Дар шаҳраки «Шифобахш» ба мутахассисони соҳаи тиб, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо моҳияти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида шуд

Декабрь 11, 2018 13:10

ДУШАНБЕ, 11.12.2018. /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз дар «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — шаҳраки «Шифобахш» оид ба шарҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор гардид.        

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар ҷамъомад   Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Насим Олимзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои тандурустӣ, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва  сартарошхонаҳо иштирок намуданд.

Н.Олимзода оид ба   моҳияти тағйиру иловаҳои воридшуда сухан намуда, гуфт, ки  5 декабри соли равон  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд, қабул намуд.

 «Лоиҳаҳои қонунҳои номбурда ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш — 1 сентябри соли равон баён доштанд, таҳия гардидаанд»,-зикр намуд Н.Олимзода.

Ба гуфтаи Н. Олимзода, «зимни ин суханронӣ  Пешвои миллат нигаронии худро аз сатҳи пасти назорати сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ва воридоти дорувории пастсифат изҳор намуда, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки дар масъалаи  ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус, ҷавобгарии маъмурию ҷиноятӣ барои воридоту муомилоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши маводи ғайристандартӣ чораҷӯӣ намоянд».

Бояд зикр намуд, ки дар ин суханронӣ масъалаи баланд бардоштани масъулияти кормандони тиб, аз ҷумла, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон зимни табобати беморон ва хизматрасонӣ ба онҳо зикр  гардида, дастур дода шуд, ки барои кормандони муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, ки сабаби ба ҳар  гуна бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани одамон мегарданд, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад.

«Бо ин мақсад  барои баррасӣ ва моҳияти ин масъала  имрӯз мо ин ҷамъомадро баргузор намудем, то ба мардум моҳияти ин қонунҳо ва ҷавобгарии пешбининамудаи қонун барои ин гуна қонуншиканиҳоро фаҳмонем»,- иброз намуд Н.Олимзода.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дар назди иштирокчиён зикр намуд, ки «дар асоси дастурҳои Пешвои  миллат  мо тасмим гирифтаем, ки бо шумо доир ба моҳияти ин қонунҳо вохӯрӣ  намоем. Зеро 25  декабр ин қонунҳо аз тарафи Маҷлиси миллӣ баррасӣ гардида,  дар сурати ҷонибдорӣ ёфтан то соли нав ба имзо расида, интишор мегарданд. Зимнан татбиқи ин қонунҳо аз соли нав оғоз мегардад».

Мувофиқи он тағйиру иловаҳое, ки ба  қонун ворид карда мешаванд, пеш аз ҳама, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»   тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Мутобиқи он ҷавобгарии маъмурӣ барои  ворид намудани    дорувории бесифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ва ё муҳлати истифодаашон гузашта пурзӯр карда мешавад.

Инчунин М.Ватанзода зикр намуд, ки мувофиқи ҳисоботи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  давоми ёздаҳ моҳи соли равон аз муомилот қариб як саду бисту ҳафт тонна  маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгў набуда нобуд карда шудаанд. Аз ин ҳисоб қариб наваду панҷ тоннаи онро маводи доруворӣ ташкил медиҳад. Қариб 40 тоннаи маводи дорувории гирифташуда маводи муҳлати истифодаашон гузашта мебошанд.

«Бинобар ин, ман диққати он корхонаҳоеро, ки ба ворид кардани маводи доруворӣ машғуланд,  ба ин масъала ҷалб намуда, гуфтаниям, ки ба муҷозоте, ки ин қонунгузорӣ пешбинӣ мекунад, гирифтор нашаванд. Онҳо бояд  пеш аз ҳама, аз ворид кардани маводи  дорувории қалбакию ғайристандартӣ  ва муҳлаташон гузашта худдорӣ намоянд, зеро  дар ин масъала ҷавобгарӣ ба таври назаррас пурзӯр карда шудааст»,- зикр намуд М.Ватанзода.

Декабрь 11, 2018 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд