Пагоҳ дар вилояти Хатлон ҷашни Сада таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 11.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 12 январ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни Сада намоиши вилоятӣ баргузор мегардад.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар намоиш намояндагони тамоми шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзида, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба тамошои сокинон ва меҳмонони шаҳр мегузоранд.
Ҳамзамон ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов барномаи рангин омода кардаанд. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба пешқадамони соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ба рўзноманигорон барои инъикоси масоили кишоварзӣ дар вилоят туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.








Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад






