«ҶОМИ РУШД-2019»: дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон имрӯз бо Исландия қувва месанҷад

Январь 28, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 28.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019», ки дар Минск ба анҷом мерасад, муборизаро барои зинаи панҷум идома дода, имрӯз бо дастаи мунтахаби наврасони Исландия қувва месанҷад.

Дар бозии рӯзи гузашта футболбозони тоҷик дастаи мунтахаби Булғорияро мағлуб карданд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Доварон барои муайян кардани ғолиб ба силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ рӯ оварданд. Дарвозабони дастаи мунтахаби мамлакат Мӯҳриддин Ҳасанов бо маҳорати олӣ ду зарбаи рақибонро баргардонд ва дастаи Тоҷикистон бо натиҷаи 4:3 пирӯзӣ ба даст овард.

Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Беларус ва Исроил, инчунин барои ишғоли зинаи сеюм Гурҷистон ва Словакия бо ҳам қувва месанҷанд.

Ширкат варзидан дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) яке аз марҳилаҳои  омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад. Он аз 5 то 27  октябр дар Перу баргузор мегардад.

Мусобиқаи байналмилалӣ «Ҷоми рушд-2019» байни наврасон (U-17) дар Минск

Мусобиқа барои ҷойҳои  5-8-ум

Булғория  – ТОҶИКИСТОН – 1:1. Аз зарбаҳои пеналти – 3:4

Голҳо: Рустам Соиров, 64 (0:1). Крастев, 70 (1:1).

Булғория: Георгиев, Пемперски, Статев (Боянов, 76), Сораков (Папазов, 58), Крастев, Тсончев (Мавродиев, 67), Николов (к), Калинов (Пенелов, 76), Бучков, Бакалов, Христов.

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарифов, Исроил Холов, Озодбек Пандҷиев (Шуҳрат Элмуродов, 56), Амадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Ислом Зоиров, Рустам Соиров.

26 январ. Минск.

 Белгия – Исландия – 2:4

 Бозӣ барои ҷойҳои  9-12-ум

Литва – Молдова – 0:3

Финляндия – Украина – 2:1

 Бозии нимниҳоӣ

Беларус – Гурҷистон – 3:0

Словакия – Исроил – 0:0. Аз зарбаҳои  пеналти – 4:5

28 январ  (душанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои  5-6-ум

Исландия – ТОҶИКИСТОН

 Бозӣ барои ҷойҳои  11-12 -ум

Литва – Украина

 Бозӣ барои ҷойҳои  9-10-ум

Молдова – Финляндия

 Бозӣ барои ҷои  7-8-ум

Белгия – Булғория

 Бозӣ барои ҷойҳои  3-4-ум

Гурҷистон – Словакия

Финал

Беларус – Исроил

Январь 28, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад