ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Балҷувон бинои нави Қасри фарҳанг мавриди истифода қарор дода шуд

Декабрь 11, 2018 13:15

ДУШАНБЕ, 11.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг  вусъат дода шавад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли равон зимни суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоати кишвар баён доштанд.

Дар робита ба ин супориши созандаи Сарвари давлат ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ бовусъат ҷараён дорад.

Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон низ дар доираи нақшаи тадбирҳо бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави Қасри фарҳанг  бо 360 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зикр гардид, ки созандагию бунёдкорӣ, зебову хуррамгардонӣ ва шукуфоии Тоҷикистон рисолати шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси миллат буда, аз сиёсати сулҳҷӯёнаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Бояд гуфт, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба рушди фарҳанг аҳамияти калон зоҳир гардида, дар тамоми қаламрави мамлакат иншооти гуногуни фарҳангӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, сохтмони бинои нави Қасри фарҳанг дар ноҳияи Балҷувон соли 2016 оғоз гардида, он бо маблағи 5 миллиону 389 ҳазор сомонӣ дар маркази маъмурии ноҳия бунёд гардид.

Бинои Қасри фарҳанги ноҳия бо техникаи хозиразамон, ба мисли компютер ва принтерҳо, асбоби нави тақвияти овоз ва 12 номгӯй асбоби мусиқии халқӣ таъмин карда шуд.

 

Декабрь 11, 2018 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад