29 январ-Рӯзи сафарбарнамоӣ бар зидди таҳдиди ҷанги ҳастаӣ. Дар Тоҷикистон соли 2020 реактори ядроии «Аргус-ФТИ» танҳо бо мақсадҳои осоишта ба фаъолият шурӯъ мекунад

Январь 29, 2019 16:12

ДУШАНБЕ, 29.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 январ дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи сафарбарнамоӣ бар зидди таҳдиди ҷанги ҳастаӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзи соли 1985 дар пойтахти Ҳиндустон дар вохӯрии роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Ҳиндустон, Юнон, Мексика, Аргентина, Танзания ва Шветсия Эъломияи Деҳлӣ, ки ҳадафаш  нест кардани силоҳи ҳастаӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати халъи силоҳи ҳастаӣ, инчунин паҳн кардани маълумот оид ба бартариҳои нест кардани силоҳи қатли ом мебошад, қабул карда шуд. Мавриди зикр аст, ки оқибатҳои таркишҳои ҳастаӣ, ки  ғайр аз бадбахтӣ ба инсон чизи дигаре намеоранд, ҳам барои кишварҳои алоҳида ва ҳам дар маҷмӯъ барои тамоми сайёра фалокатоваранд.

Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ба ин мушкилоти рӯзафзуни башарият бетараф набуда, ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба манъ будан ва ё тибқи низоми муайян мавриди истифода қарор додани маводи ба чунин силоҳҳо алоқамандро ба тасвиб  расонидааст.  Ҳарчанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ягон намуди силоҳи қатли ом вуҷуд надошта бошад, ҳам вале ба ин нигоҳ накарда, ҷумҳурӣ ҳамаи фаъолиятҳои байналмилалиро дар ин самт ҷонибдорӣ менамояд.

Ҳанӯз 22 сентябри соли 2009  дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ зикр карда буданд:  «Мо ба таҳкими раванди халъи силоҳ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Умедворем, ки дар ҷараёни Конфронси ташреҳии соли 2010 дар миёни иштирокдорони Аҳднома доир ба пешгирии паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ дар атрофи масъалаҳои муҳими татбиқи амалии ин санад мубодилаи ҷиддии афкор сурат хоҳад гирифт. Итминон дорем, ки таъсиси минтақаҳои озод аз силоҳи ҳастаӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аҳамияти бузург пайдо менамояд. Бо дарназардошти ин, Тоҷикистон омода аст доир ба татбиқи амалии муқаррароти Аҳднома дар бораи минтақаи озод аз аслиҳаи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ, ки 21 марти соли 2009 эътибор пайдо кард, фаъолона амал намояд».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимгари давлатӣ доир ба таъмин намудани бехатарии радиатсионӣ таъсис ёфтааст, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар ин соҳа пиёда месозад.

Агентӣ мувофиқи муқаррароти қонуни зикргашта ба навъҳои гуногуни фаъолият, ки ба истифодаи маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ алоқаманданд, иҷозатнома медиҳад. Ҳамчунин меъёр ва қоидаҳоеро, ки ба бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҷисмӣ ва нақшаҳои зиддисадамавӣ, бақайдгирӣ ва назорати маводи ядроию манбаъҳои афканишоти ионофар (МАИ) мансубанд, таҳия ва ба таври муқарраршуда тасдиқ менамояд.   Бо саъю талоши Агентӣ Системаи давлатии қайд ва назорати маводи ҳастаӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар созмон дода шудааст, ки аз ҷумлаи талаботи асосии Созишнома дар бораи татбиқи кафолат вобаста ба Аҳдномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ мебошад.

Дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ соли 2018 дар назди Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази омӯзиши минтақавӣ оид ба пешгирӣ намудани терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва назорати содиротӣ, ки барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор гирифт.

Зимни ифтитоҳи он иштирокдорон зикр карданд, ки чунин марказ дар ҳаёти Академияи илмҳо воқеаи илмӣ ва сиёсӣ ба шумор меравад. Имрӯз тамоми мардуми сайёра эҳтиёҷ дорад, ки бо ҳама гуна яроқҳои қатли ом мубориза барад ва аз гардиши ғайриқонунии он пешгирӣ кунад. Изҳори умед карда шуд, ки марказ ба кормандони  Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ баҳри такмили сатҳи касбии ҳайати шахсӣ дар истифодаи шаклу усулҳои пешгирӣ ва зуд ошкор намудани силоҳи қатли ом, инчунин силоҳи маъмулӣ кумаки назаррас хоҳад расонд.

Дар робита ба ин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки соли 2020  реактори ядроии «Аргус-ФТИ» танҳо бо мақсадҳои осоишта ва дар чорчӯбаи  ташкилотҳои байналмилалӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад. «Фаъолияте, ки бо истифодаи реактори «Аргус-ФТИ» анҷом дода мешавад, он ҳам ба нафъи инсоният ва ҳам барои осоиштагӣ равона мешавад. Яъне ба воситаи он мо метавонем корҳои илмӣ-татқиқотии муштаракро ба роҳ монем. Реактори «Аргус» аввалан самтҳои фаъолияти бисёрҷабҳа дошта, метавонад дар як вақт зиёда аз 40 вазифаи илмиро иҷро кунад. Баъдан, таҳлили фаъолнокӣ асосан барои соҳаҳои геология, саноати кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, тиб, биология ва саноати химиявӣ зарур ва муфид аст, ки мо имрӯз ба он эҳтиёҷ дорем»,-гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Зикр шуд, ки инчунин бо истифода аз реактори «Аргус», ки нурафканиши нейтронӣ дорад, наноплёнкаҳо низ ҳосил намудан мумкин аст. Онҳо дар соҳаҳои нанотехнология, тиб, микробиология ва бахшҳои дигар талаботи зиёд доранд.

Солҳои охир маълум гардид, ки истифодаи реактори мазкур махсусан дар соҳаи тиб хеле муфид аст. Ҳоло бо истифода аз ин реактор усули истеҳсоли радионуклид-изотопҳои молибден-99 ва стронсий-99, ки даври нимкоҳишашон якчанд шабонарӯз мебошад, коркард гардидааст. Ин радионуклидҳо барои ташхиси  барвақтии касалиҳои онкологӣ хеле муфиданд ва дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд доранд.

Дар ин росто, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори таҳқиқотӣ-ҳастаии «Аргус — ФТИ» барои солҳои  2016-2020»  қабул гардидааст. Мақсади асосии он барқарор  ва минбаъд бо мақсадҳои осоишта ба манфиати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон истифода намудани реактори маҳлулии ҳастаии «Аргус — ФТИ» мебошад.

Тибқи барнома, корҳо дар ин самт ҷараён доранд. Дар робита ба ин президенти Академияи илмҳо зикр намуд, ки аллакай теъдоди муайян дар марказҳои ядроии Федератсияи Россия ба таҳсил шурӯъ карда, бомуваффақият онҳоро хатм карда баргаштанд. Дар маҷмӯъ то соли 2021 бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ тақрибан 25 нафар мутахассисон дар ин самт ба курсҳои гуногун фаро гирифта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли 1982 бо мақсади иҷрои вазифаҳои муҳиме, ки дар назди иқтисодиёти Тоҷикистони шӯравӣ меистод, қарор қабул гардид, ки дар ҷумҳурӣ Маркази таҳлилӣ-ядроӣ таъсис дода шавад. Маркази мазкур мебоист корҳои зиёди таҳлилиро, ки барои соҳаҳои гуногуни илм ва хоҷагии халқи кишвар пешбинӣ гардида буданд, ба анҷом расонад. Рушди иқтисодиёти кишвар тақозо менамуд, ки барои пешбурди истеҳсолоти ватанӣ корҳои таҳлилӣ дар самти истеҳсоли моддаҳои тоза, фавқуттоза ва нав, геология, саноати кӯҳӣ, экология ва кишоварзӣ таҳқиқоти таҳлилӣ-ядроӣ ба роҳ монда шаванд.

Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон  дар даврони соҳибистиқлолӣ ба истифодаи технологияҳои муосир сахт алоқаманд мебошад. Вобаста ба ин, ба зиммаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба зудӣ барқарор кардан  ва минбаъд бо мақсадҳои осоишта ба манфиати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон истифода намудани реактори маҳлулии ядроии «Аргус — ФТИ», ки охири солҳои 80-уми асри XX насб гардида, вале корандозӣ нашуда буд, гузошта шудааст.

Зарурати таъмини иқтисодиёт ба чунин навъи корҳои таҳлилӣ боис гардид, ки дар кишвар чунин Маркази таҳлилӣ-ядроӣ дар асоси манбаи афканишоти пурқуввати муосир сохта шавад. Ҳамин тавр дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳо, ки дорои масоҳати зарурӣ ва иқтидори  кадрии мувофиқ буд, реактори маҳлулии «Аргус», ки метавонад дастаи дорои зичии зиёди нейтрониро истеҳсол намояд, васл шуд. Реактори «Аргус» дастгоҳи сода ва хеле дақиқ буда, аз ҷиҳати экологӣ безарар ва барои аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчонидан имконпазир аст.

Мавҷуда АНВАРӢ,
 АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2019 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати корҳои дохилӣ: «Ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед»
Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд