САРФАКОР ВА ДАР ФИКРИ ФАРДО БОЯД БУД. Низоми молияи Тоҷикистон дар 27 соли истиқлолият мустақил шуда, ба системаи ҷаҳонӣ шомил гардид

Декабрь 7, 2018 13:44

ДУШАНБЕ, 07.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2011 инҷониб мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  7 декабр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти молия ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи кормандони мақомоти молия бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми қонунӣ гирифт. Ин бори дигар аз қадрдониву дастгирии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кормандони мақомоти молия шаҳодат медиҳад.  

«Сарфакор ва дар фикри фардо бояд буд» — ин суханонро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на як бору ду бор ҳангоми мулоқоту машваратҳояшон иброз доштаанд ва ин беваҷҳ нест. Беҳтарин ва маъруфтарин иқтисоддонҳои дунё низ, аз қабили Адам Смит, Бенямин Франклин,  Ҷон Рокфеллер, Роберт Кийосаки ва дигарон  чунин ҳушдор додаанд.

Масалан, Рокфеллер фармудааст: «Сатҳи некуаҳволии шумо ба он вобаста аст, ки чӣ гуна қарор қабул мекунед». Аз ин лиҳоз,  яке аз беҳтарин қарорҳое, ки дар даврони истиқлолияти кишвари мо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳаволии сокинони он қабул гардид, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» мебошад, ки тарҳи онро Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд ва онро на танҳо парлумон қабул кард, балки аз ҷониби аҳолӣ хуш пазируфта шуд.  Зеро ин қонун ба беҳдошти сатҳти зиндагии мардум дар чанд соли охир ба таври назаррас мусоидат намуд ва собит  сохт, ки рӯзгори обод  ва серу пури  ҳар хонадон  ба тарзи зиндагии ҳар аъзои он вобаста аст. Ба қавли Ҳенри Форд, мақсади пул кару фар не, балки афзудани воситаҳо ва истифодаи дурусту босамар ва муфиди онҳо мебошад.

Худованд дар Қуръони карим мефармояд: «Агар шумо бар неъматҳои ман шукр кунед, ман неъматҳои додагиамро боз ҳам афзунтар карда медиҳам ва агар куфрони неъматҳои ман кунед, азоби ман сахт аст». Бузургон дар зимни  тафсири он фармудаанд:

Шукри неъмат неъматат афзун кунад,

Куфри неъмат аз кафат берун кунад…

Бо тасвиби қонун дар бораи танзим Сарвари давлат ҳам аз назари ислом, ҳам аз назари иқтисоди пешқадами ҷаҳонӣ ва ҳам аз назари манфиати раият амал карданд. Ин нишонаи он аст,  ки  Пешвои миллат  ба ҷузъиёти зиндагии мардум эътибори ҷиддӣ дода,  дар айни замон  масъулияти беҳбудии рӯзгори мардумро бар дӯш гирифтанд.

Мутафаккири бузург Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҳанӯз дар замони худ  фармуда буд: «Агарчи неъмат бисёр бувад, исроф макун ва ба қадри ҳоҷат кифоят кун ва дар вақти неъмат аз ҳоли меҳнатзадагон биандеш ва дар фарохӣ муҳтоҷонро дастгирӣ кун, ки албатта, муҷозот ва мукофот хоҳад дошт».

Яъне зарурияти сарфааю сариштакорӣ,  идораи дурусту пулу мол на танҳо дар сатҳи як оила, балки дар сатҳи давлат аз ҷониби бузургони гузаштаи миллатамон низ таъкид шудааст.  

Тавре декани факултети иқтисод ва  тиҷорати  Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Эмомалӣ Шералиев дар суҳбат бо мо иброз дошт, низоми молиявӣ ҳамчун низоми махсуси муносибатҳои иқтисодӣ ҳанӯз дар даврони Ҳахоманишиҳову Кушониён, Ашкониёну Сосониён ва Сомониён ташкил ва рушд ёфта, барои тақсимоту азнавтақсимкунии захираҳои молию пулӣ ва бо мақсади таъмини ниёзи аҳолию давлат хизмат кардааст. Усули марказонидашудаву мураттаби мубодилаи молию пулӣ дар қаламрави сулолаҳои ориёӣ қатъӣ риоя мешуд, ки баъдтар дар аҳди Сомониён бо диду корбурди нави давлатдорӣ, такя ба анъаноти идораи пешинаи онҳо такмил дода шуда, идома ёфтааст. Инчунин роҳҳо ва усулҳои пешқадами ситонидани боҷу хироҷ, ба иҷора додани амволи давлатӣ ва андозу андозбандӣ, муомилоти молию пулӣ амал мекарданд, ки вобаста ба мурури замон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ такмил ёфтаанд.

Ба андешаи номбурда, низоми молиявӣ дар тӯли таърихи ҳазорсолаи мардуми тоҷик боз ҳам ривоҷу равнақ ёфта, аз нигоҳи ҳуқуқию иқтисодӣ ҷиддан мукаммал гардид. Дар даврони Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми молиявӣ ба сохти дигар ташкил ёфта, тӯли беш аз 70 сол рушд карда, мавриди истифода қарор гирифтааст. Вале шакл ва сохтори низоми идоракунии мазкур, ки дар муҳити Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият менамуд, ба талаботу вазифаҳои гузошташуда ва ҳамгироии молияи давлатӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ мувофиқат намекард, ки дар бисёр мавридҳо садди рушди иқтисодиёти кишвар гардида буд.

«Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар низоми идораи устувори молияи давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва рушд ёфтааст.  Яке аз падидаҳои асосии ин низом- барориш ва амалкарди воҳиди ягонаи пулӣ ба пеш бурдани сиёсати оқилонаи пулию қарзӣ ва асъории кишвар шароит фароҳам овард. Бо роҳи гузаронидани сиёсати оқилонаи андозу буҷет мувозинати буҷет таъмин гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83,1 фоизи соли 1999 то 72,4 фоиз дар соли 2003,  45 фоиз дар соли 2010,  31,2  фоиз дар соли 2016 расонида шуд. Дар назар аст, ки соли 2020 ин рақам то 20 фоиз коҳиш дода мешавад»,-гуфт Эмомалӣ Шералиев.

Ҳамсуҳбат таъкид кард, ки дар маҷмӯъ, низоми идораи молияи давлатӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишвар ба як низоми устуворе табдил ёфтааст, ки дар таъмини самараноки сиёсати молиявӣ, аз ҷумла, сиёсати фискалӣ, назорати молиявии давлат, рушди бозори қоғазҳои қиматнок, суғурта, дастгириҳои молиявии соҳибкорӣ хизмат менамояд. «Мо бояд раванди созандагиву бунёдкориро минбаъд низ ҳадафи асосӣ қарор дода, истифодаи самараноки ҳамаи воситаҳои молиявиро барои идомаи корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имкониятҳои воқеии кишварамон таъмин намоем»,- хулоса кард декани факултети молия ва қарзи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Эмомалӣ Шералиев.

Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони  истиқлолият  ба муомилот баровардани асъори  нави   миллӣ-сомониро яке аз воқеаҳои хеле муҳим ва фараҳбахш унвон карданд, ки он  ба болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ва раҳоии кишвар аз буҳрони  иқтисодӣ, инчунин беҳдошти  ҳолати молиявии он таъсири мусбат расонида, дар самти муътадил гардонидани буҷети ҷумҳурӣ ва вазъи иқтисодиву молиявии он, беҳдошти вазъияти байналхалқиву сиёсии кишвар мусоидат намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, дар ин давраи соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таҳкими сиёсати молиявию иқтисодии мамлакат як қатор қонунҳои ҳаётан муҳим қабул карда шуданд. Дар ин давра танҳо дар самти таҳкими сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 қонун ва санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ таҳия ва қабул карда шудаанд, ки татбиқи амалии онҳо ба таъмин намудани мустақилияти ягонаи молиявии миллии ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Тӯли 27 соли Истиқлолияти давлатӣ сохтори идоракунии молияи давлатӣ борҳо такмил ёфта, вобаста ба ислоҳоти молиявӣ раванди ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани он идома дорад.

Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳот ва дигаргунсозиҳои молиявию иқтисодӣ тамоюли рушди иқтисодӣ дар солҳои охир таъмин шуд, ки он  ба муътадил гардидани сатҳи макроиқтисодӣ мусоидат менамояд.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун пешбарандаи  сиёсати  молиявӣ дар ташкили самараноки идоракунии низоми молияи давлатӣ, таҳия намудан  ва иҷрои Буҷети давлат, тартиби маблағгузории соҳаҳои буҷети давлатӣ, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналхалқӣ  мебошанд, масъулияти баландро ба дӯш гирифт. Низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра мустақил гардида, аз нав ташаккул ёфт ва ба низоми молияи ҷаҳонӣ шомил гардид.

 Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

P.S. АМИТ  «Ховар» тамоми кормандони низоми молиявии мамлакатро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, ба онҳо дар  идораи молияи давлатӣ муваффақиятҳои боз ҳам  бештар таманно дорад.

 

Декабрь 7, 2018 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд