БОЗ «ПАРАСТУ» МЕОЯД. Бо мақсади рушди драматургияи миллӣ ва санъати театрӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ баргузор мегардад

Январь 18, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 18.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 80–солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов аз 15 то 22 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ  «Парасту — 2019» баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Фестивал-озмун бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.

Ба Фестивал-озмун бояд намоишҳои беҳтарине пешниҳод шаванд, ки тӯли солҳои 2017-2018 аз ҷониби театрҳои касбии ҷумҳурӣ рӯи саҳна омадаанд.

Январь 18, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид