Дар таътили зимистона таваҷҷуҳи хонандагон ба китобу китобхона бештар шудааст

Январь 9, 2019 13:25

ДУШАНБЕ, 09.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии  ҷумҳурӣ имсол 10 рӯз таътили зимистона муқаррар гардид, ки ҳоло дар арафаи   анҷомёбист. Барои пурсамар ва бофароғат гузаштани   таътили зимистона бештари хонандагон ба китобхонаҳо омада, бо хондани китобҳои шавқовар дониши худро сайқал медиҳанд

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳафтаи  охир ба шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки махсус ба гурӯҳи хонандагони мактабӣ тааллуқ дорад, беш аз 900 нафар хонанда омаданд. Қариб 300 нафари онҳо бори аввал ба узвияти  Китобхона ё шуъбаи кӯдакон ва наврасон пазируфта шуданд. Ба гуфтаи сардори шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ Назира Толибова, ба ҳисоби миёна дар як рӯз то 200 нафар хонанда ба шуъба  меоянд ва дархости якҳафтаинаи  онҳо 1800   адабиётро дар бар мегирад.

Назира Толибова мегӯяд, ки таваҷҷуҳи хонадагон назар ба солҳои қаблӣ нисбат ба китобу китобхона хеле боло рафтааст. Мавсуф зикр кард, ки  хонандагони шуъбаи кӯдакон ва наврасон дар баробари мутолиаи китоб ба барномаҳои дарсию бозиҳои мантиқие, ки дар компютерҳои шуъба насб гардидаанд, машғул мешаванд.

Ба иттилои сардори шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, дархости хонандагон асосан аз адабиёти бадеӣ, аз ҷумла асарҳои  Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сайидои Насафӣ, Убайд Раҷаб, Ҳаким Саноии Ғазнавӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷаева ва китобҳои «Чигӯяк», «Афсонаҳои халқи тоҷик», «Донишномаи кӯдакон ва наврасон», «Чистонҳо»  ва дигарон иборат мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба он, ки дар ҷумҳурӣ Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар фаъолият мекунад ва хизматрасонии он ба хонандагони синни мактабӣ равона шудааст, Назира Толибова омили таваҷҷуҳи бештари хонандагони хурди мактабиро ба ин шуъба аз шароити муосир, дастрасии адабиёти тозанашр, баргузории барномаҳои таълимӣ ва ҳар гуна озмунҳои шавқовар медонад.

Ба андешаи ӯ, мафҳили «Ҳамешабаҳор»-и шоир Хайрандеш, ки дар он наврасони навқалам фаъолияти эҷодии худро такмил медиҳанд, яке аз дигар омилҳои ҷалби таваҷҷуҳи хонадагон ба шуъба гардидааст.  Ҳамзамон дар китобхона шуъбаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаъолият дошта, шуъбаи кӯдакон ва наврасон онро бо адабиёти хориҷӣ таъмин менамояд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Январь 9, 2019 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад