Намаки бейод ва бемории ҷоғар бо ҳам чӣ иртибот доранд? Ва ё чаро дар шаҳри Хоруғ як тонна намаки ошӣ ба роҳҳои мошингард рехта мешавад

Декабрь 12, 2018 16:36

ХОРУҒ, 12.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи  иттилои Маркази эндокринологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шумораи беморони ҷоғар ё худ ғадуди сина дар вилоят ба 14 ҳазору 974 нафар расидааст, ки зиёда аз 4 ҳазори онҳо кӯдакон мебошанд.

Табиби ғадудшиноси Маркази саломатии шаҳри Хоруғ Гулбону Имомёрбекова гуфт, ки «баландии минтақа аз сатҳи баҳр, набудани йоди кофӣ дар ғизо ва дер муроҷиат кардани беморон ба табибон сабабҳои аслии афзоиши ин беморӣ дар вилоят мебошанд. Дар ҳолати нарасидани йод дар ҷисми инсон ҳисси бемадоршавӣ, паст шудани қобилияти меҳнатию ақлонӣ, хушкшавии пӯст ё арақкунии барзиёди бадан ба назар мерасад. Мутаассифона, аксарияти беморон танҳо пас аз хуруҷи беморӣ ба табибон муроҷиат мекунанд, ки  ин муҳлати табобатро ба дарозо мекашад. Агар бемор сари вақт ба табиб муроҷиат кунад, он гоҳ ташхису табобат дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом мерасанд. Зеро барои ташхису давобахшии ин гуна беморӣ дар маркази саломатӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайёст».

Масъулини Раёсати стандартизасия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят ин гуфтаи мутахассисони соҳаи тибро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки танҳо дар як моҳи охир зиёда аз як тонна намаки бейодро аз фурӯш боздоштанд. Мудири бахш оид ба риояи талаботи стандартӣ ва сифати махсулоти Раёсати мазкур  Озодбахт Мародасейнов гуфт, ки «ташхиси лаборатории раёсати мазкур муайян намуд, ки ин миқдор  намаки ошии бейод ва ғайристандартӣ ба тариқи қочоқ ба вилоят ворид мешаванд. Як тонна намаки бейод, ки аз мағозаҳо мусодира шуд, ба ихтиёри Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ  барои истифодаи корҳои техникӣ интиқол дода шуд. Ин намаки оширо акнун барои об кардани роҳҳои яхбастаи мошингарду пиёдагарди шаҳр истифода мебаранд».

Масъулини Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят барои пурра аз муомилот  гирифтани намаки бейод тамоми фурӯшгоҳҳои шаҳру вилоятро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Декабрь 12, 2018 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид