Дар Муъминобод барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ 68 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷарима баста шуданд

Январь 2, 2019 10:44

МУЪМИНОБОД, 02.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи  Муъминобод баҳри пешгирии  бемориҳои сироятӣ, назорати тозагии муҳити зист, ҳолати санитарии муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ, коммуналӣ, савдо, хӯроки умумии шахсию  давлатӣ, пешгирии заҳролудшавӣ   ва дигар бемориҳои сироятӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳои муайянеро ба сомон расонида истодаанд.

Тавре директори марказ Сафаралӣ Назаров  иттилоъ дод, баҳри муташаккилона бурдани назорати  давлатии санитарӣ  дар самтҳои мазкур  нақшаю тадбирҳои солона нисбат ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, бемориҳои ба воситаи эмгузаронӣ идорашаванда, тропикӣ ва зардпарвин амалӣ мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Муъминобод дар 11 моҳи соли гузашта аз 555 нуқтаҳои таҳти  назорат дар 242-тоаш  санҷиш гузаронид. Дар ин давра аз ҷониби масъулини марказ 18 санҷиши муштарак  дар якҷоягӣ  бо сохторҳои назоратӣ, аз ҷумла бо намояндагони прокуратура ва  ШВКД   дар бораи бехатарии  маҳсулоти хӯрокворӣ  ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон  гузаронида шуданд. Дар натиҷа  562 кг  маҳсулоти  хӯроквории пастсифат  ва муҳлати истеъмолашон гузашта, инчунин  228 дона бозичаҳои кӯдаконаи ба талаботи  қоидаҳои  меъёрҳои  санитарӣ  ҷавобгӯ набуда  аз савдо боздошта шуданд, ки  маблағи умумии онҳо 6174  сомониро дар бар мегирад.

Гуфта мешавад, ки  барои риоя накардани  қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ  нисбат ба 68 нафар  шахсони воқеию ҳуқуқӣ  санадҳои  ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ  тартиб дода шуда,  ба маблағи 7000 сомонӣ ҷарима баста шуданд.

 

Январь 2, 2019 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд