Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов 95 нафар варзишгарони вилоятро қадрдонӣ намуд
ДУШАНБЕ, 15.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони вилоят баргузор гардид. Дар вазъияти тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов ба 95 нафар варзишгарони вилоят ва мураббиён Ҷоиза, сипосномаю ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ тақим намуд.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар дода, зикр карданд, ки дар маросими ҷоизасупорӣ раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, мураббиён ва варзишгарони вилоят, собиқадорони варзиш, соҳибкорон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов роҷеъ ба рушди варзиш ва дастовардҳои варзишгарони вилоят дар соли 2018 сухан гуфта, ба кулли мураббиёне, ки ба тарбияи ҷавонони зодаи истиқлол машғул мебошанд, изҳори сипос намуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки «мояи ифтихор аст, ки тавассути сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш рушду нумӯъ карда, варзишгарони тоҷик ба музаффариятҳои пай дар пай ноил мегарданд. Рушди ҳамаҷонибаи варзиш, обутоби ҷисмонии ҷавонон, хосса наврасону ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои ривоҷ ёфтани ҳамаи намудҳои тарбияи ҷисмонӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо адад варзишгоҳҳо ва майдончаҳои нави варзишӣ ташкил карда шуданд».
Ба андешаи роҳбарияти вилоят, соли 2018 барои варзишгарони вилоят соли дастоварду комёбиҳо ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин сол варзишгарон Хушқадам Хусравов ва Шакармаҳмад Мирмаҳмадов дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойи намоён ва унвони баланд- чемпиони ҷаҳон шуданд. Яне, ҷавонони вилояти Бадахшон кӯшиш намуданд, ки дар қатори дигар ҳамсолонашон Парчами давлатиро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардоранд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 аз ҷониби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Хоруғ боз панҷ майдончаи зебою замонавии варзишӣ бунёд карда мешаванд.
Ба иттилои масъулини соҳаи варзиши ВМКБ, ҳоло дар вилоят 62 иншооти соҳа ва 10 мактаби варзишӣ фаъолият доранд. Соли 2018 варзишгарони вилоят дар 262 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкати фаъолона намуда, сазовори 65 медали тилло шуданд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






