Имрӯз Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати адлия, Хадамоти алоқа ва Вазорати кишоварзӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Январь 28, 2019 08:18

ДУШАНБЕ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 январи соли равон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва КВДҶ  «Тоҷикагролизинг» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Вазорати адлия соати 09:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар», Хадамоти алоқа соати 11:00 дар толори  Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар», Вазорати кишоварзӣ, КВДҶ «Тоҷикагролизинг», Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзӣ ва нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 16:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баргузор мегарданд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 223-10-98, 888-08-34-04).

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Январь 28, 2019 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар