Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Акси беҳтарин» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 21.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Акси беҳтарин» баргузор гардид. Озмуни мазкур бахшида ба Соли руши сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуда, мақсад аз баргузории он муаррифии мавзеъҳо ва табиати нотакрори Тоҷикистон мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар доданд, озмуни мазкур аз ҷониби маҷаллаи «Сарзамин» гузаронида шуд. Дар маросими ҷамъбасти он раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, намояндаи Бунёди мусаввирони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи суратгирони касбии Тоҷикистон иштирок ва сухан карданд.
Қурбон Ҳакимзода зикр кард, ки Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ имкониятҳои беҳтарин ва бештарро барои рушди соҳаи сайёҳӣ соҳиб гашт. Мувофиқи маълумоти расонаҳои иттилоотии маъруфи олам, имрӯз Тоҷикистон дар бозори сайёҳии ҷаҳон мавқеи намоён касб намуда истодааст «Ин аст, ки соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии «Глоб Спотс» («Globe Spots») ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин барои сайёҳони саргузаштӣ ворид шуд. Шабакаи мазкур зикр намуд, ки «манзараҳои ин кишвар ҳайратбахшона гуногунанд, ки дар ҳар қадам шуморо ба тааҷҷуб мегузоранд».
Дар маводи сомонаи мазкур инчунин гуфта шудааст, ки «дар Тоҷикистон асосан сайёҳон аз водии Зарафшон ва инчунин аз кӯҳҳои Помир дидан менамоянд. Балҷувон, Ромит ва Варзоб онҳоро барои истироҳати фарҳангӣ ҷалб менамоянд. Сокинони ин ноҳияҳо метавонанд озодона сайёҳонро бидуни кумаки кормандони ширкатҳои сайёҳӣ қабул намоянд».
Ширин Амонзода дар навбати худ иброз дошт, ки «Тоҷикистон дорои мавзеъҳои зиёде мебошад, ки месазад онҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Озмуни имрӯзаро, бешак, метавон муаррифи ин имкониятҳо арзёбӣ намуд».
Дар идомаи ҷамъомад ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Акси беҳтарин» муайян ва бо туҳфаҳои пуливу сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамин тариқ, шоҳҷоизаи озмун ба аксбардори шинохта Аминҷон Азимов, ҷойи дуюм ба Баҳодур Турсунов ва Комрон Комилзода ва ҷойи сеюм ба Баҳром Ҷалилов, Баҳриддин Исомуддинов, Шаҳриёр Олимӣ дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки беҳтарин иштирокчиёни озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.








Доир ба нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи таърих ва фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегарданд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли илм руҳияи тоза бахшид
«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид






