Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ роҳи бастаи деҳаи Хичихи ноҳияи Роштқалъаро дубора боз кард

Декабрь 25, 2018 11:24

ХОРУҒ, 25.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Як сол пеш бар асари сангчарх, тармаву селфароӣ роҳи мошингарди деҳаи Хичихи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баста шуд. Ин деҳа дар баландии 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар ин ҷо зиёда аз 40 хонавода зиндагӣ мекунанд. Баъди баста шудани роҳи мошингард бошандагони деҳа маҷбур шуданд масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯзишворӣ ва маҳсулоти озуқавориро бо хар ва ё пуштора ба манзилҳои худ кашонанд.

Сокини деҳаи мазкур Карамхудо Раҳмихудоев гуфт, ки «ҳамдеҳагон барои ҳалли масъалаи мазкур ба масъулин муроҷиат карданд. Баъди чанд муддат мутахассисони  Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба деҳа омада, пас аз шиносоӣ бо вазъи роҳ ба таъмиру васеъкунии он шурӯъ карданд. Давоми ҳамагӣ як моҳ роҳ на танҳо барқарор, балки аксарияти қитъаҳои душворгузари он васеъ карда шуданд. Ин ба сокинони деҳа имконият дод, ки акнун бе  душворӣ масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти озуқаворӣ ва бахусус маводи сӯзишворӣ, чун ангиштсангу ҳезумро сари вақт захира намоянд».

Бояд гуфт, ки аксарияти сокинони ин деҳа ба чорводорӣ машғул шуда, маҳсулоти ширу гӯштиро дар бозори шаҳри Хоруғ ба фурӯш мегузоранд. Онҳо аз ин ҳисоб  оилаи худро бо маводи зурурии рӯзгор таъмин мекунанд. Баъди баста шудани роҳи мошингард на ҳамаи бошандагони деҳа тавонистанд маҳсулоти худро ба бозор бароранд, ки ин ба иқтисоди оилаҳои зиёд таъсири манфӣ расонид.

Инак бо кумаки Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ҳаёти сокинони ин деҳаи дурдаст ва баландкӯҳ  боз  ба  маҷрои аввала баргашт.

Декабрь 25, 2018 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид