«ГУФТАМ ВАТАН, ЧАМАН-ЧАМАН ИН АНҶУМАН ШУКУФТ…». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло таҳти унвони «Дар оғуши хазонрез» ба дасти хонанда расид

Декабрь 10, 2018 13:34

ДУШАНБЕ, 10.12.2018./АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш тавассути нашриёти «Адиб» маҷмӯаи нави ашъори Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар»  Камол Насрулло таҳти унвони «Дар оғӯши хазонрез» интишор ёфт.

Дар сарахбори китоб чунин омадааст: «Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст. Шеъри ӯ ба заминаҳои иҷтимоӣ, фалсафӣ, мавқеи қавии ватандӯстона ва сиришти инсонии ӯ поя ёфтааст. Китоби нави ашъораш фарогири эҳсосоти самимона ва ғояҳои неку баланди инсонӣ буда, дастовезҳои тозаи шоирона, тозакориҳои эҷодии ӯро фаро мегирад ва армуғони арзандае барои ҳаводорони шеъри муосир аст».

Пешгуфтори китоби мазкур аз суханони зерин иборат аст: «Табиист, ки дар замони истиқлолияту озодӣ ва эҳёи дубораи миллати куҳанбунёд ва соҳибтамадуни тоҷик, миллате, ки мисли Қақнус аз хокистари худ бархостааст, масъулияти суханвар, хусусан шоир, ки бояд ҳамеша пешгоми ҷомеа ва ровии армонҳои миллату меҳани худ бошад, бештар аз ҳар замони дигар аст. Эҷоди сухани тоза ва шеъри муваффақ дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, бедории миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ кори на осон аст ва на ба ҳар шоир муяссар мешавад. Ин аст, ки маъмулан аксари навиштаҳо дар ин мавзӯъ ба умумумигӯиву такрори сухан, ба обшустагии тасвиру баён меоранд ва кам шоире ба гуфтани сухани ноб, тасвири тоза ва бозёфтҳои шоирона муваффақ шудааст».

Яке аз вижагиҳои ашъори ватандӯстонаи Камол Насрулло ҳам дар ҳамин баёнҳои шоирона, самимияти тоза ва ҷилои эҳсосоти баланди инсонӣ дар шеърҳои ватандӯстонаи ӯст, ки бо муҳаббат ва масъулияти баланди худшиносиву меҳанпарастӣ навишта шудаанд.

Аммо ашъори Камол Насрулло танҳо ҳамин мавзӯъ маҳдуд нест. Ашъори ӯ паҳлуҳои дигари зиндагӣ, розу ниёзи мардум, армонҳои миллӣ ва фалсафаву таъриху табиатро фаро гирифта, нақши боризе дар худшиносии миллӣ, таҳқиқи андешаву афкору рӯҳияи инсонӣ ва бедорсозии наҷибтарин эҳсосот мебозанд. Шеъри Камол хонандаро ба рӯшноӣ, ба хайру некӣ, ба эътиқоду бовар, ба ишқу садоқат ва ягонагӣ ҳидоят мекунад.

Китоби нави шоир гулчине аз ашъори солҳои охир навиштаи ӯ буда, бори аввал дар шакли китоб интишор меёбад ва ҳадяи сазоворе барои доираи васеи ҳаводорони каломи бадеъ мебошад.

Инак чун намуна ду шеър аз ин китоби тозанашр манзури хонандагони мӯҳтарам мешавад.

СУРУДИ ВАТАН

Гуфтам Ватан, чаман – чаман ин анҷуман шукуфт,
Гуфтам Ватан чу гул ба лабонам сухан шукуфт.
Гуфтам Ватан – Ватан ҳама дашту даман шукуфт,
Уммеди ман, муҳаббати ман дар Ватан шукуфт.

Эй сарзамини аввали назорраи Худо,
Эй аз ҳазор раҳни раҳӣ раставу раҳо,
Эй осмони ту ватани офтоби пок,
Эй остони ту ватани нангу ори мо!

Эй кишвари калому саломи хуҷастагон,
Бар даҳр аз ту рафт паёми хуҷастагон!
Озода зоди меҳани озодагон туӣ,
Дар номи туст партави номи хуҷастагон!

Ҷону дилам чу оби зулолат зулол бод!
Ризқам чу нони мардуми покат ҳалол бод!
Номат чу шеъри Рӯдакӣ баъд аз ҳазор сол
Ин гуна дилпазир, чунин безавол бод!

Хоки ту бӯи меҳру вафо мекунад Ватан!
Номи ту атри ишқи Худо мекунад Ватан!
Овои обшори зулолат ба лаҳни пок
Моро ба ишқи пок садо мекунад Ватан!

ТОҶИКИСТОНРО НАХОҲАМ ДОД

Ин фазо, ин марз, ин хонро нахоҳам дод,
Остони модари ҷонро нахоҳам дод,
Ҷон бихоҳам дод,ҷононро нахоҳам дод,
Ин шараф, ин нанг, ин шонро нахоҳам дод,
Тоҷикистонро нахоҳам дод!

Кишвари оби мусаффо, марзи поконам,
Кишвари покизарӯ, покизаимонам,
Кишвари зелол, зоди зулҷалолонам,
Ман зулолии дилу ҷонро нахоҳам дод,
Тоҷикистонро нахоҳам дод!

Кӯҳсоронат, Ватан, сарсахту сангин аст,
Халқи кӯҳистони ту кӯҳи батамкин аст,
Сарзаминат з-озарахши ишқ озин аст,
Суғду Хатлону Бадахшонро нахоҳам дод,
Тоҷикистонро нахоҳам дод!

Ман ҷаҳонро андар ин оина мебинам,
Дар фурӯғи ҳикмати дерина мебинам,
Ганҷҳояшро даруни сина мебинам,
Ин адаб, ин фазли неконро нахоҳам дод,
Тоҷикистонро нахоҳам дод!

Захми мозӣ монда то имрӯз дар ҷонам,
Ман ҳанӯз аз оташи дарди ту сӯзонам,
Бо ту, Меҳан,бо ту, Меҳан, бо ту мемонам,
Озарахши ҷони сӯзонро нахоҳам дод,
Тоҷикистонро нахоҳам дод!

Сангҳоятро ба хунам ранг хоҳам кард,
Ҷони худро дар сари ҳар санг хоҳам кард,
Ҳарчи дорам дар сари ин нанг хоҳам кард,
Лек хоки пойи поконро нахоҳам дод,
Тоҷикистонро нахоҳам дод!

Декабрь 10, 2018 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегарданд
Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад