«ДАСТ БА ДАСТ ДОДАВУ ПАЙМОН СОЗЕМ!..». Муроҷиатномаи олимони тоҷик ба мардуми сарбаланди Бадахшон

Январь 14, 2019 13:23

ДУШАНБЕ, 14.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми Тоҷикистон имрӯзҳо аз баракати Истиқлолияти давлатӣ  ва сулҳу ваҳдати сартосарӣ  дар фазои озод софдилона фаъолият намуда, таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар зарфи 27 сол ба дастовардҳои назаррасу бебаҳо мушарраф гардидаанд. Саҳми сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ  дар ин дастовардҳо назаррас аст, онҳо дар самти созандагиву ободкорӣ ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд. Дар робита ба ин ба АМИТ «Ховар» муроҷиатномаи як гурӯҳ олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст, ки дар он  чунин омадааст:

«Сокинони кишвари соҳибистиқлоламон хуб медонанд, ки барои расидан ба ин дастоварди нек мо чӣ гуна рӯзҳои сахту мудҳишро аз сар гузаронидем ва чандин сол заҳмат кашидем. Баъди паси сар кардани мушкилоти зиёд бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ имрӯз дар фазои ваҳдату якдилӣ, сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар Ватани муқаддасамон умр ба сар мебарем. Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар як давлату миллат буда, омили асосии рушду тараққӣ ва заминасози ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.

Истиқлолияти сиёсӣ озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф, қудратмандӣ ва яке аз рукнҳои асосии ҳар як давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта,  дар баробари дигар равандҳои ҷомеа ниёз ба ваҳдати миллӣ ва амнияти дохилию хориҷӣ дорад. Тоҷикистони соҳибистиқлол  дар зарфи ду даҳсолаи охир ба комёбиҳои беназир ноил гардид, ки зиёда аз 150 мамлакати ҷаҳон онро ба расмият шинохтаву эътироф намуданд. Ҳамаи ин муваффақиятҳо тавассути сулҳу субот, истиқлолияту ваҳдат ва хизматҳою ҷонбозиҳои бесобиқаи роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайвастанд.

Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, ки дар шароити ниҳоят пуртазоду ҳассоси ҷаҳони муосир бо саъю талоши аҳлона обрӯю нуфузи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ  баланд бардорем. Ҳамзамон дар ин раванд муваззафем, ки ба қадри давлати соҳибистиқлолу озоду соҳибихтиёр ва Ватани ягонаву беназиру дорои қуллаҳои осмонбӯс, ки онро Боми ҷаҳон меномем, расем. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшем ва меҳани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.

Чуноне ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Хушбахтона, мо дар кишвари худ барои сулҳи пойдор ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа заминаи боэътимод гузошта тавонистем, вале агар мо хоҳем, ки мамлакати мо ҳамвора тараққӣ  карда, ба сафи давлатҳои пешқадами дунё ворид гардад, наслҳои ояндаамон зиндагии сазовор дошта бошанд ва аз падару модари худ ба некӣ ёд кунанд, бояд ҳаргиз ба халалдор шудани сулҳу субот роҳ надиҳем ва бақову пойдории давлати миллиро пайваста таъмин намоем. Ин, пеш аз ҳама, аз дилу нияти пок, азму талоши гарм ва меҳнати фидокоронаи тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон вобаста аст».

Эътимоди комил дорем, ки бо изҳори ҳамин ниятҳои нек сокинони  сарбаланду қавиирода ва заҳматқарину ватандӯсти Бадахшон баҳри ваҳдати сартосарӣ ва амнияту осоиштагии кишвари азизамон кӯшиш ба харҷ дода, алайҳи гурӯҳҳои кӯчаки низоъангез якдилона муборизаи беамон мебаранд. Мо вазифадорем, ки дар таҳкими сулҳу субот ва осудагиву пешрафти ҷомеа саҳми шоистаи худро гузорем ва парчами ваҳдати миллиро дар сарзамини азизамон пайваста парафшон нигоҳ дорем. Тавре шоир мегӯяд:

Пас биё, даст ба даст додаву паймон созем,

Дар баду нек ба ҳам будаву даврон созем!

Зикриё АКРАМӢ,
доктори илмҳои таърих,
Юсуфшо ЁҚУБОВ, академик,
Ҳайдаршо ПИРУМШОЕВ,
Лариса ДОДИХУДОЕВА,
Зинатмо ЮСУФБЕКОВА,
Рақиб АБДУЛҲАЕВ,
Абдулло ҒАФФОРОВ,
Фозил АБДУРАШИДОВ,
Татяна ФИЛИМОНОВА»

Январь 14, 2019 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид
Дар Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун дар Тоҷикистон маъракаи хунсупорӣ гузаронида шуд
Дар Женева масъалаи кушодани марказҳои раводиди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ташкил мегардад
Дар Женева ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат баррасӣ гардид