Бек Қурбонзода: «Соҳибкорон барои саҳм гузорӣ дар рушди маҳал ҳавасманд мегарданд»
ДУШАНБЕ, 29.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мақсади Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фароҳам овардани шароит барои рушди маҳал, таҳкими низоми идоракунии маҳаллӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (минбаъд — идоракунии маҳаллӣ) оид ба масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал ҷиҳати ноил гардидан ба пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Ин нуктаро муовини аввали раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бек Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт.
«Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 Раиси Кумитаи рушди маҳал ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъйин гардида, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар оид ба бунёди 268 иншооти иҷтимоии гуногун дар маҳаллаҳои шаҳр таҳия гардидааст. Ин нақша бо қарори Маҷлиси вакилони шаҳри Бохтар тасдиқ карда шуда, бунёди иншоот идома дорад»,-афзуд Бек Қурбонзода.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита баҳри фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар маҳалҳо, баррасӣ ва амалисозии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ вобаста ба таҳлили хусусиятҳои хоси ҳар як минтақа, захираҳои табиӣ ва инсонӣ, иқлим ва шароити ҷойгиршавии онҳо дар назар дошта шуда, ҳамкорӣ бо мақомоти масъул ташкил карда шудаанд.
«Дар таҳияи пешниҳодҳо аҳамияти хосса ба иҷрои супоришҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Кумита барои иҷрои он масъул аст, ҷиҳати ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорон дар маҳал дода шуд»,- баён дошт мавсуф.
Гуфта шуд, ки аз ҷониби Кумита ҳавасманд гардонидани соҳибкорон бо фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва иттилоотонии онҳо ба роҳ монда шуда, мукофотонидани онҳо бо мукофотҳои соҳавии вазорату идораҳо ташкил карда мешавад.
«Ин ташаббус метавонад «Саҳм дар соҳаи рушди маҳал» ва амалигардонии пешниҳодҳоро барои ҷалби соҳибкорон ба корҳои ободонию бунёдкории таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, ташкили корҳои ободонию бунёдкорӣ ва тасдиқ намудани он дар маҷлиси вакилони шаҳру ноҳия мусоидат намояд»,- илова намуд Бек Қурбонзода.








Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд






