«Рафоат Абдусаломова ва 60 соли фаъолияти телевизиони Тоҷикистон»-маҳфил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Январь 19, 2019 11:55

ДУШАНБЕ, 19.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Ин навбат меҳмони маҳфили «Дар суҳбати соҳибдилон»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки ба хонандагону дӯстдорони каломи воло моҳе як маротиба суҳбати адибону нависандагон ва ҳунармандону собиқадорони касбҳои гуногуни ҷумҳуриро пешниҳод мекунад, ававлин наттоқи Телевизиони Тоҷикистон Рафоат Абдусаломова буд.

Рафоат Абдусаломова ба ҳозирин аз ҳаёту фаъолияти пурсамари хеш ва рӯзҳои аввали ба фаъолияти телевизион шурӯъ намуданаш нақл намуд. Аз ҷумла, наттоқи варзидаи телевизиони тоҷик, «Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон» аз хотироти иштирок дар нахустин барномаҳои телевизионӣ чунин ибрози назар кард: «Соли 1959 нахустин барномаи телевизиони тоҷик пахш гардид. Ба ман муяссар шуд, ки барномаи аввалинро ба бинандагон пешкаш намоям. Ва саломи аввалин низ маҳз аз ҷониби ман ба бинандагон гуфта шуда буд. Агар ман даҳ сол ба ҳайси наттоқ кор карда бошам, боқӣ сӣ соли дигар ҳамчун эҷодкор дар телевизион фаъолият намудаам. Лекин то имрӯз ҳар ҷое маро бинанд, ана наттоқ гуфта муроҷиат мекунанд. Ман аз ин муроҷиат ифтихор мекунам».

Бояд гуфт, ки дар даврони Шӯравӣ аввалин барномаи телевизиони Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 нашр шудааст, ки гӯяндаи он Рафоат Абдусаломова буда, нашри хабарҳоро қироат намуд. Дар паи он филми бадеии «Чароғе дар кӯҳсор» пахш гардид.

3 октябри соли 2019 ба фаъолияти Телевизиони Тоҷикистон 60 сол пур мешавад.

Дар маҳфил ҷамъе аз суханварон, донишмандон, ҳунармандон, ҳамкорону шогирдони Рафоат Абдусаломова ширкат намуданд. Нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори маъруф Бахтиёр Муртазоев, журналистон ва наттоқони шинохтаи телевизион Баҳром Сайфиддинов, Гавҳар Умарова, Мусаллама Мухторова, Эмомалӣ Тоҳиров, Шавкат Муҳаммадиев, Мунаввара Усмонова, Моҳрухсор Сафиева аз зумраи меҳмононе буданд, ки зимни сухангӯӣ дар бораи Рафоат Абдусаломова аз солҳои ҳамкорӣ бо ӯ, маҳорату истеъдод ва барномаҳои ҷолиби мавсуф нақлҳои шавқовар карданд.

«Бояд гуфт, ки имсол ба таъсиси Телевизиони Тоҷикистон 60 сол пур мешавад ва аввалин бонуе, ки «Инҷо Сталинобод» гуфта, бахши хабариро оғоз намуд, Рафоат Абдусаломова мебошад»,- зикр дошт зимни суҳбат бо мо наттоқи собиқадори телевизиони тоҷик Эмомалӣ Тоҳиров. Мавсуф гуфт, ки Рафоат Абдусалова устоди ҳамаи кормандони соҳаи телевизион, бахусус наттоқон мебошад. «Ман ҳанӯз 8-сола будам, ки муаллима дар телевизион баромад мекарданд. Ва тақдирро бинед, ки бо гузашти замон ман ҳам ба телевизион омадаму бо муаллима якҷо кор мекардем. Хушбахтона, бо Рафоат Абдусаломова солҳои зиёд дар телевизион кор карда, ҳамеша аз кумакҳои ӯ дар таҳияи гузоришу барномаҳо бархурдор будам. Он кас имрӯз давлати пирӣ меронанд ва бешубҳа, муаллима хазинаи тиллоии зиндаи телевизиони тоҷик ҳастанд»,- қисса кард Эмомалӣ Тоҳиров.

Эмомалӣ Тоҳиров, яке аз чеҳраҳои шинохтаи телевизиони тоҷик зикр кард, ки нақши телевизион дар ҷомеа басо муҳим ва дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол назаррас аст. Мавсуф гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи телевизион таваҷҷуҳи хосса дорад ва ҳамин аст, ки аз он рӯзгор то ба имрӯз беш аз 8 шабакаи нави телевизионии муҷаҳҳаз бо шароиту имконоти муосир ва гузаштан ба пахши сифатан нави барномаҳо бо фармати HD мавриди истифода қарор дода шудааст. Ба андешаи Эмомалӣ Тоҳиров, «агарчӣ дар телевизионҳои мо наттоқони хуб ҳастанд, вале ман мехоҳам онҳо аз болои худ кор кунанд. Бо як ахбор хондан иктифо накунанд, ин танбалӣ аст. Бо шароиту имконият ва он фазое, ки имрӯз дар телевизионҳои мо муҳайёст, бояд беҳтарин барномаҳоро таҳия кунанд. Мутаассифона, ана ҳамин маҳоратро дар фаъолияти наттоқон намебинам».

Муаллиф ва барандаи барномаи «Кошона»-и Телевизиони Тоҷикистон Мусаллама Мухторова яке аз шогирдони Рафоат Абдусалова мебошад. Мавсуф зимни суҳбат бо мо гуфт, ки «ифтихор аз он дорам, ки ҳангоми фаъолият дар телевизион нозукиҳои касби наттоқӣ ва таҳияи барномаҳоро аз Рафоат Абдусаломова омӯхтаам. Муаллима Рафоат Абдусаломова ҳамеша таъкид мекарданд, ки тақлид накунед, ҳар яки шумо бояд овози худатонро дошта бошед. Во бори нахуст маро ба барномаи «Дугонаҳо» таклиф намуд, то ҳамроҳашон барнома барем. Маҳз даъвати он кас буд, ки банда барномаи «Бону»-ро таҳия сохтам».

Мавриди зикр аст, ки 3 октябри соли 1959 нахустин барномаи санҷишии Телевизиони Тоҷикистонро Рафоат Абдусаломова ба забони тоҷикӣ ба тамошобинони оинаи нилгун пешкаш намудааст. Аз соли 1961 (45 сол) дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шуъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ кор карда, баҳри рушду нумўи теле­визиони тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.

Рафоат Абдусаломова – наттоқи дараҷаи олӣ буда, аз соли 1989 Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон мебошад. Мавсуф бо барномаҳои телевизионии «Дугонаҳо», ки солҳои 1970-1985 пахш мегардид, барномаҳои «Гулдаста», «Ватан ва фарзандон», «Муҳаббат ва оила», «Гулдухтарон», «Дилафрӯз» миёни тамошобинон маҳбубияти хосса дорад.

Рафоат Абдусаломова солҳои зиёд наттоқи барномаҳои хосса барои телевизиони Москва ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ буд. Мавсуф бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, нишони сарисинагии «Аълочии телевизион ва радиои СССР» сарфароз гардидааст. Ӯ муаллифи 3 китоб- «Телевизион оинаи зиндагист», «Наттоқ- чеҳраи телевизион», «Телевизион ва психологияи инсон» мебошад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Январь 19, 2019 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд
«Тоҷикфилм» ва Синамогурӯҳи «Ғарб» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Панҷакент Кӯшки суғдӣ кашф гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии «Шабе дар осорхона» доир мешавад
Оҳангсоз аз Эрон: «Шашмақомсароёни тоҷик хеле садои дилнишину оромбахш дошта, дар фосилаҳои садоии созҳои ин жанр бартарӣ доранд»
Дар доираи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дарси маҳорат бо услуби «устод – шогирд» доир шуд
150 номгӯй китоби бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» пешниҳод гардид
«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад
«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барнома доир мешавад