Футбол: дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Баҳрайн рафт
ДУШАНБЕ, 17.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол баъди бозии дуюми дӯстона ва таҷрибавии худ бо дастаи мунтахаби Уммон ба пойтахти Баҳрайн –шаҳри Манама рафт. Футболбозони тоҷик таҳти роҳбарии сармураббии нави худ Усмон Тошев дар бозии дуюми дӯстона ва таҷрибавӣ аз дастаи мунтахаби Уммон бо ҳисоби 1:0 мағлуб шуданд. Шореҳи варзиши АМИТ “Ховар” Аловиддин Бӯриев дар ин бора гузориш медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нисбат ба бозии аввале, ки бо дастаи мунтахаби Уммон 12 декабр дошт, тарҳ ва шакли бозии худро дар вохӯрии дуюм иваз кард ва Усмон Тошев якбора ҳафт нафар бозингарони навро аз оғози рақобат ба майдони бозӣ овард. Бори аввал аъзои дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар –дарвозабон Фатҳулло Бобоев, муҳофизатгар Ваҳдат Ҳаннонов ва ҳамлагар Муҳаммадҷон Лоиқов дар ҳайати дастаи мунтахаб ҳунарнамоӣ карданд.
Дар варзишгоҳи Султон Қобус ин навбат бозии баробари дастаҳо ба мушоҳида расид ва ягона голи задаи Халид Алҳаҷрӣ дар дақиқаи 58-ум тақдири вохӯриро ба суди футболбозони Уммон ҳал кард.
Сармураббии дастаи мунтахаби мамлакат Усмон Тошев баъди вохӯрии дуюм аз ҳунарнамоии футболбозони кишварамон қаноатмандӣ изҳор карда, гуфт: «Бозии имрӯза хеле суръати баланд дошт ва диданӣ буд. Бачаҳои мо нисбат ба бозии аввал хеле хуб ҳунарнамоӣ карданд. Дар хати миёна ва ҳимояи даста тағйирот ворид кардан зарур аст. Футболбозон дар нимаи аввал бо кӯшиши худ ҳуҷумҳои хатарнок анҷом доданд. Муносибати онҳо ба тамринҳо хеле хуб аст ва ман аз онҳо қаноатмандам».
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали худ аз дастаи мунтахаби Уммон бо натиҷаи 2:1 мағлуб гардида буд ва 20 декабр боз як бозии таҷрибавии худро бо дастаи мунтахаби Баҳрайн барпо мекунад.
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Манама-пойтахти Баҳрайн барои идома додани омодагӣ ба бозиҳои оянда ҳозир шуд.
Бозиҳои таҷрибавӣ ва дӯстона
Уммон – Тоҷикистон – 1:0
Гол: Халид Алҳаҷрӣ, 58.
Тоҷикистон: Фатҳулло Бобоев, Ваҳдат Ҳанонов, Хуршед Бекназаров (Сиёвуш Асроров, 82), Ҳусейн Нурматов, Зоир Ҷӯрабоев (Табрези Давлатмир, 90+2), Кароматулло Саидов, Аҳтам Назаров (Эҳсони Панҷшанбе, 86), Муҳаммадҷон Раҳимов (Комрон Турсунов, 76), Шервонӣ Мабатшоев (Мӯҳсин Абдуғаффоров, 80), Шарафҷон Солеҳов, Шериддин Бобоев (Муҳаммадҷон Лоиқов, 88).
Огоҳӣ: Носир Ашшмали (Уммон), Ҳусейн Нурматов (Тоҷикистон).
Довар дар майдон: Ахмед Халид Алалӣ (Кувайт).
16 декабр. Масқат. Маҷмааи варзишии Султон Қобус. 1200 тамошобин
Бозии аввал
Уммон – ТОҶИКИСТОН – 2:1
Голҳо: Муҳаммад Алғасонӣ, 74 (1:0). Матаз Солеҳ, 76 (2:0). Шарафҷон Солеҳов, 89 (2:1).
Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Сиёвуш Асроров, Хуршед Бекназаров, Зоир Ҷӯрабоев, Бахтиёр Қаландаров (Ҳусейн Нурматов, 80), Амирбек Ҷӯрабоев (Кароматулло Саидов, 84), Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 77), Комрон Турсунов, Эҳсони Панҷшанбе (Шарафҷон Солеҳов, 87), Ҷаҳонгир Эргашев (Шериддин Бобоев, 69).
Огоҳӣ: Хуршед Бекназаров (Тоҷикистон).
Довар дар майдон: Муҳаммад Ҳасан Маҳмуд Арафа (Урдун).
13 декабр. Масқат. Маҷмааи варзишии Султон Қобус. 1500 тамошобин.









Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд
Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид
Дастаи «Сардор»-и Турсунзода бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол баромад
Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал гардид
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд






