Кометаи 46Р/Виртанен бори аввал ба Замин наздик мешавад. Онро астрономҳои тоҷик низ мушоҳида доранд
ДУШАНБЕ, 13.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи декабри соли 2018 наздикшавии кометаи 46Р/Виртанен ба Офтоб мушоҳида шуд. Кометаи 46Р/Виртанен 12 декабр дар масофаи наздиктарин аз Офтоб гузашт, ки ин ҳодисаи ғайриодӣ ба ҳисоб меравад. Ин рӯйдодро олимони тамоми ҷаҳон, аз ҷумла олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида доранд.
Тавре директори Институти астрофизикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова ба мухбири «Ховар» иброз намуд, аз лаҳзаи кашф шудани он моҳи январи соли 1948 комета бори аввал ҳамин хел ба Замин зич наздик мешавад. 16 декабри соли равон масофа байни Замину комета ба 11.4 млн. км баробар мешавад, ки ин 30 маротиба аз масофаи байни Замин ва Моҳ зиёд аст. Ин аз рўи ченкуниҳои астрономӣ хеле наздик ба ҳисоб рафта, андозаи ҳастаи комета 1.2 км мебошад. Кометаро бо дурбин дар вақти шабона аллакай дидан мумкин аст. Комета дар бурҷи Савр, байни ситораи Алдебаран ва маҷмӯи ситоравии Плеядҳо ҷойгир мебошад ва ҳангоми ба тарафи ҷанубу шарқии осмон нигоҳ кардан онро мушоҳида кардан мумкин аст.
Бино ба маълумоти номбурда, астрономҳои тамоми ҷаҳон мушоҳидаи меҳмони кайҳониро, хусусан ҳангоми наздикшавии он бо Замин оғоз карданд. Ин гуна тадқиқот маълумотро дар бораи моддае, ки аз он ҷирмҳои Системаи офтобӣ ба вуҷуд омадаанд, таъмин месозад.
«Астрономҳои Институти астрофизикаи АИ ҶТ мушоҳидаҳои оптикии кометаи Виртаненро дар расадхонаҳои астрономии «Ҳисор» ва «Санглох» оғоз карданд. Дар қатори мушоҳидаҳои оптикии мо мониторинги радиоии комета бо ёрии радиотелескопҳои пурқуввати Голдстоун ва Аресибои ИМА гузаронида шуда истодаанд. Дар рӯйдоди мазкур астрономҳои Россия, Словакия, Чин ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд. Кометаи Виртанен астрономҳои ҷаҳонро барои тадқиқ муттаҳид карда, оид ба омўзиши масъалаҳои пайдоиши оинот мусоидат менамояд»,-гуфт директори Институти астрофизикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова

Кометаи 46Р/Виртанен, ки дар Расадхонаи астрономии «Ҳисор»-и Институти астрофизикаи АИ ҶТ 12 декабри соли 2018 аксбардорӣ шуд.

Кометаи 46Р/Виртанен, ки дар Расадхонаи астрономии «Санглох»-и Институти астрофизикаи АИ ҶТ 12 декабри соли 2018 аксбардорӣ шуд.








Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд






