Композитори ҷавони тоҷик дар Озмуни байналмилалӣ ғолиб гардид
ДУШАНБЕ, 8.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Композитори ҷавони тоҷик Соҳибҷон Ҳасанов дар Озмуни V байналмилалии «Зебоӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷод», ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҷараён дорад, сазовори ҷойи аввал гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов иттилоъ дод, озмуни мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги кишвари Краснодари Федератсияи Россия баргузор гардида истодааст.
Ҳадаф аз баргузории Фестивал — Озмун мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангӣ байни давлатҳо, ташаккули истеъдодҳо, рушди соҳаи фарҳанг, навоварӣ, инчунин омӯзиши самтҳои нави малакаи бадеӣ-эҷодии композиторони ҷавон ва навозандагону гурӯҳҳои эҷодӣ- касбӣ мебошад.
Озмун аз рўи номинатсияҳои санъати овозхонӣ, санъати иҷрокунандагӣ, санъати рақс, санъати рассомӣ, санъати эстрадаю сирк ва Озмуни «Композитори ҷавон» доир гардида, дар бахши Озмуни «Композитори ҷавон» намояндаи Тоҷикистон Соҳибҷон Ҳасанов ғолиби ҷойи аввал гардид.
Ёдрас мешавем, ки Соҳибҷон Ҳасанов хатмкунандаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев буда, айни ҳол тибқи бурсияи таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши сеюми факултаи композитории Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Краснодар таҳсил менамояд. Номбурда шогирди яке аз композиторони маъруф, Раиси Иттифоқи композиторони кишвари Краснодар, Арбоби ҳунари Россия профессор Чернявский Владимир Андреевич мебошад.








Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд






