«СУХАН К-АЗ ДИЛ БАРОЯД, ЛОҶАРАМ БАР ДИЛ НИШИНАД…». Вале сухани бикр, пурмазмун ва баланд гуфтану сароидан кори осон ва ҳунари одӣ нест

Декабрь 11, 2018 10:50

ДУШАНБЕ, 11.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре чанде пештар дар як гузорише зери унвони «Матн аз худам, оҳанг аз худам, худам месароям» (Ниг.:www.khovar.tj, 6 декабри соли 2018) хабар дода будем,  дар Душанбе бо ташаббуси  Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал бо иштироки оҳангсозон ва сарояндагон таҳти унвони «Вазъи риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар сурудҳои муосир»  ҳамоиш доир гардид. Дар он миёни иштирокдорон оид ба вазъи имрӯзаи забони адабии тоҷик ва риояи талаботу меъёрҳои он мубодилаи афкор сурат гирифт ва изҳори нигаронӣ карда шуд. Зикр гардид, ки баъзан тавассути шабакаҳои телевизиону радио сурудҳои  матнашон хароб садо медиҳанд, ки ба меъёри забони адабии имрӯза мувофиқ нестанд. Ин ҳолат ба таблиғи нодурусти забони давлатӣ сабаб мешавад. Вале гузаштагони мо, ба монанди Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Нигина Рауфова, Маъруфхӯҷа Баҳодуров ва дигарон  ҳамаи матнҳоро аз  эҷодиёти классикон ё шоирони беҳтарини имрӯза интихоб мекарданд. Ҳатто сарояндаи машҳури Шарқ Аҳмад Зоҳир низ матни сурудҳояшро аз ашъори классикони  адабиёти тоҷику форс — Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аттор, шоирони машҳури Афғонистону Эрон ва адабиёти муосири тоҷик интихоб кардааст.

Воқеан ҳам, интихоб ва тарзи иҷрои суруд аз сароянда масъулияти баланд талаб менамояд, зеро ӯ сурудро танҳо барои худаш эҷод намекунад, онро пешкаши садҳо ва миллионҳо нафар бинандаю шунаванда мегардонад ва бо он дар тарбияи маънавии одамон таъсир мегузорад. Аз ин лиҳоз дар интихоб ва пахши суруду таронаҳо бояд шӯроҳои бадеии назди шабакаҳои телевизион ва радио ҷиддӣ муносибат намоянд.

Гуфтаанд: «Сухан к-аз дил барояд, лоҷарам бар дил нишинад». Сухан гуфтан ва сароидан ҳам кори осон ва ҳунари одӣ нест.Суханҳои бемаънӣ, бемантиқ,  обшуста, даҳлезӣ кирои гуфтан ва  сароидан намекунанд ва бар зиёни ҳам гӯяндаву сароянда ва ҳам шунаванда хоҳанд буд.

Соли 2019 бо мақсади офаридани суханҳои бикр ва пурмазмун тавассути шеър ва таронаву ғазалҳои нав Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» доир карда мешавад. Дар ин бора Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст. Чунин озмунҳо барои дарёфти истеъдодҳои нав ва таълифи асарҳои пурмазмун ва баландғоя такони ҷиддӣ мебахшанд.

Мақолае, ки дар зер пешкаши хонандагон мегардонем, ба ҳамин мавзуъ бахшида шудааст.

 НАВОИ ДИЛ. Ёддошту андешаҳо оид ба ҷашнвораи суруду мусиқии асил — «Суруди сол»

«Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад. Имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома  доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшанд».

Ҳаргоҳе, ки ин суханони руҳафзо ва раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳанӯз соли 2008 дар табрикоти худ ба муносибати «Рӯзи Фалак» баён дошта буданд, мехонам, беихтиёр озмуни «Суруди сол» ба хотирам мерасад.

Дар воқеъ, Озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол» сабқате буд, ки дар байни анъанаҳои муосири фарҳанги миллӣ мақоми хосеро ишғол намуда, ба рушди намунаҳои мусиқии аҷдодиамон мусоидат кард.

Сабқат оғози соли 1998 ба хотири муайян намудани беҳтарин сарояндаи соли 1997 дар фонди тиллоии Радиои Тоҷикистон сабт шуда, тибқи Низомнома, минбаъд дар фарҷоми ҳар сол бояд доир шавад.

«Суруди сол»! Чӣ номи баланде! Бо ин иқдом тӯли солиёни зиёд сурудҳо ва сарояндагон ба таври рамзӣ, аз рӯйи эътирофи мардум мушарраф гардиданд. Ҳадафи озмун ин аст, ки чунин сурудҳо ва сарояндагон ба дастгирию фарогирӣ пешкаши мардум гардонида шаванд, то ки минбаъд ин натиҷагирӣ як меъёре барои такмили эҷодиёти онҳо гардад.

Аввалин ғолибони озмуни «Суруди сол» киҳо буданд? Инро борҳо аз ман пурсидаанд ва посух шунида, хушҳол шудаанд. Хушам меояд, ки боз бипурсандам ва бо камоли мамнуният посух диҳам, зеро ман бо аввалин иштирокчиёну ғолибони озмун ифтихор дорам. Онҳоро бо ифтихору арҷгузорӣ номбар менамоям. Оре, онҳо устодони санъате буданд, ки ба унвони ифтихории «Сарояндаи сол» сазовор гаштаанд ва бо ҳунару истеъдоди нотакрорашон кайҳост ба дили ҳаводорони санъат роҳ ёфта, қалбҳоро тасхир кардаанд.

Яке аз шартҳои озмун, ки бояд қатъан иҷро мешуд, маънову мантиқи баланди шеър (суруд) буд.

Чунончӣ:

Боз омадам ба кӯи ту, эй қиблаи умед,

Эй модаре, ки ҷону дили ман фидои туст.

Ростӣ, ҳар гоҳе ки ёди устод Зафар Нозим мекунам, беихтиёр қиссаҳои дили ӯ дар гӯшам садо медиҳанд… Ё вақте ки номи устод Одина Ҳошимро ба забон меорам, овози ширадори ӯ аз ниҳоди чунин маъниҳои бикр берун ҷаста, мағз – мағзи дилу ҷонро ба хурӯш меорад:

Зинҳор то тавонӣ, аҳли назар маёзор,

Дунё вафо надорад, эй нури ҳарду дида.

Устод Ҷӯрабек Мурод тобу тоқати онро надорад, ки сарояндае матни хароберо ба оҳанг дарораду бихонад, чун худ месарояд:

То тавони дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун...

Дар интихоби сурудаҳои саршори маънӣ адабиётшиноси донишманд, овозхони шинохта Ҷӯрабек Назрӣ низ камназир аст. Чи хуш ғарқи Иқбол замзама менамояд ин хунёгар:

Хоҷа зи сарварӣ гузашт,

Банда зи чокарӣ гузашт.

Шеваи бутгарӣ гузашт,

Даври сикандарӣ гузашт.

Мегузарему меравем.

Сурудаҳои хунёгари шинохта Абдулло Назрӣ ба ҳар хонадони тоҷик ошност. Иҷрои дилчаспи сарояндаи дардошно Саидқул Билолов:

Аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ бас аст,

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

Ва ё Бобоҷон Азизов:

Ту рафтиву тасвири ту дар дидаи ман монд

воқеан мақбули ҳаводорон гардида.

Ҳар гоҳе бо Файзалӣ Ҳасан рӯ ба рӯ мешавам, беихтиёр ғазали устоди зиндаёд Лоиқ:

Аблаҳе аз бом биафтад, гардани мо бишканад…

 ва ё Давлатманди Хол:

Ба ҳама нағмаи ноҷӯр дилам месӯзад…

пеши назар меояд.

Овози марғуладори Муродбеки Насриддин дар резаборонҳои Душанбешаҳр бо суруди

Мезанад борон ба шиша..

ва Парда Қосим бо

Тоҷикистон бо ҳама дарду давоят аз манӣ…

дар дилу дидаи ҳар шунавандаи ҳушманд танин меандозад.

Таронаҳои Кароматуллои Қурбонро ба ёд меоварем, ки бо интихоби матнҳои ғарқи маънӣ, гӯё  то ҳанӯз гоҳо хандону гоҳо маҳзун ба сӯйи мо даст меафшонад:

Аҳли оламро зи ман гар буд дар хотир мудом,

Ман зи олам меравам, бар аҳли олам хайр бод.

Мардум мушоҳида мекарданд ва медонистанд, ки абармардони санъат ҳаргиз такаббуре надоштанд, ҳамеша оддӣ, заминӣ, софу зебо ба мисли таронаҳояшон буданд. Дар баробари ин, ҳунару истеъдоди худододаи худро ҳаргиз хор намедоштанд, онҳо дар ҳама ҳолат аз имконоти маънавии худ огоҳ буданду мақоми худро қадр мекарданд.

Дар ин ҷо муносиб медонам, ки гуфтаҳои хунёгари бузурги Шарқ Аҳмад Зоҳирро ба ёд оварам: «Ман бо истеъдод, завқ, пушти кор ва талошҳои пайгире, ки дар худ суроғ дорам, медонам, ки соли оянда ва солҳои дигар боз ҳам овозхони баргузидаи мардуми Афғонистон хоҳам буд!». Ин зуҳуроти худнамоист магар? Ҳаргиз не!  Зеро аз дараҷаи «истеъдоди завқ, пушти кор ва талоши пайгире, ки фарди эҷодкор дар худ суроғ дорад, бештар аз ӯ кӣ дарак дошта метавонист?

Ҳадафи зиндагӣ ва ҳунару истеъдоди санъатварии устодони номбурда ҳама ба як нуктаи  муҳими инсонпарварӣ нигаронида шудаанд: тавассути панду андарз ва ҳикматҳои воло, ки аз ғановати ганҷинаи бебаҳои ниёгонамон барчидаанд, мардумро ба роҳи рост, дӯстиву рафоқат, ҳамдиливу ҳамбастагӣ, меҳру садоқат ба халқу Ватан, таъмини якпорчагии Тоҷикистон ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ раҳнамун сохтан.

Ақидаи мо дар хусуси интихоби матни суруд аз суханони оқилонаи Пешвои миллат сарчашма мегирад: «Қофилаи шеъру мусиқӣ ҳамвора баёнгари тақдир ва таҷассумгари зиндагии халқи тоҷик дар ҳама шебу фарози зиндагӣ мебошад». Ҳамин аст, ки на фақат маъниву мантиқ, балки мавзӯи шеър низ дар сарояндагӣ бисёр муҳим аст. Сурудаҳои устодони санъат, ки мо ҳамеша аз онҳо ёд кардаву ба ному хизматҳояшон арҷ мегузорем, дар ҳамон рӯзҳои мушкил, ки аввалин пояҳои эъмори давлатдории навини кишвар гузошта мешуданд, ҳама баёнгари тақдир ва таҷассуми зиндагии халқи тоҷик буданд. Ҳар як дастоварди даврони истиқлолият пару боли сурудҳояшон маҳсуб меёфтанд. Онҳо дарвоқеъ, ҳамчун пешоҳангони қофилаи шеъру мусиқӣ шинохта шудаанд.

«Суруди сол» барои боз ҳам дар сатҳи баландтар иҷро гардидани ин рисолат хидмат намуд. Тавассути ин сабқат як силсила сурудҳои беҳтарини тозаэҷод ба хазинаи санъати  миллӣ ворид гардид.

Ба назари мо, эҷодиёти устодон бояд ба ҷавонон намунаи ибрат бошад. Ончунон, ки Соиби Табрезӣ мефармояд:

Пойи адаб зи пайравии собиқон макаш,

Дар сол ҳар ки аз ту бувад пеш, пири туст.

Пешрафту дигаргуниҳои сарзамини азизамон, ки бо шарофати хизматҳои бемисли фарзанди фарзонаи халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадаанд, мавзӯъҳои тоза ба тозаро барои ҳар эҷодкоре, ки ҳунаре дорад ва дилаш саршори меҳру муҳаббати диёр аст, пешниҳод менамояд. Пешвои миллат дар суханронии худ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» барҳақ онро «мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои наслҳои Ватан» арзёбӣ намуданд. Инак, НБО-и «Роғун», нахустин зафари фотеҳони ининшооти азими ватанӣ ва корномаи онҳо мавзӯъест, ки беҳтарин ва болотарин шеър барои шоир ва тозатарин оҳангу суруд барои оҳангсозу сарояндагон хоҳад буд, зеро суруд агар аз умқи дил садо диҳад, воқеан ҳам ба дилҳо роҳ меёбад, дилҳоро тасхир менамояд, чашмҳоро рушан мегардонад, рӯҳ мебахшад. Аз ин рӯ, ҳамагон ба он эътимоди комил дорем, ки дар васфу тараннуми воқеаи бузурги аср – гардон шудани чархаи аввалини НБО-и «Роғун» асарҳое офарида мешаванд, ки тӯли қарнҳо ба миллати сарбаландамон хизмат менамоянд.

Умед аст, ки аксари сурудаҳои нав дар васфи Роғун – ин як гӯшаи Ватани азизамон ва дар ситоиши родмардон – бунёдгарони ин ишооти бузурги аср дар саҳнаҳои  «Суруди сол» садо хоҳанд дод.

Ҷамшед ИСМОИЛОВ,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,
раиси Иттифоқи арбобони  санъати Тоҷикистон

Декабрь 11, 2018 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегарданд
Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад