Чемпионати Осиё: дастаи мунтахаби Баҳрайн дар даври охир ғолиб гардид

Январь 15, 2019 13:32

ДУШАНБЕ, 15.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Баҳрайн дар бозии ҷамъбастии гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Ҳиндустонро бо натиҷаи 1:0 мағлуб намуда, масъалаи ба даври минбаъда баромаданро ҳал кард. Ин дар ҳоле рух дод, ки то дақиқаи 90-уми вохӯрӣ ҳисоб баробар буд. Аловиддин БӮРИЕВ   шарҳ медиҳад.

Шоми дирӯз бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футбол дар гурӯҳи «А» ба анҷом расиданд. Дар як вақт дастаҳои мунтахаби Амороти Мутаҳидаи Араб бо Таиланд ва Ҳиндустон бо Баҳрайн дар варзишгоҳҳои “Ҳазза бин Зайд Стедиум”-и шаҳри Алайн ва “Шарҷа Стедиум”-и шаҳри Шарҷаи АМА ба ҳам қувва санҷиданд. Дар ин  гурӯҳ  ҳамаи дастаҳо то дақиқаи охирини бозӣ имконияти баробари ба сабқатҳои 1/8-ниҳоӣ роҳхат гирифтанро  доштанд.

Дар вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Ҳиндустон то дақиқаи 90 ҳисоб кушода нашуд. Аммо дар натиҷаи вайрон кардани қоида дар майдони назди дарвоза довари ӯзбекистонӣ  Илгиз Танташев ба дарвозаи дастаи Ҳиндустон зарбаи 11-метра таъйин кард ва онро Ҷамол Рашид ба нишон расонд. Ҳисоби 1:0 дастаи мунтахаби Баҳрайнро аз зинаи 4-ум ба ҷои 3-юм баровард ва ин даста муборизаро барои Ҷоми миллатҳои Осиё идома медиҳад. Дастаи Ҳиндустон, ки аз оғоз дар ҷои аввал ва баъдан дар зинаи дуввум буд, Чемпионатро тарк мекунад.

Бозии байни дастаҳои мунтахаби АМА ва Таиланд бо нишондоди 1:1 ҷамъбаст гардид. Тӯбҳоро Алӣ Аҳмад Мабҳут (7, АМА) ва Ситипан Пуангчан (41, Таиланд) ба дарвоза заданд.

Дар натиҷа аз гурӯҳи «А» се даста –АМА, Таиланд  ва Баҳрайн тавонистанд ба бозиҳои марҳилаи плей-офф роҳхат гиранд.

Имрӯз дар идомаи даври охирини бозиҳо дар гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби Австралия бо Сурия ва  Фаластин бо Урдун вориди майдон мешаванд.

Январь 15, 2019 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд