ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАВО САРД ХОҲАД ШУД. Агентии обуҳавошиносӣ доир ба сардиҳои дарпешистода ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 25.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 27 январ вобаста ба соф шудани ҳаво дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ шиддатноктар шудани сардии ҳаво дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар робита ба чунин вазъи ҳаво дар шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ яхбандӣ боқӣ мемонад.
Дар минтақаҳои кӯҳӣ эҳтимоли шабона то 15-20 дараҷа сард шудани ҳаво дар назар аст. Ҳаво дар ғарби ВМКБ 20-25 дараҷа, дар шарқи ин вилоят 31-36 дараҷа (дар минтақаи Булункӯл то 50 дараҷа ) сард хоҳад шуд.
Дар бисёр минтақаҳо ҳаво рӯзона аз 5 то 10 дараҷа ва дар минтақаи шарқии ВМКБ то 13-18 дараҷа сард мешавад.








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






