Бинои нави дидбонгоҳи сарҳадии «Файзободқалъа» ба истифода дода шуд

Декабрь 13, 2018 08:26

ДУШАНБЕ, 13.12.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Отряди сарҳадии «Панҷ»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави дидбонгоҳи «Файзободқалъа» дар маросими тантанавӣ ба истифода дода шуд. Бинои нав дорои утоқҳои корӣ, хобгоҳи афсарону сарбозон, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ, ҳаммом, ошхона ва майдончаи варзишӣ буда,  ба меъёрҳои замони муосир ҷавобгӯ мебошад.

 Сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бинои дидбонгоҳ бо дастгирии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ бунёд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи он Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ    генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Раиси ноҳияи Панҷ Маҳмадюнус Сайфиддинзода ва намояндагони сохторҳои қудратӣ сухан гуфтанд.

Зикр шуд, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ аз рӯзҳои аввали таъсис бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба як ниҳоди пурқудрати низомӣ табдил ёфта, феълан дорои шароити хуби хизматӣ, техникаву таҷҳизоти муосири марзбонӣ мебошад. Ин сохтори низомӣ зодаи истиқлолият буда, дар байни дигар мақомоти қудратӣ ҷавонтарин ва пурмасъулияттарин мақомот ба ҳисоб меравад. Он бо тамоми ҷузъу томҳояш аз рӯзҳои аввали таъсис то кунун уҳдадориҳои худро дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ муваффақона иҷро намуда истодааст.

Декабрь 13, 2018 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд