Маркази миллии тестӣ: соли сипаригардида 60 ҳазору 701 нафар сазовори унвони донишҷӯ гардиданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаришуда наздик ба 90 ҳазор довталаб тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳон супориданд. Ин нуктаро Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ имрӯз зимни нишастӣ матбуотӣ баён намуд.
Ба гуфтаи Хуршед Икромӣ, шумораи довталабоне, ки соли 2018 ба озмуни тақсимот роҳ ёфтанд, 70 ҳазору 822 нафарро ташкил дод.
«Ин рақам ба 79,3 %-и довталабони дар имтиҳонҳо иштироккарда баробар буда, нишондиҳандаи мазкур аз холҳои гузариши фаннии ҳар сол муқарраршаванда вобастагӣ дорад», — илова намуд мавсуф.
Саволе ба миён меояд, ки соли 2018 чанд нафар довталабон унвони донишҷӯиро соҳиб шуданд? Хуршед Икромӣ дар посух ба он чунин гуфт: «Тибқи натиҷаҳои 2 озмуни тақсимот соли сипаригардида аз шумораи умумии довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфта ҳамагӣ 60 ҳазору 701 нафарашон сазовори номи донишҷӯ гардиданд».
Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 таъсис ёфта, мақсади асосии он шаффоф гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мебошад.








Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд






