Умеда Бегова: «Дар замони ҷаҳонишавӣ бояд ба раванди тарбия дар кӯдакистон аҳамияти зарурӣ дода шавад»

Ноябрь 29, 2018 15:29

ДУШАНБЕ, 29.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои маорифпарваронаи хеш ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамуд. Махсусан таваҷҷуҳ ба муассисаҳои томактабӣ дар ин давра имкон дод, ки дар саросари кишвар даҳҳо боғчаҳои муосир бо таҷҳизоти зарурӣ бунёд гардида, барои инкишофу тарбияи кӯдакони синни томактабӣ тамоми шароит фароҳам оянд. Яке аз чунин муассисаҳои томактабӣ ширхоргоҳ-кӯдакистони №4 мебошад, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе воқеъ гардида, имрӯз дар тарбияи насли наврас ва ҳаматарафа ба камол расидани тарбиятгирандагон нақши муҳим дорад.

Дар кӯдакистони номбурда барои 320 нафар дӯстрӯякон тамоми шароити замони муосир фароҳам оварда шудааст. Барои тарбияи онҳо беш аз 50 нафар, аз ҷумла 14 мураббии кордону ботаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Кӯдакистон дорои ҳуҷраҳои хоб, таълим, истироҳат, бозии кӯдакон, маҷлисгоҳу ҳавзи шиноварӣ буда, дар саҳни ҳавлии он барои истироҳат ва бозии кӯдакон майдончаҳои бо лавозимоти дилхушиву инкишофи кӯдакон муҷаҳҳаз омода карда шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки тарбияи томактабӣ дар ҳаёти инсон аҳамияти басо бузург дорад. Заминаи шахсияти оянда маҳз аз ҳамин марҳила гузошта мешавад. Аз ин рӯ, нақши кӯдакистон дар тарбияи насли оянда муҳим аст. Зеро кӯдакистон ва мураббияҳо метавонанд ин 5 — 6 соли муҳими умри одамро пурмаҳсул истифода намуда, нақши асосиро дар ташаккули шахсияти инсон гузоранд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №4 Умеда Бегова иброз намуд: «Мақоми мураббия дар ҳаёти инсон баъди модар басе бузург аст. Мураббияҳои босаводу худшинос ҳамзамон барои рушди ҷомеаву Ватан ҳиссагузор мешаванд. Тарбияи кӯдакон дар замони ҷаҳонишавӣ кори бисёр душвор гаштааст. Иттилои зиёди нодаркор мафкураи наврасону ҷавононро хароб карда, ба арзишҳои миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар ҷараёни зиндагӣ онҳо сарсону гумроҳ шуда, ба гурӯҳҳои бегонаву ифротӣ шомил мешаванд. Имрӯз тарбия аз мураббияву омӯзгорон масъулияти ҷиддиву махсус мехоҳад».

Ба андешаи номбурда, бояд дар замони ҷаҳонишавӣ ба раванди тарбия дар кӯдакистон аҳамияти зарурӣ дода шавад, то баъди ба ҷаҳони пуртаззоду пурмуаммо ворид шудан касеву чизе ақидаву андешаҳои онҳоро натавонад рахна созад ва ба кӯи гумроҳӣ барад. Волидон низ дар ин синну сол ба кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд ва бо кӯдакистон алоқаи ногусастанӣ дошта бошанд.

Муассисаи томактабӣ бо китобҳои таълимӣ, таҷҳизоти аёниву варзишӣ ва тиббӣ пурра таъмин буда, фаъолияташ дар асоси барномаҳои муосири таълиму тарбия ба роҳ монда шудааст. Дар ин даргоҳи кӯдакон машғулиятҳо ба ғайр аз забони тоҷикӣ, инчунин бо забонҳои русӣ ва англисӣ сурат мегиранд.

Мояи ифтихор аст, ки кӯдакони мо аз рӯзҳои аввал дар боғча дар баробари омӯзиши забони тоҷикӣ, ҳамчунин ба омӯхтани забонҳои дигар низ машғул мегарданд.

Вале Умеда Бегова мегӯяд, ки «давраи кӯдакӣ замонест, ки дар хотираи пок ва зеҳни мустаҳками онҳо метавон донишҳои зарурӣ ва забондонӣ ҷо кард. Мутаассифона, аксари падару модарон бар он мекӯшанд, ки фарзандонашон аз хурдӣ ба забонҳои хориҷӣ майл дошта бошанд.  Ба андешаи банда, нахуст бо забони худ, нозукиву қоидаҳои он бояд шинос гашт, то омӯзиши забонҳои дигар барояшон осон ва фаҳмо гардад».

Гузаштагони мо ҳамеша таъкид намудаанд, ки ба кори тарбия аз айёми тифлии инсон оғоз кардан зарур аст. Ин таъкиди бузургон бояд дастури ҳамешагӣ барои ҳар як падару модар, инчунин мураббиён бошад. Дар ин самт нақши кӯдакистон ҳамчун зинаи нахустини низоми таълиму тарбия барои тарбия ва тақвияти зеҳни кӯдакон бисёр муҳиму созанда мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе иншооти гуногуни соҳаи маориф, аз ҷумла кӯдакистонҳои  замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми шароит сохта шудаанд.

Ба иттилои сардори Раёсати таҳсилоти томактабии миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 615 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 93 ҳазор кӯдак  ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ғайр аз ин, имрӯз дар ҷумҳурӣ 92 муассисаи томактабии хусусӣ амал мекунанд.

Дар мамлакат Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ қабул гардидааст, ки ҳадаф аз қабули он ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ буда, тавассути он фарогирии кӯдакон ба зинаи томактабӣ зиёд карда мешавад.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 29, 2018 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мақомоти давлатӣ беш аз 18 ҳазор хизматчии давлатӣ фаъолият менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии хизмати давлатӣ Низоми иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ таҳия менамояд
Дар истироҳатгоҳи «Зинг»-и ноҳияи Ванҷ таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» гузаронида мешаванд
То 23 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат нақши калидӣ дорад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои пешрафти устувору бомароми мамлакат талош менамояд
Барои кормандони мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология бо дастгоҳи лаборатории мобилии санҷиш ва таҳқиқи захираҳои об таъмин гардид
Дар Тоҷикистон 30 муассисаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Дар Пекин вазъ ва дурнамои татбиқи санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон ва Чин дар самти мақомоти иҷро баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо сохтмони манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд