Ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба самти Хуҷанд ва аз ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд
ДУШАНБЕ, 21.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бинобар зиёд гардидани хавфи тармафароӣ тибқи талаботи фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат шурӯъ аз субҳи дирӯз ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз километри 47 (плазаи Ҳушёрӣ) ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе муваққатан боздошта шуд.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, минтақаи осебпазири ин роҳ километрҳои 62- 73 маҳсуб мешаванд, ки дар онҷо низ техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат фаъолият доранд. Баъд аз бартараф шудани тармаҳо ва хавфи тармафароӣ дар ин мавзеъ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт иҷозат дода мешавад. Ҳамчунин Далери Абдулло иброз дошт, ки «ситоди муштарак аз ҳисоби кормандони ширкат ва вазоратҳои нақлиёту корҳои дохилӣ дар ин масир барои назорати роҳ фаъолият дорад. Айни замон роҳбарияти филиали Ширкат дар километри 62- юм қарор доранд ва доир ба ҳолати роҳ маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад».
Мавриди зикр аст, ки дар минтақаҳои Зарафшон ва Суғд роҳ аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард шуда, дар ин минтақаҳо роҳандозии ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст. Масъулин аз ронандагон даъват ба амал меоранд, ки қарори ширкатро дуруст дарк кунанд, зеро маҳдуд кардани ҳаракат ба амнияти худи онҳо рабт дорад.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






