзон ва барқароршаванда метавонад мунтазам таъмин гардад, (ii) содироти нерӯи барқ ба роҳ монда шавад, ки даромад аз он ба Ҳукумат дар маблағгузории сармоягузориҳои ҳаётан муҳим ба сармояи инсон кӯмак мерасонад. Он дар навбати худ ба таҳаввули иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намуда, заминаро барои ояндаи шукуфон фароҳам меоварад.

Дар пасманзари таърихи дуру дарози қатъи нерӯи барқ, бахусус дар давоми моҳҳои сарди зимистон, бахши энергетикаи Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Айни замон сармоягузориҳои мо дар бахши мазкур 415 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Маблағи мазкур ба дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар самти (i) барқарорсозии НБО-и Норак; (ii) беҳтар намудани имконияти содироти нерӯи барқи зиёдатӣ тавассути шабакаи интиқоли барқи CASA-1000 ба бозорҳои ҳамсоя дар Осиёи Ҷанубӣ; ва (iii) амалисозии ислоҳоти нисбатан васеъ дар бахши энергетикӣ равона шудааст. Бо мақсади таъмини устувории бахш, бартарафсозии таҷрибаи интиқоли нерӯи барқ аз рӯи меъёр ва мунтазам таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаҳо бо нерӯи барқ, мо дар якҷоягӣ нисбати барномаи мазкур ба мувофиқа омадем.

Бонки ҷаҳонӣ гузаронидани Тадқиқоти баҳодиҳии НБО-и Роғунро дар соли 2014 маблағгузорӣ намуд. Тибқи хулосаҳои тадқиқот НБО-и Роғун дорои зарфиятҳои зерин мебошад: (i) роҳнамоии Тоҷикистон дар самти рушди фарогир ва устувор; (ii) истифодаи он ҳамчун асос барои бозори минтақавии нерӯи барқ, ки Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Шарқиро фаро мегирад ва (iii) мусоидат ба ҳамкорӣ байни кишварҳои ҳамсоя дар ҳалли масъалаҳои муҳимми минтақавӣ, аз қабили идоракунии захираҳои об дар тамоми ҳавзаи Амударё.   Дар ҳоле, ки Бонки ҷаҳонӣ маблағгузори лоиҳаи инвеститсионии НБО-и Роғун намебошад, тадқиқоти мо нишон медиҳанд, ки пас аз ба итмом расонидани сохтмон, он дорои имконияти баланд бардоштани бехатарии тамоми силсилаи нерӯгоҳҳои дар дарёи Вахш қарордошта мебошад ва бо бартараф намудани мушкилии таҳшинҳо муҳлати истифодабарии НБО-и Норакро тақрибан ба сад сол зиёд мекунад.

Зоҳиран лоиҳаи дорои чунин аҳамият ва ҳаҷм бо мушкилиҳои хусусияти техникӣ, иқтисодӣ ё сиёсидошта рӯ ба рӯ мешавад. Яке аз чунин мушкилот, ки татбиқи лоиҳаро ба муддати тулонӣдар ҳолати номуайян гузошта буд, бо шарофати Шумо, ҷаноби Президент, ҳалли худро пайдо намуд. Ман  барқароршавии таърихии муносибатҳои дӯстии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар назар дорам, ки ташрифи дурӯзаи Президент Мирзиёев ба Душанбе моҳи март онро собит менамояд.Дарвоқеъ, дар вохӯриҳои бо Шумо дар гузашта доштаам Шумо якчанд бор таъкид намуда будед, ки муносибаҳои байни ду кишвар беҳтар хоҳанд шуд.

Барои таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ аз ҳисоби сармоягузориҳои НБО-и Роғун, Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст томаблағгузории НБО-и Роғунро ба барномаи умумии ислоҳоти иқтисодӣ ва сохтори муносиби макрофискалӣ дохил намояд. Барои таъмини маблағгузории НБО-и Роғун ва дигар хароҷоти афзалиятнок афзундиҳии даромадҳои буҷетӣ зарур мебошад. Бо дарназардошти таваҷҷуҳи зоҳирнамудаи кишварҳои ҳамсоя ба нерӯ ва дигар маҳсулот ва хизматрасониҳои “истеҳсоли Тоҷикистон”, Ҳукумат дорои имконияти хуби вусъатдиҳии манбаи андоз мебошад. Барои ин Ҳукумат дар ҳавасмандкунии соҳибкорон ҷиҳати афзоиши сармоягузорӣ, суръат бахшидани навовариҳо ва таъсиси ҷойҳои нави баландсифат барои аҳолии ҷавони Тоҷикистон, бояд муваффақ гардад.

Ҷаноби Президент, агар дар баробари амалисозии лоиҳаи инвеститсионии НБО-и Роғун тадбирҳои сиёсат оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ андешида шаванд, ин имконият медиҳад то ки эътимоди сармоягузорон нисбати муваффақшавии худ дар Тоҷикистон баланд бардошта шавад. Ин тадбирҳои сиёсатро метавон ҳамчун “тадбирҳои сиёсат оид ба Роғун” унвон дод, зеро онҳо тадбирҳои сиёсати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ маҳсуб меёбанд.

Ҷаноби Президент, лутфан иҷозат диҳед аз имконияти мазкур истифода бурда омодагии Бонки ҷаҳониро ҷиҳати дастгирии Тоҷикистон дар ислоҳоте, ки барои таъмини муваффақияти ин лоиҳаи муассир ва ояндадор мусоидат мекунанд, бори дигар тасдиқ намоям.Ҷаноби Президент, Шумо ва мардуми сарбаланди Тоҷикистонро бо чунин дастоварди беназиру барҷаста, ки имрӯз мо шоҳиди онем, аз самими қалб муборак мегӯям”.

 

Ноябрь 16, 2018 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ марҳилаи дуюми маблағгузории грантии НБО «Роғун»-ро тасдиқ намуд
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Неругоҳи барқи обии «Роғун» — шоҳасари созандагӣ ва ободкории миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ
Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор шуд
Пагоҳ маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» доир мегардад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст