Дастаи мунтахаби наврасони то 17-сола бо «Истиқлол» бозии санҷишӣ барпо кард

Январь 17, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 17.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти байналмилалии «Ҷоми истеъдод-2019»  дастаи мунтахаби то 17-солаи мамлакат бо чемпиони солҳои охири Тоҷикистон -дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии санҷишӣ барпо кард. Мухбири АМИТ «Ховар» мавзӯъро шарҳ медиҳад.

Вохӯрии дастаҳо бо бартарии комили чемпионҳо гузашт. Хатои муҳофизатгари дастаи наврасон -Ҳамадонӣ Камолов дар дақиқаи 14-ум ба он оварда расонд, ки тӯб баъди ба пои ӯ бархӯрдан вориди дарвоза гардид ва ҳисоб кушода шуд. Урош Томовичи серб, ки барои ба ҳайати дастаи «Истиқлол» шомил шудан ба Душанбе омадааст,  баъди шаш дақиқа голи дуюми истиқлолиҳоро ба тӯри дарвоза зад. Ин голи дуввуми Урош дар ҳайати дастаи «Истиқлол» аст. Ӯ дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби олимпӣ низ як гол зада буд. Дар дақиқаи 25-ум ба Рустам Соиров муяссар шуд, ки ягона голи футболбозони наврасро дар ин бозӣ  аз ҷазои 11-метра ба нишон расонад.

Дар нимаи дуввум футболбозони дастаи «Истиқлол» ҳисобро боз ҳам афзуданд. Аввал  Аҳтам Назаров аз зарбаи пеналтӣ (53) ва баъдан Комрон Турсунов (60 ва 87) бо ду голи задааш ҳисобро ба 5 бар 1 расонд ва бозӣ бо ҳамин натиҷа ба анҷом расид.

Камбудиҳо дар бозии наврасон хеле зиёд ба мушоҳида  расиданд. Бозии аҳлонае, ки онҳо дар Чемпионати Осиё нишон дода буданд, ба чашм нарасид. Баръакс, футболбозони нави дастаи «Истиқлол» дар майдон худро хуб нишон доданд.

Муҳимияти ин вохӯрӣ барои сармураббиёни дастаҳои  мунтахаби наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов ва «Истиқлол» Ҳаким Фузайлов аз он иборат буд, ки онҳо имкон ёфтанд барои хеш пеш аз вохӯриҳои байналмилалии “Ҷоми Истеъдод-2019” ва бозиҳои интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё бо дастаи АГМК-и Ӯзбекистон шогирдонашро аз назар гузаронанд ва  ҳайати асосиро интихоб намояд.

Имрӯз дар ҳайати дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозингарони зиёде  аз дуру наздик ҷамъ омадаанд  ва аз назорати мураббиён мегузаранд.

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон пагоҳ ба шаҳри Мински ҷумҳурии Беларус сафар мекунад.

Январь 17, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд