Дастаи олимпии Тоҷикистон дастаи мунтахаби Қатарро мағлуб намуд

Январь 21, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 21.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  мунтахаби  то  23-солаи   олимпии Тоҷикистон  оид ба футбол дар мусобиқаи «Чор миллат», ки дар пойтахти  кишвари Қатар — шаҳри Доҳа ҷараён дорад, мизбони мусобиқаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаи дидори мазкурро нимҳимоятгари бошгоҳи «Барқчӣ» Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 37-ум ба ҳадаф расонид. Мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  мавзӯъро   шарҳ медиҳад.

Бояд зикр кард, ки  дар ин бозии ҷолиб  ҳар ду даста бо ҳайати кам бозӣ карданд. Дар дақиқаи 61-уми вохӯрӣ  барои рафтори ғайриварзишӣ капитани дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе ва дар дақиқаи 80-ум ҳимоятгари дастаи Қатар Илёс Аҳмад Алӣ барои зарба ба ҳариф аз майдон ронда шуданд.

Дар бозии дигари мусобиқаи «Чор миллат»  дастаи  мунтахаби олимпии Эрон ба дарвозаи дастаи  мунтахаби  Кувайт 5 голи беҷавоб зад.

Сармураббии дастаи мунтахаби  то  23-солаи   олимпии Тоҷикистон  Усмон Тошев андешаҳояшро баъд аз бозӣ чунин баён кард: «Бозӣ аз ҷиҳати интизом бисёр хуб гузашт. Дар хати дифоъ даста баробар бозӣ кард. Он чи ки ман аз бачаҳо хостам, онҳо иҷро карданд. Монда шуданд, аммо то охир талош намуданд. Фикр мекунам, мо ба роҳи дуруст рафта истодаем. Мутаассифона, дар аввали нимаи дуюм ба Эҳсони Панҷшанбе корти нодаркори сурх нишон дода шуд. Ҳариф бо даст бозӣ кард ва Эҳсон бо довар баҳс намуд, бояд худро идора мекард. Ба бачаҳо офарин, 10 нафар бозӣ карданд ва дар ҳуҷумҳои ҷавобӣ лаҳзаҳои хуб ба миён оварданд. Ба фикрам бозингарон капитанашонро дастгирӣ карданд ва хатои ӯро ҷуброн намуданд».

Ёдовар мешавем, ки  дар даври аввал- 15 январ  дастаи  мунтахаби олимпии Тоҷикистон дастаи мунтахаби олимпии Эронро бо ҳисоби 2:1, Қатар дастаи мунтахаби  Кувайтро бо ҳисоби 3:1 шикаст доданд.

Акнун дар даври ҷамъбастӣ дастаи   мунтахаби олимпии Тоҷикистон  бо дастаи мунтахаби олимпии Кувайт вориди майдон мешавад. Ин вохӯрӣ  шоми  имрӯз, 21 январ, соати 19:30 бо вақти Душанбе оғоз мегардад. Дар ҳамин  рӯз дастаҳои мунтахаби олимпии Қатар ва Эрон бо ҳам бозӣ мекунанд.

Хотиррасон мекунем, ки иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» дар Қатар як марҳилаи омодагии дастаи  мунтахаби  то 23-солаи олимпии Тоҷикистон   ба мусобиқаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26 март дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон доир мегардад, ба ҳисоб меравад.

Дастаи  мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои баромадан ба марҳилаи финалии чемпионат дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои  мунтахаби олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) бозӣ мекунад.

Январь 21, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад