Олими тоҷик бо Нишони сарисинагии «Барои хизматҳои шоиста дар рушди илми Ҷумҳурии Қазоқистон» сарфароз гардид
ДУШАНБЕ, 09.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Олими тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ҳайати мушовараи АМИТ «Ховар» Зикриё Акрамӣ бо Нишони сарисинагии «Барои хизматҳои шоиста дар рушди илми Ҷумҳурии Қазоқистон» сазовор гардид. Нишонро дар яке аз конференсияҳои байналмилалӣ дар Қазоқистон Вазири маориф ва илми ин кишвар дар фазои тантанавӣ ба намояндаи Тоҷикистон супорид.
Профессор Зикриё Акрамӣ аз миёни директорони институтҳои таърихи Осиёи Марказӣ нахустин роҳбарест, ки бо чунин нишон қадрдонӣ мегардад. Номбурда 166-умин нафарест, ки сазовори чунин нишон гардидааст.
Директори Институт Зикриё Акрамӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иброз намуд, ки ин қадрдонӣ барояш ғайричашмдошт буд. Ба нақли мавсуф, соли гузашта як гурӯҳ олимони таърихшиноси Ҷумҳурии Қазоқистон якҷо бо ҳайати калони эҷодии шабакаи телевизиониии «ТВ Қазоқистон» ба Тоҷикистон омаданд. Мақсади сафарашон таълифи силсилафилми «Тамаддуни Осиёи Марказӣ» буд.
«Ин филм таърихи тамаддуни Осиёи Марказиро аз қадим то асрҳои миёна дар бар мегирад. Маро ба ҳайси мушовири илмӣ дар таълифи ин филм даъват намуданд, то ба онҳо барои навор гирифтани он кумак расонам. Филм тақрибан аз 17 серия иборат аст. Дар таҳияи сенарияи филм низ саҳм гузоштем, яъне баъди шинос шудан бо сенария ба он таклифу пешниҳодҳо ворид карда шуданд. Дар яке аз ин серияҳо саҳифаҳои таърихи дурахшони халқи тоҷик муаррифӣ шудаанд, ки онро банда шарҳ медиҳам»,-гуфт З. Акрамӣ.
Ин олими тоҷик дар як зумра конфронсу симпозиумҳои байналхалқӣ оид ба таърихи мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз қадим то имрӯз, инчунин масъалаҳои ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои ин давлатҳо маърӯзаҳои илмӣ намуда, таърихи мардумони онро дар миқёси байналхалқӣ муаррифӣ намудааст.
«Дар айни ҳол бо иштироки бостоншиносони тоҷику қазоқ корҳо дар самти бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Роҳи абрешим ҷараён доранд. Чандин маротиба кормандони Институт ба Қазоқистон ва олимони қазоқ ба Тоҷикистон сафар карданд. Онҳо он ёдгориҳоеро, ки дар Роҳи абрешим ҷойгиранд, пайваст намуда, таърихи муштараки ин халқҳоро навишта истодаанд. Инчунин дар самти омӯзиши таърихи этникии қазоқон дар Тоҷикистон ва тоҷикони Қазоқистон аз ҷониби олимони ҳарду давлат як зумра корҳои илмӣ дар арафаи анҷом қарор доранд»,-гуфт директори Институт Зикриё Акрамӣ.








Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад






