ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: То ҷашни Истиқлолият дар Ҳисор Маркази бузурги савдои «Самоҳ» ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 9.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Маркази бузурги савдои «Самоҳ» ба истифода дода шавад. Дар ин бора Сармеъмори шаҳри Ҳисор Тоҷиддин Шамсуддинов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Маркази савдои «Самоҳ» дар майдони 10 гектар доман густурда, аз ду ошёна ва 17 қисм иборат мебошад. Фармоишгари сохтмони Маркази савдои «Самоҳ» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Самоҳ» мебошад. Масоҳати умумии ин иншооти бузурги савдо 9 ҳазору 963 метри мураббаъро ташкил дода, дорои 450 адад мағоза хоҳад буд.
Ҳамзамон Маркази савдои «Самоҳ» дорои таваққуфгоҳ бо фарогирии беш аз 400 адад нақлиёт мебошад. Алҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот босуръат идома дошта, дар он сохтмончиёну мутахассисон саргарми коранд.
Назар ба иттилои Сармеъмори шаҳри Ҳисор Тоҷиддин Шамсуддинов, корҳои сохтмонӣ дар панҷ қисмати иншооти мазкур ба анҷом расонида шуда, интизор меравад, ки он дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Бояд тазаккур дод, ки чанде пеш муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бархе аз иншооти бунёдшавандаи ин шаҳр, аз ҷумла Маркази бузурги савдои «Самоҳ» шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати босифат бунёд намудани ин иншооти бузурги хизматрасонӣ дастуру супоришҳо дод.
Дар баробари ба истифода додани Маркази савдои «Самоҳ» дар шаҳри Ҳисор се ҳазор нафар бо кор ҷои кор таъмин мегарданд. Алҳол дар бозори «Самоҳ» қариб 1900 нафар соҳибкорон фаъолият доранд. Инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда дар шафати Маркази бузурги савдои «Самоҳ» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба меҳмонон меҳмонхона бунёд карда шавад.
Раванди корҳои бунёкорию созандагӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат дар ҳоле ҷараён дорад, ки се соли оянда- солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидаанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад






